Солҳо пушти саранду сахт нодонам ҳанӯз, Дар қарори як нигори сустпаймонам ҳанӯз. Дар ғирому дар ҳисоби бозиҳои ошиқӣ, Кӯдаке аз бачаҳои кӯдакистонам ҳанӯз. Зоҳирам гар офтобист, дар дилам борони ғам, Дар ҳавои офтобӣ зери боронам ҳанӯз. …Ёди ту дар пуштаҳои хотирам гул мекунад, Гул надорад рангу бӯе ман зимистонам ҳанӯз. Бо вуҷуди дар намозам зикр […]