Posted in Салом

Ғазали ноумедӣ

Агар гўям, ки ман шеър навиштаам, шояд бовар накунед, вале боре чанд қалам ба даст гирифтаам, то диламро маҳз бо воситаи шеър холӣ кунам. Аз чанд шеърҳои навиштаам беҳтарашро интихоб кардам, то пешкаши шумо гардонам. Медонам, ки шояд ба талаботи шеър ҷавобгў набошад, аммо қудратам ба гуфтани ҳамин маънӣ расидааст ва ман аз он на […]

Ёдат ҳаст?

Рўзҳои хеле тиллоӣ ёдат ҳаст? Рўзи тарс азҳамҷудоӣ ёдат ҳаст? Шаби чидани ситора ёдат ҳаст? Шеърҳои китоби дарсӣ ёдат ҳаст? Ёдат ҳаст, гуфтӣ метарсӣ, ёдат ҳаст? Дастамон ба дасти ҳам буд, ёдат ҳаст? Ғуссаҳомон ками кам буд, ёдат ҳаст? Чашми нозат моли ман буд, ёдат ҳаст? Дидани ман қатаған буд, ёдат ҳаст? Рўзгори қаҳру оштӣ […]

Аз таърихи Панҷрўд

Абдураҳмони Мустаҷир ном нависандае бо ҳамроҳии аскари Урусия, ки соли 1870 ба бо болооби Зарафшон экспедитсияи ҳарбӣ ташкил намуда буданд, ба сарзамини мо сафар кардааст ва маҳсули ин дидаҳояшро дар китоби «Рўзномаи сафари Искандаркўл» тасвир намудааст. Вай дар бораи Панҷрўд чунин менависад: «Баъд аз он тангӣ гузашта будем, ки як қишлоқи калоне намудор шуд. Ба […]

Пурсиши «психопат»

Салом дўстони ман! Агар гўям, ки вақти холӣ камтар дорам ва наметавонам, зуд-зуд ба ин саҳифа навгониҳо ворид кунам, хато хоҳад буд, зеро ҳамин чанд вақти охир тамоман бекорам ва дарк кардам, ки бекорӣ ба кас мисли беморие мечаспидааст. Чандин гуфтаниҳо дорам, аммо ҳавсала ва рағбатам нест. Чаро бояд дурўғ гўям, вақте ҳамин хел ҳаст? […]

Саргузашти Тангем

Вазъи нақлиёти пойтахт дар ин чанд рўзи охир, ки донишҷўён ба мактабҳо баргаштанд, хеле бад шудааст. Дирўз ба Тангеме нишастам. Баъди фурсате ронанда сари мошинро ба қафо тоб дод ва аз байни кўчаву паскўчаҳо гузашта, ба қавли худаш «коркунони литсензияро гўл зад». Баъди поён шудан аз мошин ба хотирам як навиштаам омад, ки тахминан 4 моҳ пештар иншо ва дар «Боргоҳи сухан» нашр шуда буд. Зарур донистам, ки онро пешниҳоди шумо хонандагон гардонам. Агар писанд омад, хушам.

Ду ҷамъи ду тақсими ду

Гумон мекунам, ки вақти ҷамъбасти пурсиш фаро расидааст. Пурсиши ман аз саволи арифметикии «Ду ҷамъи ду тақсими ду чанд мешавад?» иборат буд, ки ба он 15 нафар ҷавоб гуфтанд. Аз инҳо 4 нафар ҷавоби дуруст доданд ва ман ҳамаи онҳоеро, ки ҷавоби 3 додаанд, табрик мегўям, зеро ин ҳалли дурусти ин мисоли арифметикӣ аст. Ба […]

Сафар ба Панҷрўд

Имсол фурсат даст дод, ки ман аз зодгоҳам деҳаи овозадори Панҷрўд дидан кунам. Дар ин сафар бо аҳли оилаам маро ҳамчунин дўстонам Абдувоҳиди Зевар (муҳаррири маҷаллаи «Чашма», аз Панҷрўд) бо фарзандашон Ҳушанг ва Субҳон Ҷалилов (муҳаррири барномаи «Субҳи Ватан»-и радиои Ватан (106 FM) ҳамроҳӣ карданд. Аксҳои зебо аз ин сафар дар бахши «Аксҳо» ҷой дода […]

Футбол ва ифтихори миллӣ

Бо оғози Мусобиқоти ҷаҳонии футбол дар Африқои Ҷанубӣ дар тамоми дунё ид сар шуд, аммо шояд барои мо ин ид як пули пучак ҳам арзиш надошта бошад, зеро мо наметавонем аз футбол ифтихори миллӣ дуруст кунему онро чун ид қабул намоем. Вақте шаҳомати консерт ва кушодашавии Мусобиқоти Ҷаҳон-2010 оид ба футболро тариқи телевизиор (моҳвора) дар […]

Мо наметавонем!

Мо ба ғайр аз гуфтан, дигар ҳеч коре кардан наметавонем Ҳама ба мо пушт гардонданд, зеро мо ҳеҷ коре аз дастамон намеояд. Дар рўзҳои сахти сахте, ки ҳеч чиз аз дастамон наомад, фаҳмидем, ки ҳеҷ коре кардан наметавонем, ба ҷуз аз бечоранолӣ. Мегўед, ки ман хато мегўям? Маро ба нотавонии худам мутаҳҳам мекунед? Ба ин […]

Як сел ояд

Мехоҳам як сели азими дигар ояд, селе ояд, ки доно бошаду оқил, то бешарафию беномусии мардуми моро шўяду барад Арафаи Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро аҳолии Тоҷикистон то дер боз фаромўш нахоҳанд кард, балки шояд ин рўзҳо дар таърихи кишвари мо чун рўзҳои мудҳиши пурмотам сабт гарданд. Дигаронро намедонам, аммо ман ин дарду ғами […]