Чист айби мо, ки дар даври мағал афтодаем?
Зинда, ранги мурда, бе ҷаҳду ҷадал афтодаем.
Марзҳоро дода дасти пасти чанд бефитрате,
Мо зи боло гуфта андар кӯҳу тал афтодаем.
Зери болин буд китоби Ҳофиз андар ҳифзи мо,
Нангамон бодо, ки аз пойи ғазал афтодаем.
Дар муҳаббат пайрави Маҷнуни беақлем мо,
Инчунин девона аз рӯзи азал афтодаем.
Халқи олам даъвии кайҳонкушоӣ мекунанд,
Мо ба беорӣ, бубин, зарбулмасал афтодаем.
Бо ҳама камбуду нобуду набуду нест… нест…
Ин аҷаб корест, дар фикри бағал афтодаем.
© Душанбе, 18.01.2013


Categories: 
Бисёр оли, лаззат бурдам. Ташаккур! Аз Фаргона
Нуши чон! Шодам, ки лаззат бурдаед. Ба мардуми Фаргона саломи моро расонед