Гумон мекунам, ки вақти ҷамъбасти пурсиш фаро расидааст. Пурсиши ман аз саволи арифметикии «Ду ҷамъи ду тақсими ду чанд мешавад?» иборат буд, ки ба он 15 нафар ҷавоб гуфтанд. Аз инҳо 4 нафар ҷавоби дуруст доданд ва ман ҳамаи онҳоеро, ки ҷавоби 3 додаанд, табрик мегўям, зеро ин ҳалли дурусти ин мисоли арифметикӣ аст. Ба онҳое, ки (8 нафар) ҷавоби 2 додаанд, ҳамдардӣ мекунам, зеро ҷавобашон ғалат аст. Ду нафаре, ки гуфтаанд «чанд даркор?» низ қариб ҷавоби дуруст додаанд, аммо ҳолатҳое ҳаст, ки бояд ба савол аниқ ҷавоб дод, вагарна аз имтиҳон нагузаштан мумкин, ки оқибати хуб надорад. 1 нафар бо чӣ сабаҳое ҷавоби онро 1 гуфтааст, ки тамоман хатост. Шояд вай мисли ман дар дарси математика хоб мекардааст…
Акнун бубинем, ки барои чӣ ҷавоби ин савол 3 мешудааст. Аввал ба интонатсия диққат диҳед. Ду ҷамъи дутақсими ду, яъне, ду ҷамъи як аст, зеро дутақсими ду як мешавад. Пас, ду ҷамъи дутақсими ду се хоҳад шуд. Ба ёд оред, ки дар арифметика роҳи ҳалли мисол ҳаст ва чун қоида аввал амали зарбу тақсим, сипас ҷамъу тарҳ иҷро карда мешаванд. Дар мисоли мо мо бояд аввал дуро ба ду тақсим кунем, баъд ба ду ҷамъ кунем. Яъне, 2+(2:2)=2+1=3.
Ба ҳама бурдборӣ мехоҳам ва даъват мекунам, ки дар пурсиши навбатӣ фаъолона иштирок намуда, ҷавоби дуруст ва сазовор диҳанд. Барори кор!
Салом! Ин саволу саволи дигаратон хуб аст, аммо як чизе нависед, ки манфиат дошта бошад. ду чамъи ду таксими дуро ки намедонад. албатта 2 мешавад, лекин шумо бо ин тарзи коркуниатон бешубха метавонед, ки чавобро 5 ё хатто 0 бароред. Ман ба шумо бовари дорам, зеро аз дасти шумо хар кор меояд.
Саволи дигаратон низ аз калагарангкунанда нест. Маълум, ки мехохад хоахарашро аз сари рохаш дур кунад. Ё ки медонад, шояд девона шуда бошад.
Салом ба ин хонандаи нуктасанҷ, аммо на он қадар оқили мо!
Мамнунам, ки вақти худро дареғ надошта ба ин саҳифа ворид шудед ва беҳтар аз ҳама коммент ҳам навиштед. Дўсти азиз, афсўс, ки шумо камтар ба хато роҳ додаед ва маро ба найранг гунаҳкор кардаед. Ин амали математикист ва онро ман кашф ва ё ба роҳ намондаам, балки онро олимони бузург ба ин фан дохил кардаанд ва ҳама онро қабул доранд.
Дар мавриди саволи дуюм, шояд шумо дуруст бошед, сабр кунед, ҳамин, ки онро ҷамъбаст кардем, шумо хоҳед фаҳмид, ки ҷавобатон дуруст аст, ё не. Агар малол набошад, мехостам, як маслиҳат баротон диҳам. Бисёр хонед, хондан ҳеч гоҳ зарар надорад ва беҳуда нахоҳад буд.
Бо эҳтиром Шўҳрат