Хабар дорӣ, ки имшаб бо хаёлат гуфтугӯ кардам? Худамро бо ҷамоли акси рӯят рӯ ба рӯ кардам. Нишастам пуштгардон то набинӣ ашкҳоямро, Ҳадиси рӯзҳои бетуамро мӯ ба мӯ кардам. Ба даври худ парешон карда авроқи китобамро, Туро аз байт-байти шеърҳоям ҷустуҷӯ кардам. Гирифтам гардани худро гиристам дар азои худ, Ба оби дида дасту суратамро шустушӯ […]