Марҳамат, ба ҷайби мо, Babilon-M!

Боз як даъвои дигар дорам, аммо ин дафъа на аз ҳукумат, балки аз ширкати мобилӣ, ки барои мо хизмат мекунад ва кори моро осон мегардонад. Шояд гўед, ки ман даъвогари гузаро будаам, ки вақтҳои охир фақат ба чунин амал даст мезанам, аммо иқрор бояд шавам, ки ман ин даъворо бояд чанд рўз пеш мекардам, фақат ба хотири он, ки маро нодуруст нафаҳманд, аз он худдорӣ мекардам. Баъд, ин даъво нест, балки ҳимоя аз ҳуқуқҳои хеш аст.
Гап дар сари он аст, ки дар таърихи 03.02.2011 соати 03.21-и шаб занги пайғоми телефони мобилиам маро аз хоб бедор кард. Чун аслан касе дар чунин бевақтӣ ба ман пайғом намефиристод, дар ҳайрат мондам ва номарасонро рўшан кардам. Дар он пайғом аз ширкати мобилии Babilon намудор шуд. Як назар андохтаму ба мўҳтавояш диққат надода, дубора азми хоб кардам. Чун хеле монда шуда будаму боз саҳар бояд барвақттар ба кор мерафтам, мехостам, ки шаб бофароғат истироҳат кунам. Аммо нашуд, занги дубораи пайғомрасон бо ларзиши гўшхарош хобро аз сарам гурезонд. Ин маротиба ҳам пайғом аз Babilon-M буд. Ҳамон матн, аммо бо забони русӣ. Ростӣ, зери лаб дашном ҳам кардам, аммо чӣ фоида, ки аллакай хобро аз ман рабуда буданд. Акнун хостам, ки пайғомҳоро хубтар хонам. Матнро рўшан кардам, навишта шуда буд: Mushtari muhtaram! Binobar jori shudani andozi aksizi az 11.02.2011 arzishi khizmatrasonihoi Babilon-M 3% bardoshta meshavand. Mufassal dar www.babbilon-m.tj (айнан оварда шудааст).
Акнун на танҳо хоб маро тарк карда буд, балки асабонӣ ҳам шуда будам. Якум ин, ки ширкати мобилии мўҳтарами беадаб, мешуд, ки ҳамин пайғоми аблаҳонаи гўшхарошу «дилнавоз»-ро субҳ ирсол мекардӣ. Ин он қадар пайғоми махусу фаврие нест, ки шабона ба ман фиристӣ ва маро аз хоб маҳрум кунӣ! Ё гумон мекунӣ, ки мо танҳо шабона ба пайғомҳо аҳамият медиҳем? Ин ҳам мисли ҷамъкунандаи пули хизмати коммуналӣ аст, ки шабона ва боз рўзи истироҳат пайдо мешавад. Мепурсӣ, ки барои чӣ дар дигар рўз ба барвақтӣ наомадӣ, ҷавоб медиҳад, ки дар рўз соҳибони хонаҳоро пайдо кардан муҳол аст. Ҳамин пайғомфирист ҳам фирк кардааст, ки мо фақат шабона ба зангу пайғомҳои телефонҳоямон аҳамият медиҳем, ки онро маҳз дар соати 3.21 фиристодааст.
Дуюм ин, ки ин пайғом аслан бемаврид ва аз доираи шартномаи байни мову ширкат берун аст. Ман дар ҳеч кадом як шартнома имзо накардаму розигӣ надодам, ки дар сурати баланд шудани андози аксизӣ 3% зиёдтар ҳаққи хизматрасонӣ пардохт хоҳам кард. Ин мушкилии Babilon-M аст ва бигузор аз сарчашмаҳои дигари молӣ истифода кунаду хароҷоташро рўйпўш кунад, на аз ҳисоби ман! Мушкилии ҳар кас барои худаш аст ва онро ҳар кас бояд худаш ҳал кунад. Барои мисол, агар ман дар ин моҳ дўсти наве пайдо кунам, ё умуман касе пайдо шавад, ки дар ин моҳ ба ман занг занаду ман ба ў ҷавоб диҳам, маълум аст, ки хароҷоти он аз ҷайби ман мешавад, на аз ҳисоби Babilon-M. Ширкат ягон вақт намегўяд, ки ана ин муштарии ман ин моҳ зангҳои бисёр зад, 180 дақиқаашро 280 кунем, то ба гуфтугўяш бемалол расад. Ин мушкилии ман ва ман бояд роҳи ҳалли онро пайдо кунам. Ҳама гуна болорваии хизматрасонӣ ин мушкилии ширкат аст, на аз муштарӣ. Дар ҳама ҷои дунё ширкатҳо ба он мекўшанд, ки ба муштариёнашон ҳарчӣ бештар сабукӣ ва хизматрасонии бароҳат пешниҳод кунанд, на ин ки дар соати 3-и шаб пайғом фиристанду аз хоб маҳрум кунанд ва ба болои ин ба ҳамёнатон ҳам чашм песонанд.
Дар Тоҷикистони мо ягон додгоҳи додрас нест, то ман ин даъвоямро пешаш барам, пас маҷбўрам, ки 3%-и зиёди ҳаққи хизматрасонии ширкати Babilon-M-ро пардохт кунам, зеро бе телефони мобилӣ мушкил аст.

