Ғазали ноумедӣ

Бо ёди рухат шоми ғарибона саҳар шуд

Бо ёди рухат шоми ғарибона саҳар шуд

Агар гўям, ки ман шеър навиштаам, шояд бовар накунед, вале боре чанд қалам ба даст гирифтаам, то диламро маҳз бо воситаи шеър холӣ кунам. Аз чанд шеърҳои навиштаам беҳтарашро интихоб кардам, то пешкаши шумо гардонам.

Медонам, ки шояд ба талаботи шеър ҷавобгў набошад, аммо қудратам ба гуфтани ҳамин маънӣ расидааст ва ман аз он на шарм мекунаму на ифтихор. Шарм намекунам, зеро боре даъвои шеъргўиву шоирӣ накардаам ва ин ғазал (оре, ин ғазале аст, ки барои ман аз ҳамаи чизи навиштаам боарзиштар аст) маро аз шарм кардан мераҳонад. Ифтихор намекунам, чун медонам, ки аз ин хубтару беҳтар гуфтан метавонам, аммо ҳоло не, шояд баъдтар…

Инак «Ғазали ноумедӣ»
Бо ёди рухат шоми ғарибона саҳар шуд,
Оғўши ту маҳфилгаҳи ёрони дигар шуд!
Гаҳ ҳамнафасам будиву гаҳ бе нафаси ту,
Аҳволи мани ғамзада аз мурда батар шуд!
Ангушти ишорат ҳама сўям бинамоянд,
Азбас ки ангушти ҳариф мушти зафар шуд!
Фарёд зи худ созаму аз карда чӣ нолам?
Ҳошо, ки шогирдаки ман марди ҳунар шуд!
Пешам ҳама холиву ба пас менигарам ҳеч,
Тақдир ҳамин буд, чӣ қазову чӣ қадар шуд!
Ғайрат бинамо Шўҳрату аз ишқ гузар кун,
Умрат ҳама бекораву роҳат ба сафар шуд!

Ин ғазал албатта таърих ва сабаби навиштан дорад, ки ҳатман дар фурсати мувофиқ қисса хоҳам кард. Нагўед, ки фурсат кай мерасад. Агар умр боқист, пас ман хотираҳоямро сара карда, ин ҷо нашр хоҳам кард. Бо умеди хушӣ ва ғазалгўии шумо…

Ёдат ҳаст?

Ёдаш ба хайр бод, он ишқи кўдакӣ…

Ёдаш ба хайр бод, он ишқи кўдакӣ…

Рўзҳои хеле тиллоӣ ёдат ҳаст? Рўзи тарс азҳамҷудоӣ ёдат ҳаст? Шаби чидани ситора ёдат ҳаст? Шеърҳои китоби дарсӣ ёдат ҳаст? Ёдат ҳаст, гуфтӣ метарсӣ, ёдат ҳаст? Дастамон ба дасти ҳам буд, ёдат ҳаст? Ғуссаҳомон ками кам буд, ёдат ҳаст? Чашми нозат моли ман буд, ёдат ҳаст? Дидани ман қатаған буд, ёдат ҳаст? Рўзгори қаҳру оштӣ ёдат ҳаст? Ҳеч касе ҷуз ман надоштӣ, ёдат ҳаст? Рўъёҳои осмонӣ ёдат ҳаст? Қавл додӣ пешам бимонӣ, ёдат ҳаст? Рўзҳои бе ғаму ғусса ёдат ҳаст? Бубинам аввали қисса ёдат ҳаст? Дасти гарме дар зимистон ёдат ҳаст? Шонаи ман зери борон ёдат ҳаст?…
Кӣ ба ин зебоӣ метавонад, гузаштаи як писараки ошиқеро мисли ман ба риштаи сухан кашад? Шеъре ба ин зебоӣ дар ин мавзўъ нашунидаам. Гўяндаи ин шеър (ровиро дар назар дорам, аммо намедонам, ки он моли кист) Марям Ҳайдарзода аст, ки бо оҳангу нафосат ва тарзу баёни тасхиркунанда онро то ба гўши шунаванда мерасонад.
Дигар чизе аз ин зиёдтар наметавон гуфт. Барои он, ки худ қазоват кунед, порчае аз он дар ин сайт ҷо мекунам. Мутаассифона, наметавонам, ки онро ба пуррагӣ пешкаши Шумо гардонам, чун сайт чунин иҷозатро намедиҳад. Барои шунидани ин шеър ин ҷоро clik кунед.

