Мешавад андӯҳҳоро шодӣ кард? Шодиҳоро сарфи як ободӣ кард? Дар канори боғҳои хотирам, Гулбуни ёди туро шамшодӣ кард? Мешавад ширинии таъми лабат, Вояе дар кулчаи қаннодӣ кард? Дар шамоли ғуссаҳои пойизам, Гандуми зулфи шуморо бодӣ кард. Мешавад бо теғи абрӯи шумо, Бар дили мо ҳамлаю ҷаллодӣ кард! Ҳолиё дар Бесутуни Ширине, Мешавад бо Хусраве фарҳодӣ […]