Марҳамат, ба ҷайби мо, Babilon-M, ҷайби мо ин ҳисоби бонкии шумост, ҷайби мо ин хазинаи беохири адонашавандаи шумост, ҷайби мо ин «чўбаки сандалвор»-и шумост! Пас, бемалол дастатонро ҳар вақте хоҳед чуқуртар ба он халонед! Аммо эҳтиёт кунед, ки як рўз сўрох нашаваду дар кафатон пораи гўшти сахте набинед!

Даъвои ману Хитой

Чанд рўз инҷониб Интернет надоштам ва бояд рост гўям, ки аз баъзе хабару воқеаҳо ба хубӣ огоҳ набудам. Чун сафҳаҳоро боз кардам, хабари аз ҳама пурбаҳс дар саҳифаҳои Интернет ба ихтиёри Хитой гузоштани 3,5 фоизи ҳудуди Тоҷикистон буд. Аввал аз ин хабар хеле нохуш шудам ва чун тоҷик нангам омад. Наход мо тавонистем, ки дар асри 21 ҳам ба миллат ин тавр хиёнат кунем? Дар ҳама давру замонҳо хиёнату ватанфурўшӣ будааст ва иллати ҳамин одат аст, ки имрўз тоҷик дар кўҳу пуштаҳо пароканда аст. Бигзор ҳамин ҳудуд кадом вақте аз Хитой будааст, пас бояд ин маънои онро дошта бошад, ки он ҳатман ба ин кишвар баргардонида шавад? Агар ҳамин тавр аст, пас он ҳудуди Хитой, ки дар он тоҷикон муқиманд, бояд ба Тоҷикистон дода шавад, аз ҷумла Қошғар, ки мулки қадимии тоҷикон аст ва ба навиштаи Дориюши Раҷабиён «Дар ҳамин Туркистони Чин, ки 1142 км мураббаъ аз хоки Тоҷикистон ҳам ба он васл шуд, минтақае ҳаст бо номи уйғурии “Тоҷик Тошқурғон Аптоном Ноҳияси” (Ноҳияи Худмухтори Тошқурғони Тоҷик), ки 60 дарсади ҷамъияташ тоҷиканд. Дар кул 50 ҳазор тоҷики бумӣ сокини Туркистони Шарқианд, ки ба забони помирии сарикулӣ такаллум мекунанд ва худашонро “тоҷик” меноманд». Инҳо замини безабон не, мардумоне ҳастанд, ки аслу насаби худро медонанд ва ҳеч ҳуҷҷате барои исботи миллати онҳо зарур нест.
Гуфтам, ки аз шунидани ин хабар нохуш шудам, аммо аз ҷониби дигар як заҳрхандаи гуворое табъамро бардошт (аммо нангамро ҳеч бартараф накард). Агар замини фурўхташуда ё баргардонидашуда моли Хитой асту он мувофиқи кадом як ҳуҷҷати асри 19 (баҳси хитоиҳо ва Русия подшоҳӣ будаст) ба амал баромадааст, пас ман ҳам метавонам, ки аз ин ҳукумату ин праламент замин талаб кунам. Гап дар сари он аст, ки падари бобоям Абдукарим (падари ҳарду бобоям – Давлатшоҳу Рустамшоҳ) замони империяи Русия дар дараи Киштўд ва даштҳои Панҷекат соҳиби заминҳои бисёре будаанд. Бояд гўям, ки то ҳол васиқаҳои (ҳуҷҷати замин, ба забони имрўза шояд сертификат бошад) ин заминҳо бо мўҳри ҳукумати подшоҳӣ мавҷуданд. Ин заминҳоро ҳукумати пойлучони Ленину Сталин гирифтанду ба ўзбекон тақсим карданд. Мувофиқ ба ин хулосабарории комиссияи давлатӣ ман чун меросхўри асосии бобоям (зеро ҳам падар ва ҳам модарам наберагони Абдукарим ҳастанд, ки замоне дар дараи Киштўд «волостной» будаанд) метавонам, ки даъвои ин заминҳоро кунам. Ҳамин тавр нест магар?

Чаро марқади Рўдакӣ обод намешавад?