Аз таърихи Панҷрўд

Чойхонаи Панҷрўд, ки чанд сол пеш серодам буд…

Чойхонаи Панҷрўд, ки чанд сол пеш серодам буд…

Абдураҳмони Мустаҷир ном нависандае бо ҳамроҳии аскари Урусия, ки соли 1870 ба бо болооби Зарафшон экспедитсияи ҳарбӣ ташкил намуда буданд, ба сарзамини мо сафар кардааст ва маҳсули ин дидаҳояшро дар китоби «Рўзномаи сафари Искандаркўл» тасвир намудааст. Вай дар бораи Панҷрўд чунин менависад:
«Баъд аз он тангӣ гузашта будем, ки як қишлоқи калоне намудор шуд. Ба он қишлоқ рафта, дар як чорбоғе фуромада, шаб хоб карда, пагоҳирўз хеста, дидем, ки бисёр ҷои васеи файзосор ва чаҳорбоғи бисёр дорад. Зардолу ва себ ва олуча ва чормағз ва зироати бисёре дорад, мисли гандум ва ҷав ва зағир ва боқило ва арзан ва қуноқ. Панҷ санги осиёб ва се масҷид доштааст. Мардуми он қишлоқ миқдори сад хонавор. Ва ҷои ободе будааст. Ба он ҷой ҳам оташ заданд. Ва он қишлоқро Панҷрўд мегўянд, аз он сабаб, ки сари ҷўй аз панҷ ҷо будааст».
Ин тасвири Мустаҷир то ҳол боқӣ мондааст, чун Панҷрўд ҳоло ҳам макони файзосор ва чорбоғҳои зиёде дорад. Ҳар хонадори ин мулк соҳиби боғу роғ аст, ки бисёр ҷои бофароғат ва зебост. Боғҳо аз Зардолу, себ, нок, олуча, чормағз ва дигар дарахтони мевадиҳанда иборатанд ва дар кўҳҳо дарахтони худрўи хасакии себу писта ва зирку ҳулўлу вағнич зиёданд. То солҳои наздик тамоми аҳолии Панҷрўд рисқашонро аз боғдорӣ медиданд, чун себу ноки аълояшон дар бозорҳои Туркманистону Ўзбекистон баҳо надошт. Баъд ҷумҳуриҳо мухтор шуданду роҳҳо баста ва мева хўроки чорво шуд. Баъзе аз боғҳоро буриданд ва дар пайи он гандум киштанд. Баъзе аз боғҳои дигарро Шўравӣ иҷозат намедод, ки равнақ ёбанд, чунки дар ин заминҳо тамоку кишт мешуд ва маҳсулоти «стратегӣ» ба ҳисоб мерафт. Ҳоло дар ҳеҷ куҷои Панҷрўд тамоку кишт намекунанд, зеро ба он талабот нест.
Барои хондани давоми мавзўъ ин ҷоро пахш кунед

Пурсиши «психопат»

