Июль, 2014 Archive

Лайлатулқадри ман!

Ту шабеҳи гулӣ. На! Шабнамӣ. На! Боронӣ! Масалан, бар лаби як ташна мисоли ҷонӣ! Фарз кардем, ки ту як мӯъҷизаӣ, ҷозибаӣ, Мани раҳгумзадаро сӯи худат гардонӣ, Бо ҳамин шиддату ин ҷозибаи кайҳонӣ, Ту далели ради се қонуни як Нютонӣ. Гуфтӣ як бӯса ба вом медиҳаму суд – дучанд, Магар, эй ёр, ту ҳам тоҷирӣ, бозаргонӣ? […]

Fусса

Гул нест дар баҳори Ватан ғусса мехурам, Аз гул биёр гуфтани зан ғусса мехурам. Дастам ба дасти қарз ба саҳрои зиндагӣ, Поям намекашад ба чаман ғусса мехурам. Гушам ба дод омаду муҳтоҷи пунбаям, Аз моҷарои гӯру кафан ғусса мехурам. Аз ишқ ғусса мехурам, танҳо ҳамин хуш аст, Тарсам равад ин ғусса зи ман, ғусса мехурам. […]