Оромгоҳи Рўдакӣ дар даврони Шўравӣ

Оромгоҳи Рўдакӣ дар даврони Шўравӣ

22-юми сентябр, ки Рўзи Рўдакӣ аст, ҳар сол дар ин рўз тамоми мардуми тоҷик бояд аз Рўдакӣ, ки саромади шеъри мост, каломи мавзуни тоҷикиро ба таври пурра ба роҳ мондааст, ёд кунанд. Дар ватани Рўдакии бузург, ки ҳазорсолаҳо ба баъд пайравонаш зиёд буданду каломи ўро тақвият додаанд, имрўз на ў қадр дораду на шеъраш. Касе аз насли нав як шеъри Рўдакиро ба пуррагӣ намедонад, чӣ расад ба он, ки раваду дар зери ягона пайкараи вай, ки дар як канори пойтахт ҷойгир аст, гул гузорад. Медонам, ки рўҳи Рўдакӣ ва шеъри Рўдакӣ дигар ба гулгузории мову мобаринҳо эҳтиёҷ надорад, аммо барои риояи расми бузургдошти бузургон, ки чанд даҳсола моро чунин таълим дода буданд, бояд мерафтанду гул мегузоштанд.
Чун марқади Рўдакӣ дар охирин нуқтаи ҷуғрофии Тоҷикистон ҷой гирифтааст, имкони ба он ҷо рафтану зиёрат кардану гул гузоштану шеърхонӣ кардан камтар аст, чуноне пайкарааш дар канораи Душанбе ҷой дорад ва на ҳар кас ҳавсала дорад, ки фурсатеро барои дидани ин макон барои хеш соле як бор ҷудо кунад.
Чун сухан аз Рўдакӣ рафт, мехоҳам аз марқади вай, ки дар Панҷрўд ҷой гирифтааст, чанд сухан гуфта бошам. Ба ҳама маълум аст, ки бунёди оромгоҳи Рўдакӣ ба солҳои 60-уми асри гузашта рост меояд. Чанд даҳсола ҳамон мақбараи шўрависохта, ки ҳеч нишонае аз ёдгориҳои таърихиро надошт, барҷо ва ёд дорам, ки зиёратгоҳи бисёре аз мардумони дунё буд. Чун бобои Рустамшоҳам боғбони ин боғ ва нигоҳубини дахма бар дўшашон буд, ману бародаронам – Аюбхону Мунирхон бештари вақти холиамонро дар ин ҷо мегузарондем. Оромгоҳ ва боғу китобхонаву чойхона гўё ба талаботи давр ҷавобгў буданд, чун касе шикоят надошт ва аксари меҳмонҳо аз дидани он (шояд аз меҳмоннавозии мардуми Панҷрўд) хушҳол мерафтанд. Исботи ин гуфтаҳоро баъдан ҳамдеҳагони мо, ки ба хориҷа сафар карданду бо чашми худ акси бобоямро дар намоишгоҳҳои бузург бо зерматни тавсифӣ дидаанд, ба мо нақл мекарданд ва албатта мо аз бобоямон на камтар аз Рўдакӣ мефахридем.
Сабаби аз боғбонӣ даст кашидани бобоямро аниқ намедонам, аммо гумон мекунам, ки асари пирӣ буд. Ба ҳар ҳол ин боис шуд, мо дигар ба он боғ барнагардем, аммо мани одаткарда баъзан аз Оромгоҳ дидан мекардам ва ҳамин, ки дари китобхонаро боз медидам, ҳатман сар ба он мезадам. Ба ҳамин минвол рўзи ману бобоям мегузашт. Ман аз иқтидори ҳукумати шўравӣ мефахридам ва аммо бобоям баъзан ба ин ифтихори ман бо як ҷумлаи ба ман наонқадар фаҳмомаъно ҷавоб медоданд: «Пояи зулм бақо надорад».
Рўзе расиду ин ҳукумат ба мисли тасбеҳи дасти бобоям, ки бо кашидани абераи аввалинашон Бунёд ба рўи хона пош хўрда буд, аз ҳам рехт. Ва чӣ мегўед, ки хиштҳои девори марқад ҳам рехт, то он даме, ки тоқ фуруд омад. Албатта, ин аз он сабаб буд, ки ҳама дар ғами зиндагӣ буданд ва касеро парвои Оромгоҳ набуд. Чанд сол ба ҳамин минвол давом кард ва мо дигар умеди онро надоштем, ки мақбара чун пештара барқарор мешавад. Аммо як рўз ба ман, ки акнун дар Душанбе кору зиндагӣ мекардам, маълум шуд, ки ҳукумати Эрон аз ҳоли табоҳи Оромгоҳи Рўдакӣ бохабар шудааст ва тасмим дорад, ки онро тармим намояд. Ин тасмим дар замони ҳокимияти Исомиддин Салоҳиддинов (зодаи Панҷрўд) дар ноҳияи Панҷекат ба нақша гирифта шуда буд.
(Давоми мавзўъро, ки қиссаи шуниданист рўзҳои наздик хоҳам навишт).

Соли Нав муборак!

