Ғазали ноумедӣ

Бо ёди рухат шоми ғарибона саҳар шуд

Бо ёди рухат шоми ғарибона саҳар шуд

Агар гўям, ки ман шеър навиштаам, шояд бовар накунед, вале боре чанд қалам ба даст гирифтаам, то диламро маҳз бо воситаи шеър холӣ кунам. Аз чанд шеърҳои навиштаам беҳтарашро интихоб кардам, то пешкаши шумо гардонам.

Медонам, ки шояд ба талаботи шеър ҷавобгў набошад, аммо қудратам ба гуфтани ҳамин маънӣ расидааст ва ман аз он на шарм мекунаму на ифтихор. Шарм намекунам, зеро боре даъвои шеъргўиву шоирӣ накардаам ва ин ғазал (оре, ин ғазале аст, ки барои ман аз ҳамаи чизи навиштаам боарзиштар аст) маро аз шарм кардан мераҳонад. Ифтихор намекунам, чун медонам, ки аз ин хубтару беҳтар гуфтан метавонам, аммо ҳоло не, шояд баъдтар…

Инак «Ғазали ноумедӣ»
Бо ёди рухат шоми ғарибона саҳар шуд,
Оғўши ту маҳфилгаҳи ёрони дигар шуд!
Гаҳ ҳамнафасам будиву гаҳ бе нафаси ту,
Аҳволи мани ғамзада аз мурда батар шуд!
Ангушти ишорат ҳама сўям бинамоянд,
Азбас ки ангушти ҳариф мушти зафар шуд!
Фарёд зи худ созаму аз карда чӣ нолам?
Ҳошо, ки шогирдаки ман марди ҳунар шуд!
Пешам ҳама холиву ба пас менигарам ҳеч,
Тақдир ҳамин буд, чӣ қазову чӣ қадар шуд!
Ғайрат бинамо Шўҳрату аз ишқ гузар кун,
Умрат ҳама бекораву роҳат ба сафар шуд!

Ин ғазал албатта таърих ва сабаби навиштан дорад, ки ҳатман дар фурсати мувофиқ қисса хоҳам кард. Нагўед, ки фурсат кай мерасад. Агар умр боқист, пас ман хотираҳоямро сара карда, ин ҷо нашр хоҳам кард. Бо умеди хушӣ ва ғазалгўии шумо…

Comments are closed.