Бояд

Бояд дамеро аз даме осудатар кашид,
Рафъи хумори бодаро вақти саҳар кашид.

Бояд чу нури офтоб аз қуллаи баланд,
Ба пешвози рўзи нав бо ханда сар кашид.

Бояд чу мавҷи саркаши дарёи пурхурўш,
Худро ба умқи синаи кўҳу камар кашид.

Бояд чу барги лолае дар дашти синае,
Аз хуни худ ранги хати зеру забар кашид.

Бояд чу як пайроҳаи ҳамвору бегазанд,
Мардони раҳро бар раҳи фатҳу зафар кашид.

Бояд ба ёди Зоти Ҳақ пайваставу мудом,
Зикру саноро аз дилу оҳ аз ҷигар кашид.

Бояд чу як афсонаи ширини кўдакӣ,
Аз лафзҳои тифлакон ширу шакар кашид.

Бояд, ки номи хешро бо ранги зарҳалӣ,
Дар сархати муаззами аҳли башар кашид.

Бояд чу гурге зиставу озода чун уқоб,
Аз дори ин дунёи дун рахти сафар кашид.

Бояд ба ишқи Шуҳрат, эй хуршеди маҳвашам,
Ранҷе ба мисли қисмати шамсу қамар кашид.

Comments are closed.