Tagged with ишқ

Ман ошиқи ту

Эй ҳалқаи шодиро нигинам, Аз зумраи беҳи беҳтаринам. Оғози раҳе ба Каҳкашонам, Эй нуқтаи охири Заминам. Эй хандаи баъди гиряҳоям, Ту гиряи ханда дар ҷабинам. Ғам аз ману шодиҳо насибат, Эй дар ғаму шодиҳо қаринам. Ман рози дилам кушоданиям, Эй дилбари нози нозанинам. Ман ошиқи ту, шунав паёмам, Ин ҳарфи аввал ва охиринам!

Кош бо пирӣ намебархўрдаме

Дирўз маро пир гуфтанд. Аввал ман ба он аҳамияте надодам, аммо баъдтар ин сухан ба ман сахт таъсир кард. Агар гўям, ки мўйҳоям чанд тора сафед шуданд, муҳобот накарда бошам. То ин дам фикр (албатта ҷиддӣ) накарда будам, ки ҷавонӣ давраи рафтагор аст ва ба касе поянда нахоҳад монд, чун худамро дар айни авҷи ҷавонӣ […]

Ғазали ноумедӣ

Агар гўям, ки ман шеър навиштаам, шояд бовар накунед, вале боре чанд қалам ба даст гирифтаам, то диламро маҳз бо воситаи шеър холӣ кунам. Аз чанд шеърҳои навиштаам беҳтарашро интихоб кардам, то пешкаши шумо гардонам. Медонам, ки шояд ба талаботи шеър ҷавобгў набошад, аммо қудратам ба гуфтани ҳамин маънӣ расидааст ва ман аз он на […]