Фавқулода

Ба чашми ман ту фавқулода ҳастӣ,
Шабеҳи чашмае озода ҳастӣ.

Ба он лабҳои нозук зери дандон,
Чу гавҳар аз садаф накшода ҳастӣ.

Тамоми рӯзу шаб чашмам, ки бандам,
Худоё, рӯ ба рӯ истода ҳастӣ.

Ту фавқулода, лекин сода ҳастӣ.
Ба доми чун мане афтода ҳастӣ.

Ба поят дил бирезад халқи олам,
Валекин ту ба ман дил дода ҳастӣ.

Ба он шаҳре, ки Шуҳрат шуд гадояш,
Ту шояд охирин шаҳзода ҳастӣ.

© Душанбе. 20 октябри соли 2013

2 Responses to Фавқулода

  1. Ин замон Шахзодахо арзиш ва кадр надоранд

  2. Кушед ин замонаро, ки мекушад таронаро…