Чист айби мо, ки дар даври мағал афтодаем? Зинда, ранги мурда, бе ҷаҳду ҷадал афтодаем. Марзҳоро дода дасти пасти чанд бефитрате, Мо зи боло гуфта андар кӯҳу тал афтодаем. Зери болин буд китоби Ҳофиз андар ҳифзи мо, Нангамон бодо, ки аз пойи ғазал афтодаем. Дар муҳаббат пайрави Маҷнуни беақлем мо, Инчунин девона аз рӯзи азал […]


