Август, 2012 Archive

Тасбеҳи нигоҳ

Он ёр, ки чашмаш ба раҳ аст, ёри кӣ бошад? Дилбаста ба кӣ бошаду дилдори кӣ бошад? Шаб рафту саҳар шуд сухани ишқ адо нест, Дар фикри чӣ афтодаву абгори кӣ бошад? Гаҳ аз лаби нўшаш шаккару гоҳ ҳақорат, Дар ҳарфи вафо шева ба гуфтори кӣ бошад? Гаҳ даст ба камар кардаву хашмаш бифизояд, Ў […]

Девонашам

Девона ман зи талъаташ он ёр механдад, Кам-кам адоям кардаву бисёр механдад. Девона ман, ки мешавам пазмони хашми ў, Фаҳмида он дуздаки таррор механдад. Девона ман, ки бо нигоҳ бўсам зи чашми ў, Ранҷида ў зи лаззати хуммор механдад. Девона ман, ки мезанам лофи муҳаббаташ, Биншаста ў ба маҷлиси ағёр механдад. Девона ман, ки ҷўямаш […]

Ба Худо гиристам имшаб

Ба Худо гиристам имшаб, ки дилам гадо насозад, Зи ғаме, ки шодиям буд, ба алам ҷудо насозад. Ба Худо гиристам имшаб, ки зи файзи рўзадорӣ, Ба намозу аз таровеҳ талабам адо насозад. Ба Худо гиристам имшаб, ки ба ёри нозанинам, Назаре, ки ноз дорад, назарам фидо насозад. Ба Худо гиристам имшаб, ки ба пеши душману […]

Атри Шанели ёд

Хезу биёву биншин дар рў ба рўям эй гул, То рў зи рўи ҳар кас берў наҷўям, эй гул. Дил ҷуста дар барам шин, холӣ намон канорам, То ҳар кӣ дида бошам, дилҷў нагўям, эй гул. Дасте зи меҳр афкан ба сар маро, ки донам, Гардад фидои меҳрат аз мў ба мўям, эй гул. Аз […]

Тақдир

Нолае чун савти ширини шакарноям мудом, Кўлбори раҳ ба пушту дар сафар поям мудом. Тақдире ҳамчун асои кӯр дорам доимо, Мебарам ҳар кас ба манзил, пушти дарҳоям мудом. Як диле чун шишаи фонус дорам дар бағал, Тарси аз пуф мурданеро ҳар саҳар поям мудом. Ғайрате чун ғайрати як гурги пир бояд маро, Устухоне дар кафи […]