Гиристам дар азои худ

Хабар дорӣ, ки имшаб бо хаёлат гуфтугӯ кардам?
Худамро бо ҷамоли акси рӯят рӯ ба рӯ кардам.

Нишастам пуштгардон то набинӣ ашкҳоямро,
Ҳадиси рӯзҳои бетуамро мӯ ба мӯ кардам.

Ба даври худ парешон карда авроқи китобамро,
Туро аз байт-байти шеърҳоям ҷустуҷӯ кардам.

Гирифтам гардани худро гиристам дар азои худ,
Ба оби дида дасту суратамро шустушӯ кардам.

Қазо кардам агарчӣ беирода воҷиби хуфтан,
Ба номи ту намози бомдодиро вузӯ кардам.

Ту сангиндил ба нармӣ хуфтаӣ дар бистари роҳат,
Намедонӣ, ки имшаб марги худро орзу кардам!

© Душанбе, 1 ноябри соли 2013

Ман ошиқи ту

Эй ҳалқаи шодиро нигинам,
Аз зумраи беҳи беҳтаринам.

Оғози раҳе ба Каҳкашонам,
Эй нуқтаи охири Заминам.

Эй хандаи баъди гиряҳоям,
Ту гиряи ханда дар ҷабинам.

Ғам аз ману шодиҳо насибат,
Эй дар ғаму шодиҳо қаринам.

Ман рози дилам кушоданиям,
Эй дилбари нози нозанинам.

Ман ошиқи ту, шунав паёмам,
Ин ҳарфи аввал ва охиринам!

Инқилоби ишқ

Зулфи ту печутоб мехоҳад,
Ошиқӣ сарҳисоб мехоҳад.

Дил канорат шабе то субҳ,
Ною чангу рубоб мехоҳад.

Ҷони масти лояқидам боз
Аз ду чашмат шароб мехоҳад.

Шуҳрат аз лабони қанди ту,
Бӯсаҳо беҳисоб мехоҳад.

…Дӯст дошта будӣ маро, ё на?
Ин суолам ҷавоб мехоҳад…

Сурху лолагиву октябрӣ,
Ишқ ҳам инқилоб мехоҳад.

Фавқулода

Ба чашми ман ту фавқулода ҳастӣ,
Шабеҳи чашмае озода ҳастӣ.

Ба он лабҳои нозук зери дандон,
Чу гавҳар аз садаф накшода ҳастӣ.

Тамоми рӯзу шаб чашмам, ки бандам,
Худоё, рӯ ба рӯ истода ҳастӣ.

Ту фавқулода, лекин сода ҳастӣ.
Ба доми чун мане афтода ҳастӣ.

Ба поят дил бирезад халқи олам,
Валекин ту ба ман дил дода ҳастӣ.

Ба он шаҳре, ки Шуҳрат шуд гадояш,
Ту шояд охирин шаҳзода ҳастӣ.

© Душанбе. 20 октябри соли 2013

Sapideh – 365

Зимистону баҳору тобистону пойиз…

Қиссаи як… қисса

— Салом, салом, шумо чӣ хел? — гуфтанат,
Ва дасти ман ба дасти худ фишурданат.

— Куҷо будед, чӣ кардаед, ки камнамо?
Ба пурсише канори ман нишастанат.

Зи китфи ман такида гарду чангро
Сари азизи худ ба рӯи он ниҳоданат.

Сипас, ба ғусса гуфтанат, ки вой-вой
Ду ҳафта шуд зи мижа таҳ накарданат.

Барои ишқи як ҷавони хуб, мурданат
Тамоми рӯз, тамоми шаб нахуфтанат.

Ва зоҳиран ба гӯшаи хаёли ту,
Намерасад маро ба қисса куштанат.

Сипас, ба ҷиддият ва ҳарф ба ҳарф,
Хабар диҳӣ ту ногаҳон зи рафтанат.

