Posted in Салом

Девонашам

Девона ман зи талъаташ он ёр механдад, Кам-кам адоям кардаву бисёр механдад. Девона ман, ки мешавам пазмони хашми ў, Фаҳмида он дуздаки таррор механдад. Девона ман, ки бо нигоҳ бўсам зи чашми ў, Ранҷида ў зи лаззати хуммор механдад. Девона ман, ки мезанам лофи муҳаббаташ, Биншаста ў ба маҷлиси ағёр механдад. Девона ман, ки ҷўямаш […]

Ба Худо гиристам имшаб

Ба Худо гиристам имшаб, ки дилам гадо насозад, Зи ғаме, ки шодиям буд, ба алам ҷудо насозад. Ба Худо гиристам имшаб, ки зи файзи рўзадорӣ, Ба намозу аз таровеҳ талабам адо насозад. Ба Худо гиристам имшаб, ки ба ёри нозанинам, Назаре, ки ноз дорад, назарам фидо насозад. Ба Худо гиристам имшаб, ки ба пеши душману […]

Атри Шанели ёд

Хезу биёву биншин дар рў ба рўям эй гул, То рў зи рўи ҳар кас берў наҷўям, эй гул. Дил ҷуста дар барам шин, холӣ намон канорам, То ҳар кӣ дида бошам, дилҷў нагўям, эй гул. Дасте зи меҳр афкан ба сар маро, ки донам, Гардад фидои меҳрат аз мў ба мўям, эй гул. Аз […]

Тақдир

Нолае чун савти ширини шакарноям мудом, Кўлбори раҳ ба пушту дар сафар поям мудом. Тақдире ҳамчун асои кӯр дорам доимо, Мебарам ҳар кас ба манзил, пушти дарҳоям мудом. Як диле чун шишаи фонус дорам дар бағал, Тарси аз пуф мурданеро ҳар саҳар поям мудом. Ғайрате чун ғайрати як гурги пир бояд маро, Устухоне дар кафи […]

Бояд

Бояд дамеро аз даме осудатар кашид, Рафъи хумори бодаро вақти саҳар кашид. Бояд чу нури офтоб аз қуллаи баланд, Ба пешвози рўзи нав бо ханда сар кашид. Бояд чу мавҷи саркаши дарёи пурхурўш, Худро ба умқи синаи кўҳу камар кашид. Бояд чу барги лолае дар дашти синае, Аз хуни худ ранги хати зеру забар кашид. […]

Ошиқиро беғиром кардам

Ёрро дилдор ном кардам, гуфт мехоҳӣ бихоҳ. Бодаи васлаш ба ҷом кардам, гуфт менўшӣ сабоҳ. Гуфтамаш дар бистари деринтизори васли ту, Хобро бар худ ҳаром кардам, гуфт меоям пагоҳ. Бевафо, гуфтам, ба роҳат аз сари шом то саҳар, Дидаро бар дар мудом кардам, гуфт чашми ту ба роҳ? Дар хиёбони дарози ошиқон, гуфтам басе, Дайдугиро […]

Кору бори Худо

Аз Нўширавон пурс, ки имдоди Худо чист. Аз барги хазон пурс, ки ободи Худо чист. Бар беҳунарӣ таъна мазан кундаи марде, Аз бевазанон пурс, ки ин доди Худо чист. Андар ҳарамаш раҳ набарӣ бе каламоте, Аз майзадагон пурс, ки ин коди Худо чист. Субҳе, ки дари синаи ту кўфт насиме, Аз булбулакон пурс, ки ин […]

Барои Бибиҷон

 Дастҳои кўчакаш карда дароз,   Ин саҳар гулдухтарам мекард ноз,  Ид омад, эй падар, аз хоб хез,   Тўҳфаи идонаам дарёб тез!  Лаб кушодам, ки бипурсам, духтарам,   Аз бароят тўҳфа бояд чӣ харам?  Зочаи Барбӣ биёрам, ё китоб?   То ба идат ҳадяам гардад ҳисоб.  Ҳадяат аз баҳри ид, гуфт духтарам,  Ин саҳар ман […]

Номусулмоне чӣ кард…

Ёри порисии мо чун сабки Лондон карду рафт, Не хабар бигзошту не як занги тилфон карду рафт. Хест аз маҳфил ба нозу дасти ағёре гирифт, Маҷлиси моро саросар мотамистон карду рафт. Шишае аз коняки сабр доштем андар бағал, Бодаи моро ба ҷоми носабурон карду рафт. Ваъдаи васлаш чу Яздон дар дили шаб дода буд, Кўтаҳ […]

Ҳасад

Ба баҳоре, ки ту гули аввали онӣ, На ҳавоям, на яке қатраи борон, На каси ҳадягир аз рўзи баҳорам, На ҳамон мурғи саҳархези ғазалхон. Менабошам ақалан санги сар кӯҳ, Ки ба паҳлўи танам рўида бошӣ. Менаҳастам шафақи субҳи баҳорӣ, Ки ба анҷоми раҳам печида бошӣ. Мебудам кош шаби охири сардӣ, Ҳо, ҳамон шаб, ки бароям […]