Боз як соли дигар аз умри мову Шумо сипарӣ шуд. Имрўз охирин рўзи соли 2010 аст ва имшаб Идро ҷашн бояд гирифт. Албатта, хурсандӣ барои рафтани Соли куҳан нест, балки барои он аст, ки Худованд моро боз ба як Соли дигар расонд.
Сару садоҳо дар мавриди дигар қайд накардани Соли Нави мелодӣ дар ин чанд соли охир дар Тоҷикистон зиёд мешавад, аммо ба ҳар ҳол дар майдони назди пайкараи Исмоли Сомонӣ имрўз арчаи солинавии афрохтаеро дидам. Ҳарчанд он шукўҳу шаҳомати солҳои пешинро надошт, аммо дарак аз он медод, ки чиновникҳо муқобили ҷашнгирии Соли Нави мелодӣ нестанд.
Дар ҳафтаномаҳои Тоҷикистон, бахусус нашрияҳои русзабон, қаҳру ғаззаби муаллифон доир ба ин масъала чунон бараъло маълум аст, ки гумон мекунед, дар ҳақиқат Соли Нави мелодиро ҳукуматдорон аз марзҳои Тоҷикистон берун андохтаанд. Яке ҳатто бо ғаззаби беандоза менависад, ки «касе ба ман кордор нашавад, ки ман кадом идро ҷашн мегирам. Гурўҳе намехоҳанд, ки домани кўтоҳ пўшем, гурўҳи дигар намегузоранд, ки ба сар сатр кунем. Мо дар чӣ гуна давлате умр ба сар мебарем?»… Ба ин монанд иддаоҳо зиёданд. Албатта, бе шамол барги дарахт намеҷунбад, агар онро маҷбўран ҷунбонанд, чанд лаҳзае давом хоҳад кард, аз ин рў маълум аст, ки чиновникҳои тоҷик (аслан мушовирони онҳо, вагарна дар Тоҷикистон ҳеч кадом масъуле худаш бевосита ба қароре омада наметавонад) интизори боди мусоиде ҳастанд, то баргҳои дарахти Соли Нави мелодиро на танҳо ҷунбонанд, балки аз фурсат истифода бурда, онро аз бунаш решакан намоянд.
Гурўҳи дигар ба ин ақидаанд, ки дард кам — дахмаса кам. Хусусан, садои гўшкаркунандаи хлопушкаҳои солинавӣ аз байн меравад. (Дарвоқеъ, имсол то ҳанўз садои он ба гўш намерасад). Ва ҳам ба оростани дастархони солинавӣ, ки хароҷоти дигареро талаб мекунад, ҳоҷат намемонад.
Ба ҳар ҳол ман хоставу нахоста, бояд ин Идро ҷашн гирам, чун бароям аз кўдакӣ одат шудааст. Имсол, бахусус бояд омодагии дигаре гирам, чун Ёсуман (духтарчаи ман) ба Бобои Барфӣ нома навиштаасту чанд тўҳфае хоҳиш кардааст. Бобои Барфии ў албатта ман ҳастам ва имшаб бояд орзуи кўдакии ўро амалӣ кунам…
Ҳамин тавр, ин Ид аз они мо ҳаст, ё не, бояд онро қайд кунем, чун солшумориамон бо ҳисоби мелодӣ аст ва мо наметавонем, ки «Рождество» гўён аз баҳри он гузарем. 1-уми январ мисли хати пиёдагарди шоҳроҳи шаҳр аст, ки гузаштани одамонро аз байни анбўҳи азими мошинҳо таъмин мекунад. Аз набудани он дар роҳ хараҷу мараҷ ва бетартибӣ шояд сар занад. Аз ин рў ба ҳамаи Шумо дар шоҳроҳи мошинҳои бешумор хатҳои сафеди ба чашм намоён орзу мекунам. Соли Наватон муборак!

НОБ-и Мардон дар Панҷрўд

МардонНОБ рўзи 3-юми январи соли 2011-ум ба кор шурўъ мекунад

МардонНОБ рўзи 3-юми январи соли 2011-ум ба кор шурўъ мекунад

Чун андешаам сари аз 9 дирам ба 11 дирам афзудани арзиши қувваи барқ буд, хабар расид, ки дар Панҷрўд ба ин зудиҳо ГЭС-и нав, ки сохтмонаш қариб ҳамтақдири Роғун аст, ба кор шурўъ мекунад. Надонистам, ки ҳайрат буд, хурсандӣ ва ё иллати ҳамон ғаззаби чанд лаҳза пеш доштаам (аз 11 дирам), ки ба расонандаи хабар ҳатто ташаккур гуфтанро фаромўш кардам.
Ин тобистон ман аз сохтмони ин ГЭС дидан карда, маҳсули ин сафарамро дар саҳифаи аксҳо тасвире низ гузоштаву дар зераш матни «МардонГЭС бо ҳиммати Муломардон дар сарҳади Артуч бунёд шудааст, ки ба мардуми Панҷрўд қувваи барқ хоҳад дод (кай, маълум нест)» ҷо дода будам. Чун он замон маълум набуд, ки сохтмони он кай ба охир мерасад, зеро пайдо кардани агрегат ва ё трубинаи он барои Мардонқул мушкилӣ эҷод карда буд, ман аз навиштани матлаби бештаре худдорӣ кардам.
Чаро гуфтам, ки ин ГЭС қариб ҳамтақдири Роғун аст? Зеро дар кори бунёди он мушкилиҳо бисёр буданд, ҳам мушкилии моливу пулӣ ва ҳам омилҳои берунӣ, ки мехостанд садди роҳи бунёди ин НОБ (ба фикрам тоҷикӣ нависам беҳтар аст) мешуданд. Хушбахтона, мардуми Панҷрўд ва Мардонқули Раҳмонқул, ки бо ибтикор ва ёрии пуливу ақливу молии вай ин НОБ бунёд шудааст, аз ўҳдаи иҷрои ин кор баромаданд ва инак, дар нақша ҳаст, ки рўзи 3-юми январи соли 2011-ум маросими ифтитоҳи он баргузор мешавад. Умед ҳаст, ки нерўгоҳ на танҳо Оромгоҳи Рўдакӣ ва манзили аҳолии Панҷрўд, балки хонаҳои сокинони деҳаҳои Кулоливу Зери Ҳисорро низ равшан хоҳад кард. Боз умеди дигар ин аст, ки НОБ-и Роғун низ мисли МардонНОБ ба ин зудӣ ба кор медарояд ва нақшаи аз 11 дирам боз ба 14 дирам афзун кардани арзиши қувваи барқро дар Тоҷикистон барҳам мезанад.
Ба Муломардон сарфарозӣ, барори кор ва идомаи чунин некукориҳо мехоҳам, чун вай доимо дар пайи кори хайр аст. Соле пеш дар маркази деҳаи Панҷрўд пули наверо ба истифода дод, ки мардуми ду соҳили Уреҷро бо ҳам мепайвандад.