telka

Ин духтар барои муҳаббат даст ба куштор задааст

Салом дўстони ман!
Агар гўям, ки вақти холӣ камтар дорам ва наметавонам, зуд-зуд ба ин саҳифа навгониҳо ворид кунам, хато хоҳад буд, зеро ҳамин чанд вақти охир тамоман бекорам ва дарк кардам, ки бекорӣ ба кас мисли беморие мечаспидааст. Чандин гуфтаниҳо дорам, аммо ҳавсала ва рағбатам нест. Чаро бояд дурўғ гўям, вақте ҳамин хел ҳаст? Аслан мушкилӣ на танҳо дар ин аст, балки дар пайвастшавӣ ба Интернет ҳам мебошад. Дар ин чанд вақти охир пайваст шудан ба шабакаи Интернет басо мушкил шудааст. Дар ҳамин лаҳзаҳое, ки ин сатрҳоро менавиштам, алоқаи ман бо инет тамоман канда шуд ва ман маҷбўр шудам, ки аз хизмати Microsoft Word истифода кунам.
Мехостам, ки ин пурсиши навбатиро низ ҷамъбаст кунам, чун чанде аз дўстонам ба ман занг задаву аз ҷавоби дурусти ин пурсиш савол мекарданд. Аввал биёед маълум кунем, ки мавзўи пурсиши мо дар бораи муҳаббат буд, ё куштор. Матни пурсишро ман то тавонистам кўтоҳ кардам, то дар саҳифа ғунҷад. Пурсиш ин буд: Духтаре дар ҷанозаи модараш ҷавонеро дид, ки барояш писанд омад. Духтар шабу рўз дар фикри ин ҷавон шуд ва оқибат рўзе хоҳарашро кушт. Чаро духтар даст ба ин амал зад? Барои маълум кардани мавзўи пурсиш бояд ҷавобҳои пешниҳодшударо низ аз назар гузаронем:
1.Мехост бори дигар ўро бинад.
2.Вай маъшуқи хоҳараш буд.
3.Духтар девона шуд.
4.Намедонам.
Чун дар ҷавобҳо дар бораи куштор аслан сухане нест, пас дилпурона метавон мавзўи ин пурсишро муҳаббат гуфт.
Ҳамин тариқ, биёед бинем, ки ба ин муҳаббатпурсиши мо чанд нафар чӣ ҷавоб доданд. Дар ин пусиш ҳамагӣ 17 нафар ширкат карданд, ки ман ба ин нафарон миннатдорӣ баён мекунам. Ба онҳое, ки бо кадом сабабу баҳонае нахостанд ба ин пурсиш ҷавоб гўянд, гуфтаниям, ки дилпур бошед, ҳамааш аз ҳамин хурдтарин саволу пурсишҳо сар мешавад.
Ба пурсиш 10 нафар (59%) ҷавоби «Мехост бори дигар ўро бинад», додаанд. Ҳамаи ин нафаронро табрик мегўем, чун ҷавобашон дуруст аст. Аммо ман ба ҳамаи онҳо ҳамдардии худро мерасонам, зеро мувофиқи тадқиқоти мутахассисон ва рўҳшиносон ин нафароне, ки чунин ҷавоб доданд, маризии рўҳӣ доранд ва бояд аз назари духтури рўҳшинос гузаранд. Ин ба он маъное нест, ки онҳо рўҳан беморанд, балки бо истилоҳ онҳо «психопат»-анд. Ин тоифа низ, агар дар ҷои ин духтар бошанд, барои ҳалли мушкилиашон метавонанд, ки даст ба куштор зананд. Пас, онҳо «психопат» ҳастанд.
Онҳое, ки «Вай маъшуқи хоҳараш буд» (5 нафар, 29%,) ҷавоб доданд, гумон карданд, ки мантиқан ҷавобашон дуруст аст. Яъне, духтар барои ба даст овардани ин ҷавон, ки маъшуқи хоҳараш буд, даст ба куштор зад. Ҷавобдиҳандагон аз мантиқ кор гирифтаанд ва наметавон, ки онҳоро «бемор» гуфт, вале ба ҳар ҳол ҷавобашон нодуруст аст.
Ба «Намедонам» (12%, 2 Votes) гуфтаҳо ҳеч чиз гуфтан намехоҳам, чун намедонам чӣ гўям.
Ҳеч кас ҷавоби «Духтар девона шуд» (0%, 0 Votes)-ро интихоб накард, пас маълум мешавад, ки ин пурсиш аз муҳаббат дур аст. Чун ҷунун нишонаи муҳаббат аст. Аз ҷавобҳо маълум шуд, ки пурсиш ба куштор наздиктар аст, аз он, ки ба муҳаббат.

Саргузашти Тангем

Вазъи нақлиёти пойтахт дар ин чанд рўзи охир, ки донишҷўён ба мактабҳо баргаштанд, хеле бад шудааст. Дирўз ба Тангеме нишастам. Баъди фурсате ронанда сари мошинро ба қафо тоб дод ва аз байни кўчаву паскўчаҳо гузашта, ба қавли худаш «коркунони литсензияро гўл зад». Баъди поён шудан аз мошин ба хотирам як навиштаам омад, ки тахминан 4 моҳ пештар иншо ва дар «Боргоҳи сухан» нашр шуда буд. Зарур донистам, ки онро пешниҳоди шумо хонандагон гардонам. Агар писанд омад, хушам.  »» »»

Ду ҷамъи ду тақсими ду

Ман математик нестам!

Ман математик нестам!

