Ҳоло баҳор аст

Марди нобиное дар сари роҳе нишаста буд. Дар назди ӯ кулоҳ ва навиштаҷоте ба ин мазмун меистод: «Ман нобиноям, лутфан, ба ман кўмак кунед».
Роҳгузаре аз он ҷо мегузашт, чашмаш ба ин манзара афтод, ки дар дохили кулоҳ ҳамагӣ чанд танга буд. Вай ба нобино чанд танга дод ва бе иҷозати вай ба навиштаҷот чанд калима илова карду роҳашро давом дод.
Нисфирўзӣ баргашт ва дид, ки кулоҳ аз пулҳои коғазӣ ва танга пур шудааст. Нобино ўро аз шарфаи пояш шинохт ва пурсид, ки ҳамон марде нест, ки ба навиштаҷоташ чизе илова карда буд. Нобино, ҳамчунин, мехост фаҳмад, ки роҳгузар чӣ навиштааст.
«Ман чизе нанавиштам, ки дурўғ бошад. Ман онро ба тарзи дигар навиштам», — гуфт роҳгузар ва ба роҳаш идома дод.
Калимаҳои иловашудаи навиштаҷот инҳо буданд:
«Ҳоло баҳор аст, аммо ман наметавонам онро бубинам».

Comments are closed.