Хезу биёву биншин дар рў ба рўям эй гул,
То рў зи рўи ҳар кас берў наҷўям, эй гул.
Дил ҷуста дар барам шин, холӣ намон канорам,
То ҳар кӣ дида бошам, дилҷў нагўям, эй гул.
Дасте зи меҳр афкан ба сар маро, ки донам,
Гардад фидои меҳрат аз мў ба мўям, эй гул.
Аз хандаи ду чашмат як ханда ҳадяе кун,
То хандаи лабоне ҳар сў наҷўям, эй гул.
Лайливаше, куҷоӣ, андар суроғи кўят,
Чун Қайси дилшикаста аз кў ба кўям, эй гул.
Атри Шанели ёдат биншаста дар хаёлам,
Ҷуз атри гардани ту гулбў набўям, эй гул.
Дар экрани нигоҳам акси ту мешавад пур,
Шўҳрат куҷоӣ гўяд аз ў ба сўям, эй гул.