Боз як соли дигар аз умри мову Шумо сипарӣ шуд. Имрўз охирин рўзи соли 2010 аст ва имшаб Идро ҷашн бояд гирифт. Албатта, хурсандӣ барои рафтани Соли куҳан нест, балки барои он аст, ки Худованд моро боз ба як Соли дигар расонд.
Сару садоҳо дар мавриди дигар қайд накардани Соли Нави мелодӣ дар ин чанд соли охир дар Тоҷикистон зиёд мешавад, аммо ба ҳар ҳол дар майдони назди пайкараи Исмоли Сомонӣ имрўз арчаи солинавии афрохтаеро дидам. Ҳарчанд он шукўҳу шаҳомати солҳои пешинро надошт, аммо дарак аз он медод, ки чиновникҳо муқобили ҷашнгирии Соли Нави мелодӣ нестанд.
Дар ҳафтаномаҳои Тоҷикистон, бахусус нашрияҳои русзабон, қаҳру ғаззаби муаллифон доир ба ин масъала чунон бараъло маълум аст, ки гумон мекунед, дар ҳақиқат Соли Нави мелодиро ҳукуматдорон аз марзҳои Тоҷикистон берун андохтаанд. Яке ҳатто бо ғаззаби беандоза менависад, ки «касе ба ман кордор нашавад, ки ман кадом идро ҷашн мегирам. Гурўҳе намехоҳанд, ки домани кўтоҳ пўшем, гурўҳи дигар намегузоранд, ки ба сар сатр кунем. Мо дар чӣ гуна давлате умр ба сар мебарем?»… Ба ин монанд иддаоҳо зиёданд. Албатта, бе шамол барги дарахт намеҷунбад, агар онро маҷбўран ҷунбонанд, чанд лаҳзае давом хоҳад кард, аз ин рў маълум аст, ки чиновникҳои тоҷик (аслан мушовирони онҳо, вагарна дар Тоҷикистон ҳеч кадом масъуле худаш бевосита ба қароре омада наметавонад) интизори боди мусоиде ҳастанд, то баргҳои дарахти Соли Нави мелодиро на танҳо ҷунбонанд, балки аз фурсат истифода бурда, онро аз бунаш решакан намоянд.
Гурўҳи дигар ба ин ақидаанд, ки дард кам — дахмаса кам. Хусусан, садои гўшкаркунандаи хлопушкаҳои солинавӣ аз байн меравад. (Дарвоқеъ, имсол то ҳанўз садои он ба гўш намерасад). Ва ҳам ба оростани дастархони солинавӣ, ки хароҷоти дигареро талаб мекунад, ҳоҷат намемонад.
Ба ҳар ҳол ман хоставу нахоста, бояд ин Идро ҷашн гирам, чун бароям аз кўдакӣ одат шудааст. Имсол, бахусус бояд омодагии дигаре гирам, чун Ёсуман (духтарчаи ман) ба Бобои Барфӣ нома навиштаасту чанд тўҳфае хоҳиш кардааст. Бобои Барфии ў албатта ман ҳастам ва имшаб бояд орзуи кўдакии ўро амалӣ кунам…
Ҳамин тавр, ин Ид аз они мо ҳаст, ё не, бояд онро қайд кунем, чун солшумориамон бо ҳисоби мелодӣ аст ва мо наметавонем, ки «Рождество» гўён аз баҳри он гузарем. 1-уми январ мисли хати пиёдагарди шоҳроҳи шаҳр аст, ки гузаштани одамонро аз байни анбўҳи азими мошинҳо таъмин мекунад. Аз набудани он дар роҳ хараҷу мараҷ ва бетартибӣ шояд сар занад. Аз ин рў ба ҳамаи Шумо дар шоҳроҳи мошинҳои бешумор хатҳои сафеди ба чашм намоён орзу мекунам. Соли Наватон муборак!
Соли Нав икболи нав бодо муборак, Соли нав!
Бар Шумоён рузи нав, хам пару хам боли Нав!