Гумон мекунам, ки вақти ҷамъбасти пурсиш фаро расидааст. Пурсиши ман аз саволи арифметикии «Ду ҷамъи ду тақсими ду чанд мешавад?» иборат буд, ки ба он 15 нафар ҷавоб гуфтанд. Аз инҳо 4 нафар ҷавоби дуруст доданд ва ман ҳамаи онҳоеро, ки ҷавоби 3 додаанд, табрик мегўям, зеро ин ҳалли дурусти ин мисоли арифметикӣ аст. Ба онҳое, ки (8 нафар) ҷавоби 2 додаанд, ҳамдардӣ мекунам, зеро ҷавобашон ғалат аст. Ду нафаре, ки гуфтаанд «чанд даркор?» низ қариб ҷавоби дуруст додаанд, аммо ҳолатҳое ҳаст, ки бояд ба савол аниқ ҷавоб дод, вагарна аз имтиҳон нагузаштан мумкин, ки оқибати хуб надорад. 1 нафар бо чӣ сабаҳое ҷавоби онро 1 гуфтааст, ки тамоман хатост. Шояд вай мисли ман дар дарси математика хоб мекардааст…

Акнун бубинем, ки барои чӣ ҷавоби ин савол 3 мешудааст. Аввал ба интонатсия диққат диҳед. Ду ҷамъи дутақсими ду, яъне, ду ҷамъи як аст, зеро дутақсими ду як мешавад. Пас, ду ҷамъи дутақсими ду се хоҳад шуд. Ба ёд оред, ки дар арифметика роҳи ҳалли мисол ҳаст ва чун қоида аввал амали зарбу тақсим, сипас ҷамъу тарҳ иҷро карда мешаванд. Дар мисоли мо мо бояд аввал дуро ба ду тақсим кунем, баъд ба ду ҷамъ кунем. Яъне, 2+(2:2)=2+1=3.

Ба ҳама бурдборӣ мехоҳам ва даъват мекунам, ки дар пурсиши навбатӣ фаъолона иштирок намуда, ҷавоби дуруст ва сазовор диҳанд. Барори кор!

Сафар ба Панҷрўд

Дар роҳ ба сўи Панҷрўд (аз чап ба рост: Ҳушанг, Абдувоҳид, ман ва Субҳон)

Дар роҳ ба сўи Панҷрўд (аз чап ба рост: Ҳушанг, Абдувоҳид, ман ва Субҳон)

Имсол фурсат даст дод, ки ман аз зодгоҳам деҳаи овозадори Панҷрўд дидан кунам. Дар ин сафар бо аҳли оилаам маро ҳамчунин дўстонам Абдувоҳиди Зевар (муҳаррири маҷаллаи «Чашма», аз Панҷрўд) бо фарзандашон Ҳушанг ва Субҳон Ҷалилов (муҳаррири барномаи «Субҳи Ватан»-и радиои Ватан (106 FM) ҳамроҳӣ карданд. Аксҳои зебо аз ин сафар дар бахши «Аксҳо» ҷой дода шудаанд. Тафсилоти сафарро баъдтар нашр хоҳам кард. Худо нигаҳбони Шумо!

