Футбол
Бењтаринњои МЉ-2010
Дар Мусобиќоти љањон-2010 32 дастаи бењтарини сайёра иштирок мекунанд, ки њоло аз њар даста бозигарони маъруфро бо њайати эњтимолии тимњои мунтахаб, ки тобистони соли 2010 дар Африќої Љанубї ба майдон хоњанд баромад, муаррифї мекунам.
ЉАЉ
Бенни Маккарти (12.11.77). Форварди марказї, ки тўли 10 соли бозиаш дар чемпионати Голландия, Испания, Португалия ва Англия беш аз 100 гол задааст. Ќањрамони Голландия ва Португалия шудааст, бо «Порту» дар Лигаи ќањрамонњо (2004) ѓолиб омадааст. Њоло дар њайати «Блэкберн Роверс» бозї мекунад. Дар њайати тими мунтахаби Љумњурии Африќои Љанубї беш аз 30 гол задааст.
Њайати эњтимолии ЉАЉ: Фернандес, Мокоена, Гекса, Масилела, Твала, Сибайя, Чабалала, Пиенаар, Модисе, Паркер, Маккарти.
Уругвай
Диего Форлан (19.05.79). Дар љавониаш аз футбол ва теннис аввалиро интихоб кардааст. Форварди чаќќон ва њарљогард аст, ки метавонад дар њама нуќтањои хати њуљум зебо бозї кунад. Ба болои ин суръати тез ва ва натиљаи хуб њам дорад. Бо «Манчестер Юнайтед» ќањрамони Англия шудааст. Дар Испания бозї карда, ду бор барандаи «Бутсињои тиллої» ва нишонзани бењтарини Аврупо (2005, 2009) гардидааст. Аз соли 2007 дар њайати «Атлетико» (Мадрид) бозї мекунад.
Њайати эњтимолии Уругвай: Кастилио, Лугано, Годин, Касарес, Фусиле, Родригес, Перейра, Перес, Гаргано, Суарес, Форлан.
Мексика
Рафаэл Маркес (13.02.79). Бозигари универсалии хати њимоя аст, ки дар мавќеи муњофизатгари марказї ва ниммуњофизатгари муттако њам зўр бозї мекунад. Аз соли 2003 дар њайати «Барселона» бозї мекунад, ки дар ин клуб се маротиба ќањрамони Испания, ду маротиба ѓолиби Лигаи ќањрамонњо ва барандаи Суперљоми Аврупо шудааст. Ѓолиби Љоми КОНКАКАФ (2003) ва Чемпионати љањонии клубњо (2009) гардидааст.
Њайати эњтимолии Мексика: Очоа, Магаллон, Санчес, Осорио, Маркес, Гуардадо, Торрадо, Дос Сантос, Салсидо, Вела, Бланко.
Фаронса
Терри Анри (17.08.77). Гўё бо тўб гап мезанад ва њарду њамдигарро хуб мефањманд. Бар зами ин суръати баланд дорад, ки ба вай бартарї медињад, то аз муњофизатгарон зўр барояд. Бо сараш зарба задан ба вай имконият медињад, ки аз дилхоњ нуќта гол занад. Ќањрамони љањон (1998) ва љойи дуюм дар МЉ-2006, ќањрамони Аврупо (2000), ѓолиби мусобиќоти Англия ва Испания мебошад. Бо «Барселона» ѓолиби Лигаи ќањрамонњо (2009) ва Чемпионати љањонии клубњо (2009) шудааст.
Њайати эњтимолии Фаронса: Манданда, Саня, Галлас, Эвра, Абидал, К.Диарра, Гуркюфф, Рибери, Тулалан, Анри, Жиняк.
Аргентина
Лионел Месси (24.06.87). Дриблинги аъло, суръати баланд, зарбаи сахт, мањорати хос ва бо партофти техникї бозї кардан сифатњои бозигари бењтарини Аврупо дар соли 2009 мебошад. Месси аз соли 2004 дар њайати «Барселона» бозї мекунад, ки тавонистааст се маротиба ќањрамони Испания, ду бор ѓолиби Лигаи ќањрамонњо ва барандаи Суперљоми Аврупо шавад. Чанд рўз пеш голи њалкунандаи Чемпионати љањонии клубњоро зад ва бењтарин дониста шуд.