Чархофалаки Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо

Тоб доданд, чарх заду ҷуфтҳоро маълум кард. Бале, баъди анҷоми вохўриҳои гурўҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ва маълум шудани иштирокчиёни плей-офф қуръакашии 1\8 финал баргузор шуд. Ҳоло дар зер ба диққати шумо ҷуфти дастаҳоеро, ки барои ба чорякфинал баромадан мубориза мебаранд, пешниҳод менамоям. Дар ин байн вохўриҳои диққатҷалбкунанда зиёданд. Барои хондани идомааш ин ҷоро ангушт занед.

Тағйири алифбо, ё дарди ҳарина

Гўиё мо дигар мушкилие надорем, ҳама корамон ба сомон расидаст ва акнун бояд сари ҳарф бозсозӣ ва навигарӣ кунем. Ё, баракс, гўиё мо ба чӣ навигарие оғоз карданием ва аввал бояд алифборо иваз кунем, ё тағйироте ба он ворид созем, то ҳеч не навигарие карда бошем. Ана, баъд, дар дигар соҳаҳо ҳам навигарӣ кардан тавонем.

Ҳайрон мешавам. Олимонамон (агар онҳоро олим гуфтан мумкин бошад, чун аксарашон мавқеи вергулро дар ин ё он асар мавзўи рисолаашон қарор додаанд, ҳол он ки хати ниёкони мо вергул надошт) аз бекорӣ (ва ё шояд аз беқудратӣ, зеро қудраташон танҳо ба ҳамин мерасад) мавзўи баҳси наве пайдо кардаанд, ки мўҳтавояш иваз намудани алифбо ва ё тағйирот илова кардан ба он аст. Шояд ба ин зарурат бошад, аммо заруратҳои зуруртаре дорем, ки аввал онҳоро бояд ба тартиб орем. Барои мисол, аввал бояд бо ҳамин ҳарфи соддае, ки аксар онро бо осонтарин роҳ аз худ мекунанду бефаҳмтарин талаба бо заҳмати андаки устод хонанда мешавад, кор гирем, сару рўямонро ғундорем, муҳоҷиронамонро босаводтар кунем, вазиронамонро бехатонавис кунем, лавҳаву овезаҳоро ба грамматикаи забон (ин боз як дарди ҳаринаи дигар аст, ки мурдадард дораду на касро ба ҷон меорад ва на мемонад, ки ба роҳат гардем. Чунки ҳар кас грамматикаи худро дорад. Ҳар рўзнома, ҳар чопхона, ҳар нашриёт, ҳар нависанда, ҳар қаламбадаст, ҳар мунаққид грамматикаи худро дорад. Ва ҳар кас бо грамматикаи худ худро дуруст мепиндорад) мувофиқ кунем.

Ҳарфҳоро аз алифбо берун мекунем (манзур йотбарсарҳо) ва барои қ, ҳ ва ҷ (чаро ў, ӣ ва ғ аз назар дур монда бошанд?) аломатҳои нав муайян мекунем. Ин пешниҳоди забоншиноси тоҷик (куҷои забонро мешинохта бошанд?) аст. Аввалин фикре, ки ба сари ман омад, ин буд, ки аз бекорӣ ба чунин амал даст задаанд. Вагарна, ҳоҷат ба чунин амал нест, чун ҳамаи ин ҳарфҳо барои мо бегонаанд, пас чӣ фарқ дорад, ки бо кадом аломат навишта мешаванд?! Ҳарфи арабиасоси мо ҳам овозҳое дошт, ки дар забони арабӣ аломат надоштанд, забондонҳо барои ҳафри «п» «бо»-и порсӣ ихтироъ накарданд, балки ба ҳамон як нуқтаи «бе» ду нуқтаи дигар изофа карданду онро «бо»-и порсӣ, яъне «пе» гуфтанд. Ин ҳам мисли он аст, ки ба ҳарфи «к» як думча илова карданду «қ» гуфтанд.

