НОБ-и Мардон дар Панҷрўд

МардонНОБ рўзи 3-юми январи соли 2011-ум ба кор шурўъ мекунад

МардонНОБ рўзи 3-юми январи соли 2011-ум ба кор шурўъ мекунад

Чун андешаам сари аз 9 дирам ба 11 дирам афзудани арзиши қувваи барқ буд, хабар расид, ки дар Панҷрўд ба ин зудиҳо ГЭС-и нав, ки сохтмонаш қариб ҳамтақдири Роғун аст, ба кор шурўъ мекунад. Надонистам, ки ҳайрат буд, хурсандӣ ва ё иллати ҳамон ғаззаби чанд лаҳза пеш доштаам (аз 11 дирам), ки ба расонандаи хабар ҳатто ташаккур гуфтанро фаромўш кардам.
Ин тобистон ман аз сохтмони ин ГЭС дидан карда, маҳсули ин сафарамро дар саҳифаи аксҳо тасвире низ гузоштаву дар зераш матни «МардонГЭС бо ҳиммати Муломардон дар сарҳади Артуч бунёд шудааст, ки ба мардуми Панҷрўд қувваи барқ хоҳад дод (кай, маълум нест)» ҷо дода будам. Чун он замон маълум набуд, ки сохтмони он кай ба охир мерасад, зеро пайдо кардани агрегат ва ё трубинаи он барои Мардонқул мушкилӣ эҷод карда буд, ман аз навиштани матлаби бештаре худдорӣ кардам.
Чаро гуфтам, ки ин ГЭС қариб ҳамтақдири Роғун аст? Зеро дар кори бунёди он мушкилиҳо бисёр буданд, ҳам мушкилии моливу пулӣ ва ҳам омилҳои берунӣ, ки мехостанд садди роҳи бунёди ин НОБ (ба фикрам тоҷикӣ нависам беҳтар аст) мешуданд. Хушбахтона, мардуми Панҷрўд ва Мардонқули Раҳмонқул, ки бо ибтикор ва ёрии пуливу ақливу молии вай ин НОБ бунёд шудааст, аз ўҳдаи иҷрои ин кор баромаданд ва инак, дар нақша ҳаст, ки рўзи 3-юми январи соли 2011-ум маросими ифтитоҳи он баргузор мешавад. Умед ҳаст, ки нерўгоҳ на танҳо Оромгоҳи Рўдакӣ ва манзили аҳолии Панҷрўд, балки хонаҳои сокинони деҳаҳои Кулоливу Зери Ҳисорро низ равшан хоҳад кард. Боз умеди дигар ин аст, ки НОБ-и Роғун низ мисли МардонНОБ ба ин зудӣ ба кор медарояд ва нақшаи аз 11 дирам боз ба 14 дирам афзун кардани арзиши қувваи барқро дар Тоҷикистон барҳам мезанад.
Ба Муломардон сарфарозӣ, барори кор ва идомаи чунин некукориҳо мехоҳам, чун вай доимо дар пайи кори хайр аст. Соле пеш дар маркази деҳаи Панҷрўд пули наверо ба истифода дод, ки мардуми ду соҳили Уреҷро бо ҳам мепайвандад.

Comments are closed.