Њайати эњтимолии Аргентина: Аббондансери, Занетти, Хайнсе, Демикелис, Бурдиссо, Маскерано, Гаго, Рикелме, Камбияссо, Месси, Агуэро.
Кореяи Љанубї
Пак Чжи Сун (25.02.81). Њамин ки Гус Хиддинк сармураббии тими мунтахаби Корея шуд, дарњол мањорати Пак ба чашми вай расид ва ўро ба даста даъват кард. Бозигар ба ин боварии мураббї сазовор љавоб гардонд ва дар МЉ-2002 бомуваффаќият бозї кард. Баъд Хиддинк кореягиро ба дастаи ПСВ бурд, аммо мањорати Пак ба таври њаќиќї дар «Манчестер Юнайтед» рў зад. Вай дар ин клуб соли панљум аст, ки бозї мекунад. Пак бозигари универсалї ва зањматкаш аст, ки дар њама нуќтаи хати нимњимоя хуб бозї мекунад.
Њайати эњтимолии Кореяи Љанубї: Ли Ун Љи, О Бум Сок, Ли Янг Пу, Ча Ду Ри, Кен Мин Су, Пак Чжи Сун, Ким Ду Хон, Хо Вон Хи, Ки Сан Янг, Сеул Ки Хён, Ли Дон Гук.
Нигерия
Оби Микел (24.04.87). Барандаи «Тўби нуќрагї»-и Мусобиќоти љањон-2005 миёни љавонон аст, ки аз љониби Моуринио ба клуби «Челси» даъват шудааст. Дар ин клуб ду маротиба Љоми Англия ва якмаротибагї Љоми Лига ва Суперљоми Англияро гирифтааст. Бо вуљуди љавониаш дар сатњи бозигарони таљрибадор бозї карда метавонад. Баъди шифо ёфтани захмаш мавќеаш дар њайати «Челси» мустањкамтар шуд ва бозии натиљадор нишон медињад.
Њайати эњтимолии Нигерия: Энеама, Йобо, Нванери, Тайву, Олофинљана, Айегбене, Одемвингие, Оби Микел, Якубу, Обинна, И.Уче.
Юнон
Теофанис Гекас (23.05.80). Муддати зиёд натавонист, ки аз ду намуди варзиш – футбол ва гўштии юнонї-римї якеро интихоб кунад. Оќибат соли 2005 дар майдони сабз дар њайати «Панатинаикос» дурахшид ва дар њамин мавсим нишонзани бењтарини чемпионат шуд. Баъди ду сол вай боз нишонзани бењтарин шуд, аммо дар Бундеслига (Германия). Дар љаримагоњи њариф худро чун моњї дар об њис мекунад, ки бештари голњояшро аз њамин нуќта мезанад. Њуљумкунандаи «Байер» дар вохўрињои интихобии МЉ-2010 дар Аврупо бо 10 гол нишонзани бењтарин дониста шудааст.
Њайати эњтимолии Юнон: Халкиас, Кирякос, Папасоѓлу, Торосидис, Пападопулос, Сейтарадис, Касуранис, Карагунис, Басинас, Гекас, Харистеас.
____________________________________________________
Кадом даста ќањрамони соли 2010 мешавад?
Тобистони соли 2010 дар Љумњурии Африќои Љанубї Мусобиќоти љањонии футбол баргузон мешавад, ки дар он 32 дастаи пурќуввати дунё ширкат меварзанд. Дар зер шарњи шорењи моро оид ба имкони аз даври аввал баромадани дастањо дар гўрўњњояшон мутолиа кунед.
Гурўњи А:
ЉАЉ, Месика, Уругвай, Фаронса
- Ин гурўњи махсус аст, зеро соњибони майдон бе бозї ба он дохил мешаванд. Онњоро тамоми мамлакат мухлисї мекунад, ки ин наќши калонро мебозад. Ба хотир оред, Мусобиќоти соли 2002-ро, ки Корея дар майдони худ то ба нимфинал расид. Ин дафъа чї мешавад, пешгўї кардан мушкил аст, аммо соњибони майдон ба ёрие умед баста метавонанд – аќалан ба кўмаки доварон.