Тарафи дигари масъала ин аст, ки (иваз кардани ҳуҷҷатҳоро ба назар намегирем ва ба он чӣ қадар пулу маблағ сарф шуданашро ҳам) мо барин бесаводоне, ки «қ»-ро ҳамчун «к»-и думчадор мешиносем, зарурат пеш меояд, ки дар вақти хондан ба ёд орем, ки ин аломати нав «қ» аст ва ё «ҷ». Ин мушкилии ман аст, ки мегўям, вагарна ҳамон иваз кардани ҳуҷҷатҳо ҳам ба ҷайби ман осори нохуби худро мегузорад, чунки маблағи он аздусар аз ҳисоби буҷет, ки ман ҳам чун шаҳрванди ин кишвар ба он саҳм дорам, пардохт мешавад.

Хулоса, гап бисёр, аммо каси гапшунав кам. Ҳама ду поро ба як мўза халонда, исбот карданӣ мешаванд, ки дурустанд, аммо аз ин ҳоли мо барин одамони қаторӣ беҳ намешавад. Ба ҷойи чунин навигарӣ як бор ба овезаҳои ин шаҳр (Душанбе) нигаред, «олимон»-и мўҳтарам! Баъзан саргаранг чӣ, дилбеҳузаркунада ҳам ҳастанд. Бемуҳобот мегўям. Ҳоло дар даст далели арзандае надорам, аммо сари роҳи коргоҳ ба рекламае бархўрдам, ки тамоман чӣ буданашро нафаҳмидам:

Шояд усто донад, чун вай онро интихоб кардааст, аммо кадом усто? Устои чўб, устои сартарош, ё устои хатна? «Таъмингари устувории дарозмуддат» (бе хато, офарин!), яъне чӣ? Кӣ аз ҳамин ибора чӣ фаҳмид? Албатта, ҳар кас барои худ ҳар чизе мебардорад. Агар устои чўб аст, пас шояд устувории дарозмуддати рангу сифати чўбро таъмин мекунад, гуфтааст? Агар сартарош аст, пас устувории дарозмуддати ҷило ва ранги мўйи сарро дар назар дорад? Устои сеюм устувории дарозмуддати чиро реклама кардааст, ба ҳама маълум!

Шарҳи ин реклама мисли руҷўи лирикӣ, ҳазле буд, то шумо хонандагон саратонро ба гуфтаҳои олимони забоншиносамон барои иваз кардани алифбо гаранг накунеду аз пайи таъмини майишати рўзгоратон шавед, чун, барои мисол, доллар дар ҳама ҷо доллар аст!

Ватан куҷост?

