Ман

shuhratМан дар Панчруд, дар хамон чое, ки Рудакиву Камол ба дунё омадаанд, таваллуд шудаам. Падарам омузгор буданду холо даврони пири меронанд. Аз хурдиям чунин одат дорам, ки китоб мехонам. Аз мусики сурудхои халкиро дар ичрои хар артисти хушовозе бошад, гуш мекунам, “Шашмаком”-ро ммм, чи хел карда гуям, ман бо “Шашмаком” нафас мегирам. Он баъзан ба ман мисли маслихати психологе фоида оварда метавонад ва гохи дигар садди бадбахтихо хам мешавад. Масалан, ман пеш аз ба карори катъи омадан дар баъзе мавридхо аз он маслихат мегирам.
Хондани китобро дуст медорам, бахусус классикони Гарбро. Детектив мехонам. Сахифаи 16-уми (баъзан 24-уми) “Точикистон” ва хамаи сахифахои “АиФ”-ро бо “Комсомольская правда” мехонам.
Барои тамошои филм кариб, ки вакт надорам, аммо баъзан шабхо филмхои пурмочароро тамошо мекунам. Филмхое, ки мавзухои чигил, ба монанди мафия ва сужетхои пурпечутобдошта бештар ба ман писанд аст.

Носу бангу героин намекашам, аммо сигорро баъзан ба лаб мебарам. То нисфирузи аз он худамро дур мегирам, аммо баъди хурок кам-кам дуд мекунам. Пагохирузи ончунон аз он хазар мекунам, ки агар буяшро хис кунам, сарам дард мекунад. Агар касе дар рох сигор кашад, уро баъзан дар дил дашном мекунам ва дар бисёр холат худамро бад хис мекунам. Аслан кушиши умуман накашидани сигорро накардаам. Чи лозим? Баъзан бехтарин хамсухбат аст сигор…
Лекин дар баъзе холатхо чои гиторро (аслан бояд тор мегуфтам, зеро навохтани онро дуст медорам) намегирад. Як оханги хуб метавонад касро пурра ором ва “свежий” созад. Вакте “Бисоторои дардам харфи сохибдардро монам” гуён садо баланд мекунам, гумон мекунам харфи дилам гуфта шуд…
Футболбози шугли дустдоштаам аст ва хам ба бозии дастахои бехтарин назорра мекунам, мухлис хастам. Лекин кам вакт шароит даст медихад, ки ба майдон бароям…

Кор кардан ба ман маъкул аст. Дар хар чое, ки будам софдилона кор кардам. Дар чанд чое, ки кор кардам, фикр мекунам, эхтиром доштам. Муаллим хам будаму дехкон низ. Бехтарин машгулияте, ки доштам дехкони буд. Он кадар ба ин шугл мехр баста будам, ки то хол аз ба ёд овардани он дилам аз фарах лабрез мешавад. Фурсат, ки шуд аз ин лахзахои хаётам порчае хохам навишт.

Ба амонати касе то хол хиёнат накардаам. Дустони зиёд надорам. Умуман “чурабозиро” хуш надорам…

Як Дусте дорам, ки аз кудакиям, аз хамон вакте, ки худамро мешиносам бо у дусти дорам. Хар руз аз У ман маслихат мегирам, Уро ёд мекунам. Хар хафта як руз хонаи У меравам, сухбат мекунем. Вай бисёр Дусти бебахо аст. Хеч вакт аз ман сахт намеранчад, хар гунохи маро мебахшад, бо вучуди камбудихоям маро дастгири мекунад ва хар лахза бо ман аст. У хасту зиндаги хаст…

Бадтарин одати ман шояд ин бошад, ки зуд меранчам, аммо бесабаб намеранчам.
Одамон аз ин ранчидани ман дар хайрат мемонанд. Ман намедонам, ки ба чои ранчидан ман чи кор бояд кунам?
Бояд бо онхо дастбагиребон шавам? Намедонам…

Бисёрихо маро дагал ва бадмуомила мегуянд, аммо ин аз он аст, ки маро хуб намешиносанд.
Кисмате аз ин гуна касоне, ки маро “грубиян” гуфтаанд, баъди андаке (агар ман хохам албатта) фикрашонро дар бораи ман дигар мекунанд ва шудааст, ки аз зуд хулоса бароварданашон пушаймон хам шудаанд.
Ман хеле хам одами рахмдил хастам, вале метавонам бисёр хам хунсард бошам. Барои наздиконам сюрприз карданро дуст медорам. Зиёд гам мехурам ва асабхоям харчанд бокувват хам бошанд, дар баъзе холатхо аз як садо метарканд. Дар чунин мавридхо ман фикрамро беистихола ба касе, ки асабамро хароб кардааст мегуям, аммо агар танхо ранчида бошам, намегуям. Худро дар холате карор медихам, ки кас метавонад хуб дарк кунад, ки ман ранчидаам. Ранчишам дер мегузарад, аммо дар дилам кам вакт мемонад. Бахшиданро омухтаам ва метавонам одамонро бахшам. Аммо кам вакт ман барои ин ё он корам узр мепурсам, ба ин шояд гурурам имкон намедихад. Баъзан ин гурури аблах ба ман зарар мерасонад, аммо шояд хамин хуб бошад?

One Response to Ман

  1. Сурайё

    Захрак:))