Дар ин гурўњ фаворит Фаронса аст. Фаронсавињо њам њамон дастае нестанд, ки дар МЉ-2006 то ба финал расида буданд, аммо аз онњо њам њамеша дурахшеро интизор шудан мумкин аст. Роњхати дуюм шояд ба Мексика расад. Ин дастаи пурќуввату мутташаккил аст, ки дар мусобиќањои калон ба асаби азимдастањо мерасад. Онњо дар ЉАЉ барои љойи дуюм дар гурўњ мубориза хоњанд бурд. Ба Уругвай боварї камтар аст, аммо дастае, ки дар Америкаи Љанубї љойи панљумро гирифтааст, камќувват нест. Бисёр гуфтан чї лозим, гурўњи аљоиб созмон ёфтааст.
Гурўњи В:
Аргентина, Нигерия, Кореяи Љанубї, Юнон
- Дар ин гурўњ фаворити асосї маълум аст – аргентинагињо. Дигарњо муаммоянд. Нигерия, Кореяи Љанубї ва Юнон ќариб, ки имкони якхелаи баромадан ба 1/8 финалро доранд. Юнонињо дар соли 2004 ќањрамони Аврупо шуданд, аммо бисёрињо бовар доранд, ки ин њодисаи ногањонї буд ва дар ояндаи наздик онњо имкони ба чунин муваффаќият ноил шуданро надоранд.
Кореягињо бо нигоњ доштани тартибот ба пеш мераванд, аммо бо чунин роњ дур нахоњанд рафт. Фаќат дар сурати дар хона барпо кардани мусобиќа ягон имкон хоњанд ёфт. Нигерињо бошанд, метавонанд барои љойи дуюм дар гурўњ мубориза баранд. Рост, ки «суперуќобњо» њоло он паррандањои баландпарвоз нестанд, ки пештар буданд. Лекин онњо дар ќитъаи худ бадвоњима хоњанд буд ва метавонанд, ки ягон дастаи фаворитро дар плей-офф хомталош кунанд.
Гурўњи С:
Англия, ИМА, Алљазоир, Словения
- Боз як гурўњ бо фаворити мутлаќ. Дар гумон аст, ки ягон даста садди роњи љойи якумро гирифтани англисњо шавад. Љойи дуюмро бо боварї ба америкоињо додан мумкин аст, зеро футбол дар ин мамлакат бо суръат инкишоф меёбад ва чиновникњо ба варзиш ањамияти љиддї медињанд. Њоло дар ин ќитъа футбол кам ба назар расад њам, аммо мусобиќаи гузаштаи љањониро дар ёд дорем, ки тими мунтахаби ИМА дар вохўрињои финалї бомуваффаќият баромад кард. Футболбозонаш зањматкаш ва ќавииродаанд, ки то охирин лањза мубориза мебаранд. Аз онњо «surprise» интизор шудан мумкин аст. Алљазоир ва Словения низ мубориза хоњанд бурд, аммо боварї ба комёбии онњо кам аст. ИМА Русия ё Миср нест, ки худро ба шармандагї дињад.
Гурўњи D:
Германия, Австралия, Сербия, Гана
- Саволи асосї дар ин гурўњ – кадом даста љойи дуюмро мегирад, аст. Таќдири љойи аввал њалшуда гўем њам, хато намекунем ва бо боварї онро ба немисњо медињем. Барои љойи дуюм «хунхўрї» мешавад, ки Сербия бартарии бештар дорад, аммо ду дастаи дигарро сарфи назар кардан нашояд. Барои ганагињо осонтар аст, зеро дар наздикии хонаи худ бозї мекунанд. Дар маљмўъ аз дастањои африќої дар ќитъаи худ њангомаро бояд интизор шуд. Кай боз чунин имконият ба даст меояд? Аммо агар мањорати дастањоро ба инобат гирем, сербњо бояд љойи дуюмро гиранд, њарчанд тими мунтахаби њозираи Германия аз дастањои пештара заифтар аст. Клозе ва Гомес на он ќувваеанд, ки ба онњо такя кардан имкон дорад. Рост, ки тартибот ва таљрибаашон бењамтост ва ин бартарии асосї мебошад.
Гурўњи Е:
Голландия, Дания, Љопон, Камерун
- Гурўњи мураккаб. Баъди гурўњи «G» пурќувваттарин ба њисоб меравад. Голландињо бешубња фаворит шуморида мешаванд, ки ин мувофиќи онњост, зеро даста даври интихобиро бомуваффаќият гузашт.
