Tagged with Шўҳрат

Мешавад?

Мешавад андӯҳҳоро шодӣ кард? Шодиҳоро сарфи як ободӣ кард? Дар канори боғҳои хотирам, Гулбуни ёди туро шамшодӣ кард? Мешавад ширинии таъми лабат, Вояе дар кулчаи қаннодӣ кард? Дар шамоли ғуссаҳои пойизам, Гандуми зулфи шуморо бодӣ кард. Мешавад бо теғи абрӯи шумо, Бар дили мо ҳамлаю ҷаллодӣ кард! Ҳолиё дар Бесутуни Ширине, Мешавад бо Хусраве фарҳодӣ […]

Ман ошиқи ту

Эй ҳалқаи шодиро нигинам, Аз зумраи беҳи беҳтаринам. Оғози раҳе ба Каҳкашонам, Эй нуқтаи охири Заминам. Эй хандаи баъди гиряҳоям, Ту гиряи ханда дар ҷабинам. Ғам аз ману шодиҳо насибат, Эй дар ғаму шодиҳо қаринам. Ман рози дилам кушоданиям, Эй дилбари нози нозанинам. Ман ошиқи ту, шунав паёмам, Ин ҳарфи аввал ва охиринам!

Эълон

На ҳама ғунча, ки зеби чаман аст, Лоларо ҷой ба дашту даман аст. Ҳар куҷо зиндагӣ хуштар гузарад, Мутмаин бош, ки он ҷо Ватан аст! Дили ошиқ хабар аз ёраш ҳаст, Гар ба Бағдод ва ё дар Яман аст. Кардам эълон, ки канорам холист, Ҷойи як дилбари симинзақан аст. Шеъри ман гимни муҳаббат шудааст, Дар […]

Панҷрӯд

Мешавам бори дигар ман меҳмони Панҷрӯд, Мегирад ором ҷонам дар макони Панҷрӯд. Аз сари Ҷӯи Малик то домани кӯҳи Уффор, Даст дар пеши бар аст пиру ҷавони Панҷрӯд. Рӯдакӣ бигрифта дар каф уд мехонад суруд, Дар бари домони кӯҳи Булбулони Панҷрӯд. Рӯи олам меравам то рўи одам бингарам, Мешавам пазмони рўи одамони Панҷрӯд. Ҳаркӣ боре […]

Ӯву борон

Духтаре, ки дӯст медорам зиёд, Мерасонад бӯйи боронро ба ёд. Ҳар гаҳе аз кӯчамон ӯ бигзарад, Эй Худо, як осмон борон биёд. Гесувонаш чун парешон мекунад, Атри мӯяш бӯйи борон мекунад. Кокулони зериборонмондааш Баъди борон кӯчарӯбон мекунад. Қатраҳо аз оби борони баҳор, Метаровад аз сари зулфаш қатор. Дастафшон карда мегӯяд: — Худо Боз борон бору […]

Ғазали ноумедӣ

Агар гўям, ки ман шеър навиштаам, шояд бовар накунед, вале боре чанд қалам ба даст гирифтаам, то диламро маҳз бо воситаи шеър холӣ кунам. Аз чанд шеърҳои навиштаам беҳтарашро интихоб кардам, то пешкаши шумо гардонам. Медонам, ки шояд ба талаботи шеър ҷавобгў набошад, аммо қудратам ба гуфтани ҳамин маънӣ расидааст ва ман аз он на […]