Дилам аз ман ҷудо инҷост

Ҳушамро бурдаӣ, аммо дилам аз ман ҷудо инҷост.
Ҷафо овардаӣ, аммо сафо ин ҷо, вафо инҷост.

«Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо»*,
Танини нолаҳо ин ҷо, Сарахбори Наво инҷост.

Ман аз деҳи ғазалҳоям, ту аз шаҳри ғизолонӣ,
Бале, ман нек медонам, куҷо он ҷо, куҷо инҷост.

Ҷаҳон бар рӯйи ман хандад ба лабхандат намеарзад,
Сукути лаҳзаҳо бо ту, вале сабри Худо инҷост.

Диламро бурдию акнун сарам аз тан ҷудо инҷост,
Миёни хоку хун ғалтон ту гӯӣ Карбало инҷост.

Биё, бардор таҳримҳо зи рӯйи лутфу эҳсонат,
Агарчӣ Тоҷикистон аст, фазои Амрико инҷост…
© Душанбе. 30.11.2014
________________
* Аз Ҳофиз

Ту паршикастаӣ…

Эй мурғаки дар шохае музтар нишастаам,
Ту паршикастаӣ, ман пар шикастаам.

Дар лонаат мусибати ҳарфи муҳаббате,
Аз дони доми макрҳо дуртар наҷастаам,

Гаштам асири нағмаи савти хушат шабе,
Аз банди сеҳри нолаат дигар нарастаам.

Дастам бурида бод, ки болат буридаам,
Бар рӯи хуби хуби ту ман дар набастаам.

Аз тирамоҳи рафтанат то фасли бозгашт,
Сарро ба роҳат додаву бе сар нишастаам…
© Душанбе. 23.11.2014

Дар сина бас ба ҷойи дилам ишқ метапад

Ҳоло тамом андешаам саргарми моҷарост,
Шаҳдухтари афсонаи модарбузург куҷост?

Дар сина бас ба ҷойи дилам ишқ метапад,
Бояд равам, ки ҷойи ман Порису Аврупост.

Ҳолам дигар сюжаи як филм мешавад,
Пойи зане миёнаву дасти худи Худост…

Афтод парда аз миён дар кулминатсия,
Серёли ошиқӣ буду аммо Худо нахост.

Симфониёи чилуми Мосарт куҳна шуд,
Бобо, кунун шунидани Ушшоқ норавост.

…Одам набояд инқадар аз ҳад мегузашт,
Манзур зи офариниши олам фақат Ҳавост.

Шояд ба ҳайрат омадед аз ҳарфи охирам,
Фурсат ба нақл чун шавад ин қиссаи ҷудост.

© Душанбе 15.11.2014

Зан

Вақте ки чашми сиёҳи ту офарида шуд,
Одам барои бандагиаш баргузида шуд.

Он лаҳзае ки бар танат ҷон медамид Худо,
Ҳиссе ба номи ишқ ба руҳат танида шуд.

Чун навбати калом расиду ҳарф аз лабат,
Дар аввалин сухан ғазал шунида шуд!

Эй зан! Ту баъд аз Худо ба андоза холиқӣ,
Ин лойи хоми мард зи дастат расида шуд.

Рӯзе, ки Шуҳрат ба дари чашмат ситода шуд,
Хатти ғуломӣ бар ҷабини ў кашида шуд.

© Душанбе. 14.10.2014

Мусулмон

Ба дини поки Яздонам — мусулмон,
Муҳаммадро санохонам, мусулмон.

Баалҳамду баихлосу батавба,
Яке марди баимонам, мусулмон!

Маро як дил, яке қавлу як имон,
Ки Бисмиллоҳи Раҳмонам, мусулмон!

Қасам, дар зери теғам, ё ба дорам,
Ба номи он Худоҷонам, мусулмон!

Ба дил дорам тавофи Хонаи Ӯ —
Ба номи Иди Қурбонам мусулмон.

Фақат як орзу дорам, ки бошад
Тамоми Тоҷикистонам мусулмон.

Тафохур мекунам ҳар гаҳ, ки гӯям: —
Мусулмонам! Мусулмонам! Мусулмон!