okhirat

Офтобрўяи Сучоту Уффор, ки Худо кунад ватани охиратамон бошад

Имрўз мо як ҷавонеро ба хок супоридем, ки ҳанўз 24 сол надошт. Ў дар мусофират, дар ғарибӣ реҳлат кард ва маргаш барои ҳамаи мо дарднок буд. Хонаи охираташ пурнур бод…
Раванди муҳоҷиршавии тоҷиконро аслан камбуди майишати зиндагӣ медонанд ва гўё мақсад аз ғарибиро пеша кардан дар пайи ҷустуҷўи рўзӣ шудан будааст. Дар ин бора бисёрҳо гуфтанду шунидаем ва хоҳанд гуфт, то он даме ки сатҳи зиндагии мо дар ватанамон боло наравад.
Ман аз ҳамин ғарибон ҳайратам меояд. Вақте ватан мегўӣ, гунаҳояшон сурх мешавад, чашмонашон барқ мезанад, ҳиссиёти худро баъзан дошта наметавонанду «Оҳ, дар ватан ҷонам» мегўянд, вале боре шикоят намекунанд, ки ҳамин ватану ватандоронаш боис шудаанд, ки онҳо дар ғарибӣ заҳри ҷудоӣ ва ҳиҷрон аз наздикон мекашанд. Шабро шаб намегўянду рўзро рўз, дар гармиву сардӣ заҳмат мекашанд ва касе кафолат дода наметавонад, ки онҳо маҳсули ин заҳмати худро ба серӣ ҳамроҳи аҳли байти худ мебинанд. Ватанро ҳамон ҷое медонанд, ки хуни нофашон рехтааст ва орзуи ягонаашон ин аст, ки рўзе ба ватан баргарданд, албатта, сиҳату саломат ва бо кўлвори пур. Тақдир онҳоро ба куҷое набурда бошад, боз чун сухан аз Сои Новаю Миёнаи Ҳайёт, Уффору Сучот, Қалъаи Кўҳнаву Пирўз, Роҳи Болову Поён, Лаби Дарёву Ҳисорак, Булбулону Ғарғанич, Сўхтаву Парпот, Ковонаю Юра, Мағоку Тўда, Сари Даштиву Таги Шах меравад, дилашон барои ватан об мешавад. Дар чашмонашон ашк медавад ва беихтиёр мегўянд : «Э, дар номи ватан ҷонам». Чаро чунин аст? Чаро касе намеандешад, ки ҳамин ватан онҳоро овора кардааст?
Кам андар кам нафароне ёфт мешаванд, ки ватанро ҳамон ҷое медонанд, ки зиндагиашон хубу хуш ва орому осуда мегузарад.
Ман дар ин сатрҳо аз бародарони ғарибам, ки сахтии зиндагӣ онҳоро овораи кўи бегона кардааст, ёд карданиям. Бародароне, ки ба ҷуз аз бозиҳои кўдаконааашон дигар чизе дар ёдам нест, чун ман онҳоро наздики даҳ сол мешавад, ки ба серӣ надидаам. Онҳоро гоҳ дар хобам мебинам ва баъзан мешавад, ки бо онҳо телефонӣ ҳамсўҳбат мешавам. То ин дам фикр ҳам накарда будам, ки онҳо чӣ азобу машаққатеро барои худу фарзандонашон мекашанд. (Гоҳҳо дар аҷаб мешавам, ки ҳамин бародаронам, ки бо онҳо қиссаи «Самаки айёр»-ро дар саҳни ҳавлии бобоям ба саҳна мегузоштем, акнун дар саҳнаи ҳаёт нақшҳо меофаранд ва фарзанддор шудаанду солхўрда). Зиндагӣ бошитоб гузарон аст…
Кадом ватан кафолат дода метавонад, ки ман онҳоро дубора дар саҳни ҳавлиамон чун актёрҳои нақшофари овони кўдакиамон дидан метавонам? Ҳамин ватане, ки аз мастии даврдоронаш маълум нест, ки аз пайи имрўз фардо меояд, ё на? Ҳамин ватане, ки хуни нофамон дар он рехтаасту хуни охиринамонро барои ободии он дар ғурбат ҳамроҳи арақи танамон резондаем?
Бародарони ман! Агар шумо ин сатҳоро мехонед, бидонед, ки як бародари ҳамхуни шумо ватанро ҳамон ҷое медонад, ки зиндагӣ хубу хушу осуда мегузарад. Дар ин давру замон ҳамаи мо беватанем. Ватан акнун ҳамон офтобрўяи Сучоту Уффор аст. Агар тақдир карда бошаду хонаи охиратамон дар он ҷо бунёд шавад, пас орому осуда хоб хоҳем кард ва соҳибватан хоҳем шуд…

Аз куҷо афтидан хубтар аст?