Футбол ва ифтихори миллӣ

nelsonБо оғози Мусобиқоти ҷаҳонии футбол дар Африқои Ҷанубӣ дар тамоми дунё ид сар шуд, аммо шояд барои мо ин ид як пули пучак ҳам арзиш надошта бошад, зеро мо наметавонем аз футбол ифтихори миллӣ дуруст кунему онро чун ид қабул намоем.
Вақте шаҳомати консерт ва кушодашавии Мусобиқоти Ҷаҳон-2010 оид ба футболро тариқи телевизиор (моҳвора) дар Йоханнесбург дидам, пай бурдам, ки чӣ тавр як халқи дуртарин гўшаи дунё барои сарзаминаш, барои ватанаш, барои халқаш, барои маданияташ ва дар охир барои ранги пўсташ ифтихор мекунад.
Ифтихор мекунад, ки бо вуҷуди бенавоиаш метавонад чунин маъракаи муҳимро қабул кунад, аз 32 давлати дунё ҳазорҳо нафарро ба оғўши худ гирад.
Вақте аз Нелсон Монделла мегуфтанд, дар симои ҳар нафари ин сиёҳпўст ман барандаи ҷоизаи Нобелро медидам. Медидам, ки чӣ тавр ҳамаи онҳо бо Монделла як тану як ҷон ҳастанд, зеро вай рамзи озодӣ ва адолат дар ин кишвар шудааст. Аввалин президенти сиёҳпўст дар Африқои Ҷанубӣ аст ва маҳз вай буд, ки дар соли 1995 мусобиқоти ҷаҳонии регбиро мамлакаташ қабул карда, Африқои Ҷанубиро қаҳрамони ин бозиҳо гардонд. Аз ифтихори онҳо ман ифтихори доштаамро аз ҳаммилатонам ночизу хандадор донистам.
Вақте «Як гол барои саводноккунӣ» дар ин қитъа бо дастгирии FIFA тарҳрезӣ ва амалӣ карда шуду ҳар африқоии гурусна, тани урён, китоб дар бағал мехоҳад ҳарф омўзад, аз 11-солагиву 12-солагии таълим дар мактабҳои худамон ёдам омад. Мактабҳоямонро 12-сола карданӣ ҳастем, аммо як дарси хубе аз футбол чӣ, аз варзиш надорем. Ҳеч ҳамватани мо имкон надорад, ки як голе ба дарвозаи ин африқоиҳои гуруснаи бесавод занад. Задан натавонистан он тараф истад, лоиқи он нестем, ки дар рў ба рўи онҳо ба майдон бароем, зеро то ҳол мо бузургии футболро дарк накардаем, намедонем, ки он бозии рақами яки дунё шудааст.
Ҳамон рўз африқоиҳо дар майдони худ дастаи Мексикаро қабул карданд ва голи аввалини ин мусобиқаро ҳам заданд. Ба назар чунин мерасид, ки онҳо ба майдон баромада, ба меҳмонон нишон доданӣ буданд, ки сазовори қабули ин мусобиқа ва ширкат дар ин бозиҳо ҳастанд.
Ман боварӣ надорам, ки ин мамлакати африқоӣ дар мусобиқа ғолиб меояд, аммо ман барои истодагарӣ, шукўҳмандӣ ва ғайрати ин футболбозон мухлисӣ хоҳам кард. Барои халқе, ки новобаста аз ҳама чиз метавонад, дар майдони сабз пойлуч ҳам бозӣ кунад, танҳо ба хотири он, ки аз ҳаммилати Нелсон Монделла буданашро исбот намояд.
Аммо наметавонам ин ифтихорро ба пуррагӣ бинам, зеро телевизорам ин идро ба тарзе пешкаш мекунад, ки чеҳраи ин мардуми хушбахти имкони аз наздик  тамошо кардани футболро дошта, дар пасманзари рекламаи кадом як нўшокии фантастикии Beg Biear ноаён мешавад. Ҳамватанони ман на аз Монделла хабар доранду на ифтихор аз озодӣ доранду на футболро дуруст мефаҳманд, вагарна масъулини телевизионашон дар дақиқаи 71-уми ҳар вохўрӣ, ки мустақиман пахш мешавад, реклама ва барномаи ахбори кўҳнаро ҷо намекарданд. Ё ин телевизион моли хусусии ширкатҳои рекламадиҳанда аст, ё масъулин бо ин корашон мехоҳанд, ки аз «боло» гап нашунаванд. Бехабар аз он, ки ба ғазаби «боло»-иҳову нафрати «поёниҳо» гирифтор шуданашон аз имкон дур нест.

Мо наметавонем!

