Баъди хондани як пости Абдувоҳиди Зевар дар facebook дар бораи тарҷумаи китоби «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал аз ҷониби Бахтиёр Муртазоев хостам бардошт ва ёддошти худамро дар бораи ин тарҷума нависам.
Ростӣ, ман ҳам ин китобро аввал ба забони русӣ хонда будам ва баъдтар сифр аз бекитобӣ тарҷумаи тоҷикии онро хондам. Агар гӯям, ки лаззати тоҷикиаш бештар буд, ба он сабаб ки тарҷумон гӯё онро худаш навиштааст, на асари Стендал аст. Тасвирҳо он қадар рӯшан буданд, ки ман он саҳнаҳоро медидам. Ҳар касе боре пинҳонӣ дар зери миз дасти барояш азизеро дар кафи даст гирифтаву фишурдааст, лаззати бештари саҳнаи дар боғча дасти соҳибхонаро гирифтани Сорелро ҳис кардан метавонад. Аксари духтарон кам ё зиёд рафтору кирдори Матилдаро дар худ доранд. Ин саҳнаҳоро мутарҷим онқадар тоҷикона тасвир кардааст, ки гумон намекунед, асар ба дигар забон навишта шудааст. Агар Стендал забони тоҷикиро медонист, бе шубҳа ба маҳорати Муртазоев қоил мешуд. Аслан тарҷумаҳои мо, ки фармоишӣ буданд (замони Шӯравӣ ҳамин тавр будааст) бо ибораҳои содаву калкаҳои хушк иҷро мешуданд ва хонандаро дилгир мекарданд. Дар зимн, бояд гӯям, ки тарҷумаҳои Ш. Шараф, А. Аслам ва чанде дигарон ба ин гурӯҳ дохил намешаванд, зеро ин мутарҷимон тақрибан баробари муаллиф заҳмат кашидаанд. Муртазоев ҳам анқариб баробари Стендал меҳнат кардаанд, ки ҳалолашон бод. Аз тарҷумонҳои насли баъдӣ Салими Зарафшонфар низ маҳорати хуб доранд.
Ба ҳар касе, ки китобе хонданӣ мешуд, ҳатман ин асарро тавсия мекардам. Чанде аз онҳо бармегаштанду таърифу тавсиф карда боз асари дигареро пурсон мешуданд, аммо баъзеи дигар баъди андаке мегуфтанд, ки хондани ин китоб дилгиркунанда аст. Дар асл ҳам барои баъзеҳо саҳифаҳои аввали он дилгиркунанда менамояд, вале ин айби тарҷумон нест, балки услуби худи нависанда аст.
Ман Бахтиёр Муртазоевро ғоибона мешинохтам, чун ҳамсабақи падарам буданд ва додоям дар бораашон нақлҳо мекарданд, аммо, ростӣ, дар ёдам набуд, ки тарҷумони ин асари пурарзиш он кас ҳастанд.
Вақте ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба кор омадам, болои дари кабинети паҳлӯи ҷои корам навиштаи «Минбари халқ» Сармуҳаррир Бахтиёр Муртазоев»-ро хондам, хурсандиамро ҳадду канор набуд, зеро ҳамсабақи падарамро пайдо карда будам. Иҷозат пурсида ворид шудам, ки бо як духтари тахминан ҳамсинну соли ман сӯҳбат мекарданд. Маро бо ишора ба нишастан даъват карданд ва худашон сӯҳбатро давом доданд. Аз аввалин суханашон ҳис кардам, ки дар бораи «Сурх ва сиёҳ» гап мезананд. Чашмам ба китоби болои миз афтод: Стендал. «Сурх ва сиёҳ»!
Муртазоев зоҳиран ба он духтар ин китобро тавсияи хондан карда буданд ва маълум буд шогирдашон, чун дигар тавсиядиҳандагони ман аз аввалин саҳифаҳои китоб дилгир шуда, онро пурра мутолиа накарда буд, зеро ба пурсишҳо муҷмал ҷавоб медод. Ман худамро дошта натавонистам ва ба як пурсишаон бо ҳаяҷон саҳнаеро аз асар нақл кардам. Муртазоев бо табассум ва андаке ҳайрат гӯш мекарданд. Гуфтанд:
— Шумо ин китобро кай хондед?
— Тахминан дар синфи 10, — ҷавоб додам.
— Офарин! – гуфтанд.
Ман далер шуда гуфтам, ки тарҷумаи тоҷикии онро дар вақти донишҷӯиам хондааму саҳифаҳои аввалаш хонандаро дилгир мекунад.
— Шумо медонед, ки онро кӣ тарҷума кардааст? – пурсиданд Муртазоев.
— Дар ёд надорам, — гуфтаму хиҷолат кашидам.
— Ман онро дар Афғонистон тарҷума кардам, — гуфтанд.
Ман бештар хиҷолат кашидам ва омодаи узр пурсидан будам, ки гуфтанд:
— Дуруст мегӯед, ин қисмати авали китоб дар асл ҳамин хел аст ва ман ҳам онро дар шароити на он қадар хуб тарҷума кардаам.
… Баъди сӯҳбати тӯлоние дар бораи китоб (он духтар фаромӯш шуда буд) Муртазоев дасти маро фишурданду гуфтанд:
— Агар шумо ин асарро ба ду забон хонда бошед, беҳтарин дӯстдори китоб ҳастед!
Духтарак аз сӯҳбати мо чизе ба худ хулоса кард, ки дубора китобро ба ҷузвдонаш зад ва хайрхуш карда бадар рафт. Ману Муртазоев бо ҳам шинос шудем.
Акнун ки шунидам Бахтиёр Муртазоев тасмим гирифтаанд рӯи ин тарҷума аз нав кор кунанд, росташ хурсанд нашудам. Аз ин беҳтар тарҷума намешавад! Муаллими азизи мову шумо бояд маҳорати худро дар тарҷумаи ягон шоҳасари дигаре сарф кунанд, зеро маълум аст, ки кам нафарон ин меҳнати тоқатфарсоро таҳаммул кардан метавонанд.
Бо ҳамин баҳона мехостам ба Бахтиёр Муртазоев миннатдории худам ва чанд дӯстамро, ки аз мутоилаи ин китоб баҳра бурдаанд, расонам.
Воқеан, аз рӯи ин асар филм ҳам бардоштаанд, ки дар ТВ-ҳои мо ба тоҷикӣ тарҷума карда, солҳои охири асри 20 намоиш медоданд, аммо ҳеч мӯхтавои асарро саҳнавӣ кардан натавонистаанд.