Кош бо пирӣ намебархўрдаме

Дасти ҳасрат бар сари пурнадомат

Дасти ҳасрат бар сари пурнадомат

Дирўз маро пир гуфтанд. Аввал ман ба он аҳамияте надодам, аммо баъдтар ин сухан ба ман сахт таъсир кард. Агар гўям, ки мўйҳоям чанд тора сафед шуданд, муҳобот накарда бошам. То ин дам фикр (албатта ҷиддӣ) накарда будам, ки ҷавонӣ давраи рафтагор аст ва ба касе поянда нахоҳад монд, чун худамро дар айни авҷи ҷавонӣ медидам.
Ҳоло, ки маро пир хитоб карданд, бояд ба пирӣ тан диҳам ва бо ҷавониям падруд гўям? Бояд гўшаи узлат гузинам ва ба ибодати шаборўзӣ бипардозам? Дигар бояд ҳавову ҳаваси ҷавониро аз сар бадар кунам? Аз ин ба баъд ёди гулрухони симинтане, ки алифи абёти ишқ дар лаб аз канори ман мегузаранд, накунам? Дигар он моҳлиқое, ки ҳар рўзе аз роҳрави чашми ман бо шарму ҳаёи туркона мегузарад ва Ҳофизи Шерозӣ барояш омода буд, Самарқанду Бухороро диҳад, чун муқаррариҳо қабул кунам? Дигар интизор нашавам, ки кай фурсате мерасад, то бори дигар санги шонс аз бағал берун кунам? Ва дигар бояд дигар нагўям?
На, наметавонам! Ба пирӣ бархўрдани ман ҳушдор аз он аст, ки ҷавонӣ раванда аст ва бояд чун фурсат ҳаст, аз итоби оне, ки маро пир хондааст, наранҷам.
Аммо кош бо пирӣ намебархўрдаме, то ҳавои ҳаваси онеро, ки маро пир хондааст, аз сар чун ҳаваси ҷавонӣ берун мекардам. Чун дигар ҳавасҳо онро низ бо қонеъ шудани ҳисси табиӣ фаромўш месохтам. На, ки ба фаромўшиаш мефиристодам, то дар он торикии ваҳшатзо дар пўсти худ сўзиши давраи аз ҷавонӣ ба пирӣ гузаштанҳоро дарк мекард.
Мутмаинам, ки бо ин ҳама истиғное, ки дорад, агар ба даврони ман расад, дарк хоҳад кард, ки ҳисси одамӣ ҷавониву пирӣ надорад. Он замон дасти ҳасрат бар сари пурнадомати худ хоҳад зад ва ангушти ҷавонӣ зери дандони пирӣ хоҳад газид, … ки дер шуда бошад…

5 Responses to Кош бо пирӣ намебархўрдаме

  1. Дар дунё касе чавон намондааст. Соле пеш маро низ чунин санги маломат зада буданд. Хар кас хам ба пири намерасад. Шукр бояд кард. Аммо фикр мекунам, ки пири худ чист? Пеши худ ба он хулосае омадам, ки ман хамон одаме хастам, ки будам, пас аз чи ру пир шудаам? Ба худ гуфтам «Додар, охир солат ба чое расидааст, муйхоят ба рехтан сар кардааст, ожанг пайдо кардаи, дигар чун алобу оташ нести, дигар худатро дар байни чавонтархо чун мохи дар об хис намекуни, дигар барои як либоси камтар рангаш чилодорро ба тан кардан шарм мекуни, дигар духтарон пушти даратро охурча намекунанд,…» ва гайра,ки агар он андешахоямро бароят нависам мондагии умри «пириям» ками мекунад. Боки бароят факат тасалло дода метавонам,ки касе,ки туро пир гуфтааст НОМАЪКУЛ кардааст!

  2. Беҳуда худамро маломат кардааам гўед? Эҳ, ин дунёро намефаҳмед. Соле пеш ҷавонӣ гўён таънаҳо мешунидем, акнун пир гуфта мазамматамон мекунанд. Ба ҳар сурат ҷавонем ё пир, касоне ҳастем, ки ҷавонҳо шодихўрдаамон ҳастанду пирҳо ҳасадхўрда… Чи гуфтед?

  3. Факат зик нашав.Мо кам нестем!

  4. Якин донистам ки кариб бо ман хамсол хастиву мисли ман ёд аз умри рафта мекуни….
    … Чавонихои ману туро дуздиданд…чавонихои ману туро ба суроги пораи ноне мухочир карданд…чавонихои ману туро захролуд карданд….чавонихои ману туро бо «пири» «бартер» карданд….

  5. Бародари ҳамақидаам, хаста мабош! Ҷавонии ману туро на танҳо дуздиданд, балки бурданду зиндонӣ карданд, чанд соле аз онро сарфи талошҳои мансабии хуб сохтанд, чанд соли дигарро дар оворагиҳо гум карданд. Туро намедонам, аммо ман ҳеч наметавонам инро барои он дуздҳо бахшам. Аз ин рў пирии ман, ки давоми ҷавониам аст, рўзе барои айёми гузашта қиём хоҳад кард…