nametonemМо ба ғайр аз гуфтан, дигар ҳеч коре кардан наметавонем
Ҳама ба мо пушт гардонданд, зеро мо ҳеҷ коре аз дастамон намеояд. Дар рўзҳои сахти сахте, ки ҳеч чиз аз дастамон наомад, фаҳмидем, ки ҳеҷ коре кардан наметавонем, ба ҷуз аз бечоранолӣ. Мегўед, ки ман хато мегўям? Маро ба нотавонии худам мутаҳҳам мекунед? Ба ин айби мондаи шумо розиам, аммо шумо гўед, ки кӣ метавонад дар ҳамин шабу рўз барои миллат, ватан, халқ коре кунад? Чӣ кор?
«Роғун»-ро баҳона карда, роҳи оҳанро бастанд? Бастанд! Ҳоло, ки бо пофишории онҳо тасмим гирифта шуд, дар сохтмони ин нерўгоҳ (иншооте, ки ба ҷуз аз мо ба касе дигар таллуқ доштан наметавонад) ташхис гузаронида шавад, роҳ барои вагонҳои «зиндонӣ» боз нашуд. Касе аз дасташ коре омад? Рафтанд, нишастанд, гуфтанд (ягона коре аз дастамон меояд) ду даст дар бинӣ омаданд. Магар ҳамин тавр нест?
Ду рўз пас аз офат чанд вагони бори худи моро иҷзоат доданд, ки ба манзил расад, мо дар посух ба ғайр аз «раҳмат, ҷаноби олӣ» гуфтан, дигар коре кардан натавонистем. Ин навбат ҳақиқатро ҳатто барои худамон гуфтан натавонистем. Натавонистем гўем, ки бояд ин вагонҳову дигар борҳо ҳам бояд саривақт ба манзил расанд, зеро ҳамсоякишвар бо мо дар ин бора шартнома дорад. Танҳо гуфтан тавонистем, ки роҳбари онҳо хайрхоҳ аст, дар баробари кулфати мо бетараф нест. Аммо натавонистем гўем, ки баъди чанде агар вагонҳои дигар ба манзил нарасанд офати дигар – қиммативу қаҳтӣ, ки аз ҳар офати дигар камие надоранд, ба сари мо ҷабр хоҳанд кард.
Мо фақат метавонем гўем, ки нархи сўзишворӣ дар Душанбе боло рафт. Шояд гўед, ки ҳамин як кор аз дастамон омад, ки нархи сўзишвориро баланд кардем? Ҳамин тавр не? Не, мо на танҳо нархи сўзишворӣ, балки нархи обу ҳавои худамонро наметавонем як танга бо ихтиёри худ болову поён кунем! Барои ин ҳастанд касоне, ки ба ҷои мо «ғамхорӣ» карда, нархнома тартиб медиҳанд. Чунки мо иқтисод чӣ, арифметикаро ҳам наметавонем. Ду ҷамъи дуи дигарон маъмулан панҷ (баъзан чор) шавад, аз мо як, баъзан нол мешавад.
Як нотавонии дигарон дар марз, лекин ҳеҷ нест, ки ба дигарон сироят кунад. Дар марзҳои Тоҷикистон баъди минакорӣ боз арбадаҷўӣ ҳам карданд. Касе, ба ҷуз аз он, ки ба худи мо хабар диҳад, чизе дигар гуфту кард? Накард! Кай? Дар куҷо? Марҳамат, канали телевизиони хориҷии К+ (мо худамон худамонро хабардор кардан наметавонем) иттилоъ дод, ки дар марзи Зафаробод бо Ўзбекистон ду нафар шаҳрванди Тоҷикистонро сарҳадчиёни ўзбек аз хоки кишвари мо даст баста, аз гиребонашон кашон-кашон бурданд. Ба ҷуз аз он, ки ҳамсари ин асир бо нола имдод мехосту бародараш шарҳи ҳол мегуфт, дигар вокунише нашуду нест! Чунки касе чизе кардан наметавонад! Даъвогаре надорем. Мабодо нафареро ба даъво фиристем, худ бо чанд даъвои дигар пас меояд ва Худо медонад, ки баъди омаданаш ў аз мо ҳаст, ё не. Зеро мо наметавонем, ки худиро аз бегона фарқ кунем!
Бемории нобудаеро ба сари мо оварданд, қабулаш кардем, чунки мо наметавонем рад кунем, иммунитет надорем! Наметавонем донем, ки чӣ беморист, ё наметавонанд ба мо фаҳмонанд, ки ин чӣ мариз аст, ки маҳз ба сари мо омадааст. Ҳоло наметавонем кафолат диҳем, ки ин беморӣ то кай дар ҳавои мо мегардаду боз ҷони чанд нафарро се рўз (мегўянд дарозои ин беморӣ ҳамин мўҳлат аст) ранҷ медиҳаду қабз мекунад.
Жириновский пешниҳод кард, ки Тоҷикистонро ба Расия ҳамроҳ карда шавад, ё умуман муносибат бо Душанбе қатъ гардад. Натавонистем дар баробари як аҳмақ сукут кунем. Ягона кори аз дастамон меомадаро кардем. Хеле навиштему гуфтем. Моро на таклифи ҳамроҳ шудан кайфар кард, балки пешниҳоди қатъ кардани муносибат нотавон кард. Тарсидем, ки бе Расия мемурем. Натавонистем хўи бардагиро аз худ дур кунем…
Инак, сарҳади бе ин ҳам дарбастаро расман ба рўямон бастанд. Рў ба раҳми Худо мешинем. Ин кор аз дастамон меояд! Ана боз як коре, ки метавонем кунем, аммо ин кор нест, ин беамалист. Фардо Қирғизистони ошўбдида ҳам марзашро мебандад. Ҳамон Қирғизистоне, ки барои бастани сарҳадаш аз ҷониби Қазоқистон чанд муддат маҷрои обро ба Ҷамбул баст ва қазоқҳо маҷбўр шуданд, ки сарҳадашонро дубора кушоянд. Аммо мо наметавонем обро бандем. Аз дастамон намеояд. Не, мо бисёр ҳам мехоҳем, аммо наметавонем, зеро ҷойе надорем, ки обро нигоҳ дорем, ё сўе надорем, ки маҷрояшро ба он тараф гардонем. Дурустараш, наметавонем, ки ҷойе ё сўе дошта бошем.
Наметавонем фаҳмем, ки чаро ҳамаи ин маҳз ба сари мо, ки наметавонем «Роғун»-ро созем, наметавонем вагонҳоямон аз банд раҳо кунем, наметавонем мардумамон аз офат наҷот диҳем, наметавонем аз фақр бароем, хулас, наметавонем, ки касеро озор диҳем, омадааст. Наметавонем, ки ҳайрон нашавем…
…Ва ҳоло боз шоҳиди чандин нотавониамон хоҳем шуд, ҳамон ҳам агар дар баробари талош барои ҳаёт натавонем нест шавем. Дар акси ҳол наметавонем бинем, ки боз то чӣ ҳад наметавонем коре кунем.

