Posted in Салом

Марҳамат, ба ҷайби мо, Babilon-M!

Боз як даъвои дигар дорам, аммо ин дафъа на аз ҳукумат, балки аз ширкати мобилӣ, ки барои мо хизмат мекунад ва кори моро осон мегардонад. Шояд гўед, ки ман даъвогари гузаро будаам, ки вақтҳои охир фақат ба чунин амал даст мезанам, аммо иқрор бояд шавам, ки ман ин даъворо бояд чанд рўз пеш мекардам, фақат […]

Даъвои ману Хитой

Чанд рўз инҷониб Интернет надоштам ва бояд рост гўям, ки аз баъзе хабару воқеаҳо ба хубӣ огоҳ набудам. Чун сафҳаҳоро боз кардам, хабари аз ҳама пурбаҳс дар саҳифаҳои Интернет ба ихтиёри Хитой гузоштани 3,5 фоизи ҳудуди Тоҷикистон буд. Аввал аз ин хабар хеле нохуш шудам ва чун тоҷик нангам омад. Наход мо тавонистем, ки дар […]

Чаро марқади Рўдакӣ обод намешавад?

22-юми сентябр, ки Рўзи Рўдакӣ аст, ҳар сол дар ин рўз тамоми мардуми тоҷик бояд аз Рўдакӣ, ки саромади шеъри мост, каломи мавзуни тоҷикиро ба таври пурра ба роҳ мондааст, ёд кунанд. Дар ватани Рўдакии бузург, ки ҳазорсолаҳо ба баъд пайравонаш зиёд буданду каломи ўро тақвият додаанд, имрўз на ў қадр дораду на шеъраш. Касе […]

Соли Нав муборак!

Боз як соли дигар аз умри мову Шумо сипарӣ шуд. Имрўз охирин рўзи соли 2010 аст ва имшаб Идро ҷашн бояд гирифт. Албатта, хурсандӣ барои рафтани Соли куҳан нест, балки барои он аст, ки Худованд моро боз ба як Соли дигар расонд. Сару садоҳо дар мавриди дигар қайд накардани Соли Нави мелодӣ дар ин чанд […]

НОБ-и Мардон дар Панҷрўд

Чун андешаам сари аз 9 дирам ба 11 дирам афзудани арзиши қувваи барқ буд, хабар расид, ки дар Панҷрўд ба ин зудиҳо ГЭС-и нав, ки сохтмонаш қариб ҳамтақдири Роғун аст, ба кор шурўъ мекунад. Надонистам, ки ҳайрат буд, хурсандӣ ва ё иллати ҳамон ғаззаби чанд лаҳза пеш доштаам (аз 11 дирам), ки ба расонандаи хабар […]

Чархофалаки Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо

Тоб доданд, чарх заду ҷуфтҳоро маълум кард. Бале, баъди анҷоми вохўриҳои гурўҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ва маълум шудани иштирокчиёни плей-офф қуръакашии 1\8 финал баргузор шуд. Ҳоло дар зер ба диққати шумо ҷуфти дастаҳоеро, ки барои ба чорякфинал баромадан мубориза мебаранд, пешниҳод менамоям. Дар ин байн вохўриҳои диққатҷалбкунанда зиёданд. Барои хондани идомааш ин ҷоро ангушт занед.

Тағйири алифбо, ё дарди ҳарина

Гўиё мо дигар мушкилие надорем, ҳама корамон ба сомон расидаст ва акнун бояд сари ҳарф бозсозӣ ва навигарӣ кунем. Ё, баракс, гўиё мо ба чӣ навигарие оғоз карданием ва аввал бояд алифборо иваз кунем, ё тағйироте ба он ворид созем, то ҳеч не навигарие карда бошем. Ана, баъд, дар дигар соҳаҳо ҳам навигарӣ кардан тавонем. […]

Ватан куҷост?

Имрўз мо як ҷавонеро ба хок супоридем, ки ҳанўз 24 сол надошт. Ў дар мусофират, дар ғарибӣ реҳлат кард ва маргаш барои ҳамаи мо дарднок буд. Хонаи охираташ пурнур бод… Раванди муҳоҷиршавии тоҷиконро аслан камбуди майишати зиндагӣ медонанд ва гўё мақсад аз ғарибиро пеша кардан дар пайи ҷустуҷўи рўзӣ шудан будааст. Дар ин бора бисёрҳо […]

Аз куҷо афтидан хубтар аст?

Чун фурсат даст додааст мехоҳам ҳамон лаҳзаи қариб мурданамро нависам. Аслан чандин бор то ба мурдан расидааму аммо боз Худо раҳмамро бо чӣ сабабе хўрдааст. Ҳоло чӣ сабаб шудааст, чӣ зарурате пеш омадааст барои ба ёд овардани ҳамон воқеа? Андешаам сари он буд, ки Худо ба одам ақл додааст, то санҷаду баркашаду пас ба амале […]

Кош бо пирӣ намебархўрдаме

Дирўз маро пир гуфтанд. Аввал ман ба он аҳамияте надодам, аммо баъдтар ин сухан ба ман сахт таъсир кард. Агар гўям, ки мўйҳоям чанд тора сафед шуданд, муҳобот накарда бошам. То ин дам фикр (албатта ҷиддӣ) накарда будам, ки ҷавонӣ давраи рафтагор аст ва ба касе поянда нахоҳад монд, чун худамро дар айни авҷи ҷавонӣ […]