Сентябрь, 2014 Archive

Наъузамбиллоҳ!

Ҳарзагӯӣ шуда гуфтор, наъузамбиллоҳ, Куфр дар кӯчаву бозор, наъузамбиллоҳ. Аз мусулмонии мо монда кунун, Риш як дарзаву дастор, наъузамбиллоҳ! Ходими дини Худо гуфт ба халқ: — Буттаро сахт нигаҳ дор, наъузамбиллоҳ! Мурдаҳо фикри қиёмат доранд*, Мегурезанд зи сари дор, наъузамбиллоҳ! Иддае даъвии мардӣ доранд, Даст дар нофаи эзор, наъузамбиллоҳ! Аз ҳамин мардумакони номард, Боядам гуфт […]

Роҳ

Дар ин саҳро, ки номаш зиндагонист, Яке дар ҳасрати фасли ҷавонист. Яке хоҳад дубора кӯдакиро, Касе ҷовид хоҳад зиндагиро. Ба пушт анбони ҳасрат меравад кас, Намегардад, намегардад дигар пас. Раванду рафтаанду мераванд, ҳон, Раҳи охир раҳи осудагӣ дон! Ва ин саҳро яке раҳ дорад охир, Ба манзил мебарад ҳар кӣ мусофир, Раҳи хақ аст, раҳи […]