Метавон таваккал карда, Камерунро дар љойи дуюм гузошт, зеро боз як дастаи пурќуввати африќоист, ки дар минтаќаи худ баромад мекунад. Маротибаи охир њамдастањои Это’О ќариб буд, ќањрамони минтаќаи сиёњпўстњо шаванд. Дания њам мисли Голландия вохўрињои интихобиро бобарор пушти сар кард. Даста футболи зебо нишон додан метавонад, аммо ба плей-офф баромаданаш дар гумон аст. Љопонињо ваќтњои охир дар футбол пешравї дорад. Футболбозоне доранд, ки дар Аврупо бозї мекунанд. Дараљаи мањорати онњоро њамин мусобиќа муайян мекунад, лекин аз 1/8 финал боло рафтани онњо њоло барваќт аст.
Гурўњи F:
Италия, Парагвай, Зеландия Нав, Словения
- Барои фаворитро осон пешгўї кардан гурўњи мувофиќ аст. Зинаи якум бе шаку шубња насиби итолёвињост. Љойи дуюм ба Парагвай. Ин даста дар минтаќаи Америкаи Љанубї зинаи сеюмро касб кардааст ва аз бразилиягињо, ки љойи якумро гирифтанд, як хол камтар дорад. Ин нишондињандаи љиддї аст!
Чунин ба назар мерасад, ки дастаи Зеландаи Нав ба Афирќои Љанубї чун сайёњ меравад, зеро вазифаи дарпешистодаро кайњо бо сарбаландї пушти сар кард. Дар ин байн Словакия мемонад, ки ду маротиба бозиро бар Словения, ки Русияро аз финал мањрум кард, бохтааст. Чунин ба назар мерасад, ки Италия ва Паргвай барои ба плей-офф баромадан имкони аъло доранд ва ду дастаи дигар њељ наметавонанд, ки садди роњи ин дастањо шаванд.
Гурўњи G:
Бразилия, ЉХД Корея, Кот-д’Ивуар, Португалия
- Гурўњи аз њама пурќувват дар ин мусобиќа! «Гурўњи марг» гуфтан мумкин аст, агар Кореяи Шимолї намебуд, аммо ба њар њол диќќати мухлисон аслан ба њамин гурўњ нигаронида мешавад. Дар назари аввал чунин менамояд, ки Бразилия дар ин гурўњ фаворит аст, аммо на њама ваќт назари аввал дуруст мебарояд. Суперситора дар њайати ин даста ба ѓайр аз Кака дигар ба чашм намерасад. Худи Кака њам он бозигаре нест, ки се-чор сол пеш буд. Аз ин рў бо Бразилия сар ба сар шудан мумкин аст. Се дастаи дигар кумирњои худро доранд, ки метавонанд бо ёри онњо ба даври дигар гузаранд. Бурди асосии карисњо тартибот ва ноумед нашудан аст. Пуштибони португалињо Криштиану Роналду ба шумор меравад, ки аз вай њар ваќт ќањрамонї интизор шудан мумкин аст. Кот-д’Ивуар Дрогба дорад, ки њама корро дар майдон кардан метавонад ва дар байни њамдастањояш зўрњо боз њастанд. Аз ин рў мубориза, футболи зебо, комёбї, нокомї ва њатто љангу љанљолро дар њамин гурўњ интизор шудан мумкин аст.
Гурўњи Н:
Испания, Швейсария, Гондурас, Чили
- Вазъият дар ин гурўњ мисли гурўњи F аст – аз љойи аввал ба даври дигар испанињо мебароянд, аз љойи дуюм Чили, ки дар вохўрињои интихобии минтаќаи Америкаи Љанубї бо ишѓоли зинаи дуюм ба ЉАЉ роњхат гирифт. Гондурас мисли Зеландия Нав метавонад, ки аз сайёњи ин кишвар шуданаш хушњолї кунаду мукофотпулии ба финал расиданро ба љайб зада, осуда шавад. Швейсарияњо бошанд, бояд ноумед нашаванд ва бо Чили барои љойи дуюм дастбагиребон шаванд, шояд натиљае дињад, аммо ба ин боварї кам аст.