Posted by shuhrat

«Майдан»

Чу қудратҳо, ки маст аз бӯйи нафтанд, Ба ҷони ҳамдигар бешубҳа афтанд. Дар ин байн Украину халқи хохол, Ба «Майдон» омаданду холӣ рафтанд. Гуноҳи Украина дар ҳамин аст, Миёни хайру шар ӯро замин аст. Варо аз хайр хайре нест дигар, Ки шар ӯро ҳамеша дар камин аст, Маро не нафт, не шамъу чароғ аст, Дилам […]

Ҳаҷҷи акбар

Дидаро дар раҳгузораш то саҳар тар кардаам, Ғуссаро авҷи хурӯҷи дарди ҷоғар кардаам. То расад оҳам ба асвадсанги қалбаш, ҳоҷивор Дар тавофи дидаҳояш ҳаҷҷи акбар кардаам. Хешро аз сарҳади ишқаш бурун кардам агар, Тавбаро бишкаста дастамро ба соғар кардаам. То наяфтад гарди роҳе бар вуҷуди нозукаш, Сар ба рӯи хоки пояш хок бар сар кардаам. […]

Баъд аз ин…

Азм кардам, ки фаромӯшат кунам. Ҳалқаи озодӣ дар гӯшат кунам, Пеш о, эй дури дури дури ман, Бори охир сахт оғӯшат кунам… Баъд аз ин дар кӯчаҳои ёди ман, Нест ёде, ки расад бар доди ман. Зӯза хоҳад зад яке гурги алам, Шеърро бо шевану фарёди ман. Баъд аз ин аз ту дигар дил кандаям, […]

Бегонаи ман

Бӯсагоҳат холӣ аз лабҳои ман, Чашмҳоят сӯи ман, аммо намебинӣ маро. Кокулони майдабофат пушти арки шонаҳоят мезанад мавҷ, Мекашад манро ба сӯяш Маст месозад ба бӯяш… Мисли хобе рафтӣ аз шабҳои ман, Дар сарам дорам ҳавоят, дар дили ту ҳасрате ҳаст, Нек медонам забони мову ту бошад забони ошиқӣ, Бо ҳама ҳамсониву ҳамҷониву ҳамқисматӣ, Бо […]

Майдаавбош*

Дарси адаб ман аз паси дар сар кашидаам, Бо иштиёқе кокули духтар кашидаам. Дар номаҳои беҷавоби кӯдакии худ, Акси уқобе дар кафаш кафтар кашидаам. Дар сафҳаи мусаввири хотираҳои ту, Як дил ба рӯяш дастаи ханҷар кашидаам. Ҳар шаб барои дидани қадди ниҳоли ту, Қадди ниҳоли кӯчаро дар бар кашидаам. Ҳоло барои бурданат, Рахшонаки дилам, Чун […]

«Возвращение в Панджруд»

Андрей Волос …Коре, ки бомдод оғоз шуда буд, аллакай дар пешин ба анҷом расид, Амр ибни Лайс, ки фориғболӣ кард, асир афтод. Асири маъруф бо андӯҳ даст ба дуо бардошт ва аз паси панҷа яке аз ҳаммолони худро пай бурд, ки бо бе қарорӣ дар қароргоҳи душман ҳар тараф мегашт. Садояш кард: — Ман тани […]

«Сурх ва сиёҳ»-и Муртазоев

Баъди хондани як пости Абдувоҳиди Зевар дар facebook дар бораи тарҷумаи китоби «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал аз ҷониби Бахтиёр Муртазоев хостам бардошт ва ёддошти худамро дар бораи ин тарҷума нависам. Ростӣ, ман ҳам ин китобро аввал ба забони русӣ хонда будам ва баъдтар сифр аз бекитобӣ тарҷумаи тоҷикии онро хондам. Агар гӯям, ки лаззати тоҷикиаш бештар […]

Cахт нодонам ҳанӯз

Солҳо пушти саранду сахт нодонам ҳанӯз, Дар қарори як нигори сустпаймонам ҳанӯз. Дар ғирому дар ҳисоби бозиҳои ошиқӣ, Кӯдаке аз бачаҳои кӯдакистонам ҳанӯз. Зоҳирам гар офтобист, дар дилам борони ғам, Дар ҳавои офтобӣ зери боронам ҳанӯз. …Ёди ту дар пуштаҳои хотирам гул мекунад, Гул надорад рангу бӯе ман зимистонам ҳанӯз. Бо вуҷуди дар намозам зикр […]

Панҷрӯд

Абдумаҷид Авезов месарояд.

Мешавад?

Мешавад андӯҳҳоро шодӣ кард? Шодиҳоро сарфи як ободӣ кард? Дар канори боғҳои хотирам, Гулбуни ёди туро шамшодӣ кард? Мешавад ширинии таъми лабат, Вояе дар кулчаи қаннодӣ кард? Дар шамоли ғуссаҳои пойизам, Гандуми зулфи шуморо бодӣ кард. Мешавад бо теғи абрӯи шумо, Бар дили мо ҳамлаю ҷаллодӣ кард! Ҳолиё дар Бесутуни Ширине, Мешавад бо Хусраве фарҳодӣ […]