Як сел ояд

Мехоҳам як сели азими дигар ояд, селе ояд, ки доно бошаду оқил, то бешарафию беномусии мардуми моро шўяду барад

Арафаи Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро аҳолии Тоҷикистон то дер боз фаромўш нахоҳанд кард, балки шояд ин рўзҳо дар таърихи кишвари мо чун рўзҳои мудҳиши пурмотам сабт гарданд.

Дигаронро намедонам, аммо ман ин дарду ғами мардуми Кўлобро хуб ҳис карда метавонам, зеро борҳо ба сари ману аҳли зодгоҳам чунин мусибат омадааст. Хонаҳои моро чанд маротиба сел бурд, маротибаи охир батамом рўфту сангзор кард. Ман аз Панҷрўд сухан мегўям, ки то имрўз даҳҳо нафар аз ҳамдеҳагонам ба ман занг задаву хоҳиш карданд, ки ҳамдардиашонро тавассути рўзнома ба мардуми шарифи Кўлоб расонам.

Вақте дар назди чашмонат сели азим хонаву даратро мебараду коре кардан наметавонӣ рўзи сахте аст, аммо аз ин бадтар рўзи сиёҳ ин аст, ки вақте дасти ба сўят дарозкардаи фарзандатро дар даруни лой гирифтан наметавонӣ.

Шаби 7 ба 8-уми май, соати 2, мардуми дар хоби нози Кўлоб ва як қатор ноҳияи атрофи онро сел шояд бедор накарда, ба коми худ кашид. Ин шаби сияҳрўз чандин нафар аз кўдакони ин минтақа, ки то ҳол шумораи аниқашон муайян нашудааст, бо умед сар ба болин ниҳода буданд, то фардо гузаштани паради ҳарбиро тавассути телевизиор бинанд. Онҳо то ҳол хобанд, намедонанд, ки паради ҳарбӣ ҳам гузашту вагонҳои орд ҳам ба Кўлоб омад. Аммо онҳо агар медиданд, ки чӣ тавр омадани вагонҳоро дар марказ хуш қабул мекунанд, шояд ҳеҷ гоҳ намемурданд, то миллаташон чунин нангро ба худ раво намедид. Гап дар сари он, ки Ўзбекистон баъд аз се моҳи боздошти қаторҳои молу колои Тоҷикистон баъзе аз вагонҳои ҳомили ордро ба самти вилояти Хатлон иҷозаи убур додааст. Ин амали ҷониби Ўзбекистон албатта, боиси таҳсин аст, аммо на ба ин дараҷае, ки расонаҳои давлатии мо карданд. Ҳарчанд ин рўзҳои сиёҳ ба ҳеҷ қиссае рост намеоянд, аммо ин вагонбиёӣ ба хотири афсурдаи ман қиссаи «Бузаки ҷингилапо»-ро овард. Ҳамон саҳнаеро, ки гург ба назди усто барои ҳаққи хизматаш каллаву почаи гўсолаи худи усторо дастовез мебарад. Вагонҳои худамонро барои ба манзил расидан иҷозат доданд, яъне мебояст, барои дастрас кардани моли худамон ин миқдор қурбонӣ медодем?

