Октябрь, 2013 Archive

Ман ошиқи ту

Боевые потери РФ в Украине Эй ҳалқаи шодиро нигинам, Аз зумраи беҳи беҳтаринам. Оғози раҳе ба Каҳкашонам, Эй нуқтаи охири Заминам. Эй хандаи баъди гиряҳоям, Ту гиряи ханда дар ҷабинам. Ғам аз ману шодиҳо насибат, Эй дар ғаму шодиҳо қаринам. Ман рози дилам кушоданиям, Эй дилбари нози нозанинам. Ман ошиқи ту, шунав паёмам, Ин ҳарфи […]

Инқилоби ишқ

Зулфи ту печутоб мехоҳад, Ошиқӣ сарҳисоб мехоҳад. Дил канорат шабе то субҳ, Ною чангу рубоб мехоҳад. Ҷони масти лояқидам боз Аз ду чашмат шароб мехоҳад. Шуҳрат аз лабони қанди ту, Бӯсаҳо беҳисоб мехоҳад. …Дӯст дошта будӣ маро, ё на? Ин суолам ҷавоб мехоҳад… Сурху лолагиву октябрӣ, Ишқ ҳам инқилоб мехоҳад.

Фавқулода

Ба чашми ман ту фавқулода ҳастӣ, Шабеҳи чашмае озода ҳастӣ. Ба он лабҳои нозук зери дандон, Чу гавҳар аз садаф накшода ҳастӣ. Тамоми рӯзу шаб чашмам, ки бандам, Худоё, рӯ ба рӯ истода ҳастӣ. Ту фавқулода, лекин сода ҳастӣ. Ба доми чун мане афтода ҳастӣ. Ба поят дил бирезад халқи олам, Валекин ту ба ман […]

Sapideh – 365

Зимистону баҳору тобистону пойиз…

Қиссаи як… қисса

— Салом, салом, шумо чӣ хел? — гуфтанат, Ва дасти ман ба дасти худ фишурданат. — Куҷо будед, чӣ кардаед, ки камнамо? Ба пурсише канори ман нишастанат. Зи китфи ман такида гарду чангро Сари азизи худ ба рӯи он ниҳоданат. Сипас, ба ғусса гуфтанат, ки вой-вой Ду ҳафта шуд зи мижа таҳ накарданат. Барои ишқи […]

Эълон

На ҳама ғунча, ки зеби чаман аст, Лоларо ҷой ба дашту даман аст. Ҳар куҷо зиндагӣ хуштар гузарад, Мутмаин бош, ки он ҷо Ватан аст! Дили ошиқ хабар аз ёраш ҳаст, Гар ба Бағдод ва ё дар Яман аст. Кардам эълон, ки канорам холист, Ҷойи як дилбари симинзақан аст. Шеъри ман гимни муҳаббат шудааст, Дар […]