— Нарав! – Намеравӣ? – Намегузориям
Маро ту зинда бар умеди бозгаштанат.

Ба як саду чиҳил мерасад набзи ман,
Ба чашми ман ба вақти дида дӯхтанат.

Намеравад зи хотирам, намеравад
Ба рӯи ман дари нигоҳ бастанат…

© Душанбе, 5 октябри соли 2013

Эълон

На ҳама ғунча, ки зеби чаман аст,
Лоларо ҷой ба дашту даман аст.

Ҳар куҷо зиндагӣ хуштар гузарад,
Мутмаин бош, ки он ҷо Ватан аст!

Дили ошиқ хабар аз ёраш ҳаст,
Гар ба Бағдод ва ё дар Яман аст.

Кардам эълон, ки канорам холист,
Ҷойи як дилбари симинзақан аст.

Шеъри ман гимни муҳаббат шудааст,
Дар сари сӯҳбати ҳар анҷуман аст.

Оҳ, агар ҳар кӣ бихонад ғазалам,
Гӯяд аз Шуҳрати ширинсухан аст.

© Душанбе. 14 сентябри соли 2013

Панҷрӯд

Мешавам бори дигар ман меҳмони Панҷрӯд,
Мегирад ором ҷонам дар макони Панҷрӯд.

Аз сари Ҷӯи Малик то домани кӯҳи Уффор,
Даст дар пеши бар аст пиру ҷавони Панҷрӯд.

Рӯдакӣ бигрифта дар каф уд мехонад суруд,
Дар бари домони кӯҳи Булбулони Панҷрӯд.

Рӯи олам меравам то рўи одам бингарам,
Мешавам пазмони рўи одамони Панҷрӯд.

Ҳаркӣ боре менишинад дар сари хонат Ватан,
Боз меояд ба сӯи обу нони Панҷрӯд.

Номи ту, Шуҳрат, дурахшон мешавад чун ахтаре,
Дар қатори Рӯдакӣ дар осмони Панҷрӯд.

© Панҷрӯд, 14.08.2013

Cӯхт

Ошиқи бечора аз ғамҳои ҳиҷрон сӯхт, сӯхт.
Рӯзадорон, дидагирён, синабирён сӯхт, сӯхт.

Дар тавони ман набуд оташ задан бар ҷони кас,
Ишқ оташ гашту ҷони нотавонон сӯхт, сӯхт.

Бо худам гуфтам, ки фардо офтобӣ мешавам,
Абри ҳисам чун ҳавои баъди борон сӯхт, сӯхт.

Баргаи бурде ба дастам даррасиду боз ҳам,
Норасида навбати ман давру даврон сӯхт, сӯхт.

Хотирам чун донаи зуннор аз ҳам пора кард,
Каъбаи ёди маро он номусулмон сӯхт, сӯхт.

Дар дуо гуфтам, ки шаҳри бевафоён даргирад,
Дастро бар рӯ кашидам Тоҷикистон сӯхт, сӯхт.

Дӯстонам, маъзарат, шояд шуморо бовар аст,
Ин ки, Шуҳрат аз дуову оҳи ҷонон сӯхт, сӯхт.

© Душанбе 24.07.2013

Боғигул

Боғигул дар даст гул, гул дар баногӯш омада,
Лаб чу гул, мӯ дастагул, гул дар бари рӯш омада.

Ханда гул, хамёза гул, дар нозукӣ чун ғунчагул,
Бӯй гул, абрӯй гул, бо гул ҳамоғӯш омада.

Боғи гул аст Боғигул, сар то ба пояш мисли гул,
Боғбони гул шавам чун сина дар ҷӯш омада.

Аз забонаш шабнами гул метаровад Боғигул,
Шарбате дар косагул аз нешу аз нӯш омада.

Шаҳри Шуҳрат боғи гул, маъвои гул, дунёи гул.
Боғигул аз баҳри гул бар шаҳри мо хуш омада.