Ноябрь, 2013 Archive

«Сурх ва сиёҳ»-и Муртазоев

Баъди хондани як пости Абдувоҳиди Зевар дар facebook дар бораи тарҷумаи китоби «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал аз ҷониби Бахтиёр Муртазоев хостам бардошт ва ёддошти худамро дар бораи ин тарҷума нависам. Ростӣ, ман ҳам ин китобро аввал ба забони русӣ хонда будам ва баъдтар сифр аз бекитобӣ тарҷумаи тоҷикии онро хондам. Агар гӯям, ки лаззати тоҷикиаш бештар […]

Cахт нодонам ҳанӯз

Солҳо пушти саранду сахт нодонам ҳанӯз, Дар қарори як нигори сустпаймонам ҳанӯз. Дар ғирому дар ҳисоби бозиҳои ошиқӣ, Кӯдаке аз бачаҳои кӯдакистонам ҳанӯз. Зоҳирам гар офтобист, дар дилам борони ғам, Дар ҳавои офтобӣ зери боронам ҳанӯз. …Ёди ту дар пуштаҳои хотирам гул мекунад, Гул надорад рангу бӯе ман зимистонам ҳанӯз. Бо вуҷуди дар намозам зикр […]

Панҷрӯд

Абдумаҷид Авезов месарояд.

Мешавад?

Мешавад андӯҳҳоро шодӣ кард? Шодиҳоро сарфи як ободӣ кард? Дар канори боғҳои хотирам, Гулбуни ёди туро шамшодӣ кард? Мешавад ширинии таъми лабат, Вояе дар кулчаи қаннодӣ кард? Дар шамоли ғуссаҳои пойизам, Гандуми зулфи шуморо бодӣ кард. Мешавад бо теғи абрӯи шумо, Бар дили мо ҳамлаю ҷаллодӣ кард! Ҳолиё дар Бесутуни Ширине, Мешавад бо Хусраве фарҳодӣ […]

Гиристам дар азои худ

Хабар дорӣ, ки имшаб бо хаёлат гуфтугӯ кардам? Худамро бо ҷамоли акси рӯят рӯ ба рӯ кардам. Нишастам пуштгардон то набинӣ ашкҳоямро, Ҳадиси рӯзҳои бетуамро мӯ ба мӯ кардам. Ба даври худ парешон карда авроқи китобамро, Туро аз байт-байти шеърҳоям ҷустуҷӯ кардам. Гирифтам гардани худро гиристам дар азои худ, Ба оби дида дасту суратамро шустушӯ […]