Сафар ба Панҷрўд

Дар роҳ ба сўи Панҷрўд (аз чап ба рост: Ҳушанг, Абдувоҳид, ман ва Субҳон)

Дар роҳ ба сўи Панҷрўд (аз чап ба рост: Ҳушанг, Абдувоҳид, ман ва Субҳон)

Имсол фурсат даст дод, ки ман аз зодгоҳам деҳаи овозадори Панҷрўд дидан кунам. Дар ин сафар бо аҳли оилаам маро ҳамчунин дўстонам Абдувоҳиди Зевар (муҳаррири маҷаллаи «Чашма», аз Панҷрўд) бо фарзандашон Ҳушанг ва Субҳон Ҷалилов (муҳаррири барномаи «Субҳи Ватан»-и радиои Ватан (106 FM) ҳамроҳӣ карданд. Аксҳои зебо аз ин сафар дар бахши «Аксҳо» ҷой дода шудаанд. Тафсилоти сафарро баъдтар нашр хоҳам кард. Худо нигаҳбони Шумо!

2 Responses to Сафар ба Панҷрўд

  1. Аз байни шумо факат як нафар номи точикй доштааст. Холо савол ба шумо: номи кадом яке аз шумо точикй (яъне эронй, на арабию гайра) аст?

  2. Cалом Afshin. Хурсандам, ки аз ин саҳифа дидан кардед ва фурсат ёфта ба ман бо савол ҳам муроҷиат кардед. Ҳарчанд саволатон як қадар содалавҳона (узр) аст, аммо гумон мекунам, шояд шумо ин саволро на аз ман, ки соҳиби ин блог ҳастам, балки аз Ҳушанг, ки аз байни мо хурдтар аст ва номаш ба қавли шумо эронист, пурсидан хостаед. Бояд донед, ки доштани номи тоҷикиву туркиву арабӣ ба соҳиби он заррае ёрӣ нахоҳад дод. Бисёр тоҷикномдоронеро дидаем, ки бадтар аз яъҷуъ маъҷуъанд. Ба ҳар сурат ман аз шумо номи аслиатонро намепурсам, чун медонам, ки Афшин номи шумо нест ва бешубҳа тоҷикӣ (яъне тоҷикии ғайриэронӣ, зеро мо ду миллати гуногунем, ки хушбахтона ё бадбахтона ҳамдигарро мефаҳмем) ҳам нест. Донистани номи аслиатон барои ман муҳим нест, муҳим он аст, ки шумо фурсат доред, ки аз чунин блогҳо дидан кунед. Дигар ин, ки бо чунин почтаҳои мавҷуднабуда ҳам ба касе нома навиштан аз рўи одоб нест, хоса одоби тоҷикӣ. Дар паноҳи Худо бошед!
    Бо эҳтиром Шуҳрат, ки номаш бе» вов» ва бо «ҳо»-и ҳавваз навишта мешавад