Ҷаҳон дар гардиш аст аз илми Қуръон,
Шукӯҳу Шуҳрату шонам мусулмон!

© Душанбе. Ҷумъа. 03.10.2014

Наъузамбиллоҳ!

Ҳарзагӯӣ шуда гуфтор, наъузамбиллоҳ,
Куфр дар кӯчаву бозор, наъузамбиллоҳ.

Аз мусулмонии мо монда кунун,
Риш як дарзаву дастор, наъузамбиллоҳ!

Ходими дини Худо гуфт ба халқ: —
Буттаро сахт нигаҳ дор, наъузамбиллоҳ!

Мурдаҳо фикри қиёмат доранд*,
Мегурезанд зи сари дор, наъузамбиллоҳ!

Иддае даъвии мардӣ доранд,
Даст дар нофаи эзор, наъузамбиллоҳ!

Аз ҳамин мардумакони номард,
Боядам гуфт ба такрор наъузамбиллоҳ!

© Душанбе. 21.08.2014

_______

* Маънӣ аз Бедил

Роҳ

Дар ин саҳро, ки номаш зиндагонист,
Яке дар ҳасрати фасли ҷавонист.

Яке хоҳад дубора кӯдакиро,
Касе ҷовид хоҳад зиндагиро.

Ба пушт анбони ҳасрат меравад кас,
Намегардад, намегардад дигар пас.

Раванду рафтаанду мераванд, ҳон,
Раҳи охир раҳи осудагӣ дон!

Ва ин саҳро яке раҳ дорад охир,
Ба манзил мебарад ҳар кӣ мусофир,

Раҳи хақ аст, раҳи Ҳақ-ул-Таъоло,
Ки моро мебарад болои боло!

© Душанбе. 15.08.2014

Лайлатулқадри ман!

Ту шабеҳи гулӣ. На! Шабнамӣ. На! Боронӣ!
Масалан, бар лаби як ташна мисоли ҷонӣ!

Фарз кардем, ки ту як мӯъҷизаӣ, ҷозибаӣ,
Мани раҳгумзадаро сӯи худат гардонӣ,

Бо ҳамин шиддату ин ҷозибаи кайҳонӣ,
Ту далели ради се қонуни як Нютонӣ.

Гуфтӣ як бӯса ба вом медиҳаму суд – дучанд,
Магар, эй ёр, ту ҳам тоҷирӣ, бозаргонӣ?

Мардумон рӯзи хуш аз қадр бихоҳанд, аммо,
Лайлатулқадри ман он шаб, ки ту пешам монӣ!

То сияҳрӯзу сияҳрӯ нашавад Шуҳрати ту,
Бояд он мӯйи сияҳро ба сарам афшонӣ!

© Душанбе, 23.07.2014

Fусса

Гул нест дар баҳори Ватан ғусса мехурам,
Аз гул биёр гуфтани зан ғусса мехурам.

Дастам ба дасти қарз ба саҳрои зиндагӣ,
Поям намекашад ба чаман ғусса мехурам.

Гушам ба дод омаду муҳтоҷи пунбаям,
Аз моҷарои гӯру кафан ғусса мехурам.

Аз ишқ ғусса мехурам, танҳо ҳамин хуш аст,
Тарсам равад ин ғусса зи ман, ғусса мехурам.

Эй дӯст, баъди хондани ин ҳарфи охирам,
Дасте ба пушти даст мазан, ғусса мехурам.

© Душанбе, 04.03.2014

Ишқ

 

Хуш дар ин сина ки меҳмон шудаӣ,
Боиси ҷамъи парешон шудаӣ.

Ба дили сарди ман аз омаданат,
Нафаси сабзи баҳорон шудаӣ.

Ишқ, эй рӯҳи мусаффо зи Худо,
Ба тани мурдаи ман ҷон шудаӣ.

Эй далели ҳама сарсонии ман,
Зиндагиро сару сомон шудаӣ.

Аз дили ман ба диле мегузарӣ,
Накунад, боз пушаймон шудаӣ?

На, пушаймон нашудӣ, медонам,
Ҳамчу ман ошиқи ҷонон шудаӣ!

© Душанбе, 11.06.2014

10346379_730991053605884_3273697739583908161_n