Ҳалқаи дор… ё ҳалқаи ёр

Ҳалқаи дор… ё ҳалқаи ёр

Чун фурсат даст додааст мехоҳам ҳамон лаҳзаи қариб мурданамро нависам. Аслан чандин бор то ба мурдан расидааму аммо боз Худо раҳмамро бо чӣ сабабе хўрдааст.
Ҳоло чӣ сабаб шудааст, чӣ зарурате пеш омадааст барои ба ёд овардани ҳамон воқеа? Андешаам сари он буд, ки Худо ба одам ақл додааст, то санҷаду баркашаду пас ба амале даст занад. Худо нагуфтааст, ки ту даст зери каш, ё зонуятро ба оғўш гиру интизори тақдир шин, то чӣ пеш ояд. Агар аз ошёнаи 11 тирезаро кушоиву тақдир гўён, по ба берун ниҳӣ, шояд ба замин нарасида мурӣ. Худо ақл додааст, то мо бинем, ки дар куҷост зинаҳо. Тақдирамонро бо ҳамин роҳ хушҳолона анҷом диҳем, то ба берун саломат расем. Он вақт ёди Худо намекунем. Аммо агар аз тирезаи 11-ум по ба берун ниҳему бо амри Худо дар 10-ум ба ягон чиз дармонем, он гоҳ Худоро ёд мекунем, ба даргоҳаш шукр мекунем.
Овони кўдакиям, тахминан 12-13 сола будам, ки дар боғи ҳавлии бобои Рустамшоҳам себчинӣ мекардам. Себро мечидаму дар сатил ҷамъ мекардам ва бо воситаи ресмон ба поён мефиристодам. Бибии Шарифамоҳамро садо мекардам. Бибиам сатили пурро мегирифтанду ба ҷояш сатили холиро мебастанд. Як лаҳзае шуд, ки бибиамро садо кардам, ҷавоб надоданд. Дар болои дарахт шиштан ба дилам зад. Поён шудаму сатилро холӣ кардам. Бо ҳамон ресмоне, ки дар шохаи дарахт овезон буд, бод гирифтанӣ шудам. Ҷое, ки қарор доштам баландӣ ва аммо як қадам он тараф замин 40-50 см поёнтар буд. Чанд навбат бод гирифтам. Ресмон ба сару гарданам печутоб хўрда буд. Як замон, вақте бод рафтам, дар ҳамон ҷое, ки замин поёнтар буд, дастонам аз банд раҳо хўрд. Ҳалқа ба гарданам дармонд. Пеши чашмонамро сиёҳӣ пахш кард. «Мурдам!» — ҳамин чизро дарк кардам… Дар як лаҳза тамоми ҳаёти кўтоҳам чун навори филме аз пеши чашмам гузашт. Сиёҳусафед буд, вале беовоз. Дар аввалин навор Бобову Бибиам, баъд Падару Модару Бародарону Хоҳарам буданд, ҳамаи онҳо дар назарам даҳшатзада буданд. Дар охири навор ҳамонеро дидам, ки барои ман азиз буд. Вай хандон, бепарво кокулонашро бод дода, ҷониби ман меомад. Не, ман сўи вай мерафтам. Худоё мегуфтам ба худ, чӣ хел вай намефаҳмад, ки ман ҷон меканам, чаро дарк намекунад, ки ин лаҳзаҳои охирини ҳаёти ман ва дидорбинии беовози мост. (Мо то ин дам ҳам бо ҳам беовоз мулоқот мекардем ва ҳеҷ гоҳ ба худу ба касе иқрор нашудаем, ки бо ҳам мулоқотҳо доштем). Хандаи беовозаш ин лаҳза ҷарангосӣ шуданд ва акнун, ки ман бояд бо ў мерасидам, наворҳо канда шуданд…
Чӣ шуду бодхурон ба қафо рафтам ва поям боз ба замин расид, балки ба сатили холӣ бархўрд ва ин садои сатил буд, ки навори охиринро овоздор карда буд. Ҷонҳавл ҳалқаро кушодам ва давидам то пеши бобоям.
— Чӣ шуд ба ту, — гуфтанд бобоям. – Аз дарахт афтидӣ магар, дар рўят ранг нест?
— Не, бобо, қариб аз зиндагӣ меафтидам, — ҷавоб додам ва ҳатто гумон накардам, ки бори аввал дар ҳаётам аз фалсафа истифода кардам.
— Ҳе, дангоса, одам аз зиндагӣ меафтад магар?! – саволи бо хитоб карданду ба рўям чашм давонданд бобоям.
Дигар ҳеч чиз ҷавоб надодам ва то ин дам дигар дар ин бора фикр ҳам накардам. Акнун дарк кардам, ки то аз баъзе ҷой афтидан, аз зиндагӣ афтӣ беҳтар будааст…

Кош бо пирӣ намебархўрдаме

Дасти ҳасрат бар сари пурнадомат

Дасти ҳасрат бар сари пурнадомат

Дирўз маро пир гуфтанд. Аввал ман ба он аҳамияте надодам, аммо баъдтар ин сухан ба ман сахт таъсир кард. Агар гўям, ки мўйҳоям чанд тора сафед шуданд, муҳобот накарда бошам. То ин дам фикр (албатта ҷиддӣ) накарда будам, ки ҷавонӣ давраи рафтагор аст ва ба касе поянда нахоҳад монд, чун худамро дар айни авҷи ҷавонӣ медидам.
Ҳоло, ки маро пир хитоб карданд, бояд ба пирӣ тан диҳам ва бо ҷавониям падруд гўям? Бояд гўшаи узлат гузинам ва ба ибодати шаборўзӣ бипардозам? Дигар бояд ҳавову ҳаваси ҷавониро аз сар бадар кунам? Аз ин ба баъд ёди гулрухони симинтане, ки алифи абёти ишқ дар лаб аз канори ман мегузаранд, накунам? Дигар он моҳлиқое, ки ҳар рўзе аз роҳрави чашми ман бо шарму ҳаёи туркона мегузарад ва Ҳофизи Шерозӣ барояш омода буд, Самарқанду Бухороро диҳад, чун муқаррариҳо қабул кунам? Дигар интизор нашавам, ки кай фурсате мерасад, то бори дигар санги шонс аз бағал берун кунам? Ва дигар бояд дигар нагўям?
На, наметавонам! Ба пирӣ бархўрдани ман ҳушдор аз он аст, ки ҷавонӣ раванда аст ва бояд чун фурсат ҳаст, аз итоби оне, ки маро пир хондааст, наранҷам.
Аммо кош бо пирӣ намебархўрдаме, то ҳавои ҳаваси онеро, ки маро пир хондааст, аз сар чун ҳаваси ҷавонӣ берун мекардам. Чун дигар ҳавасҳо онро низ бо қонеъ шудани ҳисси табиӣ фаромўш месохтам. На, ки ба фаромўшиаш мефиристодам, то дар он торикии ваҳшатзо дар пўсти худ сўзиши давраи аз ҷавонӣ ба пирӣ гузаштанҳоро дарк мекард.
Мутмаинам, ки бо ин ҳама истиғное, ки дорад, агар ба даврони ман расад, дарк хоҳад кард, ки ҳисси одамӣ ҷавониву пирӣ надорад. Он замон дасти ҳасрат бар сари пурнадомати худ хоҳад зад ва ангушти ҷавонӣ зери дандони пирӣ хоҳад газид, … ки дер шуда бошад…