Девона ман зи талъаташ он ёр механдад,
Кам-кам адоям кардаву бисёр механдад.
Девона ман, ки мешавам пазмони хашми ў,
Фаҳмида он дуздаки таррор механдад.
Девона ман, ки бо нигоҳ бўсам зи чашми ў,
Ранҷида ў зи лаззати хуммор механдад.
Девона ман, ки мезанам лофи муҳаббаташ,
Биншаста ў ба маҷлиси ағёр механдад.
Девона ман, ки ҷўямаш аз кўҳу дар даман,
Рақсида ў ба кўчаю бозор механдад.
Девона ман, ки дар раҳаш бисёр меистам,
Баргашта ў зи диданам ночор механдад.
Девона ман, ки беҳуда аз ёр меранҷам,
Шаб то саҳар ба дидаи бедор механдад.