Аз сўи дигар ҳамин гургошноии ҳамсояҳо аз сад ҳамватани беору беномусу бехудои мо беҳтару хубтару писандитар аст. Худо ба Ислом Абдуғаниевич шифои комил диҳед, ҳар дарду ранҷе дорад, ба зудӣ бартараф шавад. Маълум, ки дард мекашад, вагарна дар сад моҳи дигар ҳам Худо медонад як вагон аз ғавчўбаш мегузашт, ё не. Ба Русия барои иштирок дар Иди Ғалаба нарафт, ин аз он нест, ки дар сари роҳи оҳан нишастаасту худаш вагонҳоро ба Хатлон мефиристад, балки шояд нотоб асту беҳол. Ҳар чӣ ҳаст, мардак одамгарӣ кард, метавонист дар консертҳои ташкилкардаи духтараш роҳат кунад, ё футболи Ривалдоро дар «Бунёдкор» каҷпаҳлў зада тамошо кунад. Аммо ин тавр накард. Дар шараёни вай дар муқоиса бо баъзе аз чиновникҳои мо хуни одамӣ ҷорӣ аст. Агар вай фаҳмад, ки ин беномускони мо барои чанд вагони дигар аз баҳри Роғун чӣ, аз баҳри Тоҷикистон мегузаранд, шояд вагонҳои сўзишвориро низ иҷозат диҳад. Интизор бошед, чанд рўз пас ин вагонҳо ҳам меоянд, аммо «куни сўхта мемонад».

Садҳо нафарро сел ба коми худ кашид, аммо то ҳол мақомоти дахлдор ин рақамро пинҳон медоранд. Мувофиқи омори аввалин дар Кўлоб 7 нафар фавтидаанду 40 каси дигар бедараканд. Ба гумони ин сарчашмаҳо шояд сел ин 4 нафарро дар куҷое пинҳон кардааст ва рўзе зиндаву саломат бармегардонад? Ин бедаракон ҳам қурбони саҳлангориву бешарафии масъулин шуданд, онҳоро на офат, балки бепарвоии ҳамонҳое кушт, ки сарвивақт обгузарро поккорӣ накарданд. Ақли солим бар он аст, ки пеши роҳи офатро гирифтан кори ношуданист, бахусус агар он дар торикии шаб, вақти хоб ояд, аммо агар пеш аз боронгариҳо сою обгузару наҳрҳо тоза мешуданду соҳили дарёҳо мустаҳкам мешуд, хатари офат камтар ва ин қадар қурбонӣ дар пай намешуд.

Дар ягон минтақаи дигари Тоҷикистон низ мардум аз хатари ин офат эмин нестанд. Худо накунаду дар дилхоҳ мавзеъ боронгарии шадид шавад, хавфи аз соҳил баромадани обу лой ҳаст, зеро ҳама сойю наҳру дарёҳои Тоҷикистон аҳволеро доранд, ки Тебалайю Ёхсуву Сурхоб доштанд.

Мутаассиф аз онам, ки ҳеҷ кас аз хурд то Калон аз ин ҳодисаҳо панд намегиранд, ҳатто шояд аллакай фаромўш ҳам карда бошанд, ки дар Кўлоб сел омаду ҷони одамонро бурд. Ин одамон пораи гўште набуданд, ки гурба бурда бошаду аз набуданашон ғамгин нашавем. Аммо маро ҳолате фаро гирифтааст, ки наметавонам шарҳ диҳам. Чӣ гуна метавонем ба ин воқеаи мудҳиш бетараф бошем? Ҳатто барои хотири қурбониён рўзи мотам чӣ, соати мотам эълон накарданд, ҳарчанд ин раҳматиҳо ба мотами мо барин ҳамватанони беномус дигар эҳтиёҷ надоранд.

Бобои Валӣ