Бо оғози Мусобиқоти ҷаҳонии футбол дар Африқои Ҷанубӣ дар тамоми дунё ид сар шуд, аммо шояд барои мо ин ид як пули пучак ҳам арзиш надошта бошад, зеро мо наметавонем аз футбол ифтихори миллӣ дуруст кунему онро чун ид қабул намоем.
Вақте шаҳомати консерт ва кушодашавии Мусобиқоти Ҷаҳон-2010 оид ба футболро тариқи телевизиор (моҳвора) дар Йоханнесбург дидам, пай бурдам, ки чӣ тавр як халқи дуртарин гўшаи дунё барои сарзаминаш, барои ватанаш, барои халқаш, барои маданияташ ва дар охир барои ранги пўсташ ифтихор мекунад.
Ифтихор мекунад, ки бо вуҷуди бенавоиаш метавонад чунин маъракаи муҳимро қабул кунад, аз 32 давлати дунё ҳазорҳо нафарро ба оғўши худ гирад.
Вақте аз Нелсон Монделла мегуфтанд, дар симои ҳар нафари ин сиёҳпўст ман барандаи ҷоизаи Нобелро медидам. Медидам, ки чӣ тавр ҳамаи онҳо бо Монделла як тану як ҷон ҳастанд, зеро вай рамзи озодӣ ва адолат дар ин кишвар шудааст. Аввалин президенти сиёҳпўст дар Африқои Ҷанубӣ аст ва маҳз вай буд, ки дар соли 1995 мусобиқоти ҷаҳонии регбиро мамлакаташ қабул карда, Африқои Ҷанубиро қаҳрамони ин бозиҳо гардонд. Аз ифтихори онҳо ман ифтихори доштаамро аз ҳаммилатонам ночизу хандадор донистам.
Вақте «Як гол барои саводноккунӣ» дар ин қитъа бо дастгирии FIFA тарҳрезӣ ва амалӣ карда шуду ҳар африқоии гурусна, тани урён, китоб дар бағал мехоҳад ҳарф омўзад, аз 11-солагиву 12-солагии таълим дар мактабҳои худамон ёдам омад. Мактабҳоямонро 12-сола карданӣ ҳастем, аммо як дарси хубе аз футбол чӣ, аз варзиш надорем. Ҳеч ҳамватани мо имкон надорад, ки як голе ба дарвозаи ин африқоиҳои гуруснаи бесавод занад. Задан натавонистан он тараф истад, лоиқи он нестем, ки дар рў ба рўи онҳо ба майдон бароем, зеро то ҳол мо бузургии футболро дарк накардаем, намедонем, ки он бозии рақами яки дунё шудааст.
Ҳамон рўз африқоиҳо дар майдони худ дастаи Мексикаро қабул карданд ва голи аввалини ин мусобиқаро ҳам заданд. Ба назар чунин мерасид, ки онҳо ба майдон баромада, ба меҳмонон нишон доданӣ буданд, ки сазовори қабули ин мусобиқа ва ширкат дар ин бозиҳо ҳастанд.
Ман боварӣ надорам, ки ин мамлакати африқоӣ дар мусобиқа ғолиб меояд, аммо ман барои истодагарӣ, шукўҳмандӣ ва ғайрати ин футболбозон мухлисӣ хоҳам кард. Барои халқе, ки новобаста аз ҳама чиз метавонад, дар майдони сабз пойлуч ҳам бозӣ кунад, танҳо ба хотири он, ки аз ҳаммилати Нелсон Монделла буданашро исбот намояд.
Аммо наметавонам ин ифтихорро ба пуррагӣ бинам, зеро телевизорам ин идро ба тарзе пешкаш мекунад, ки чеҳраи ин мардуми хушбахти имкони аз наздик тамошо кардани футболро дошта, дар пасманзари рекламаи кадом як нўшокии фантастикии Beg Biear ноаён мешавад. Ҳамватанони ман на аз Монделла хабар доранду на ифтихор аз озодӣ доранду на футболро дуруст мефаҳманд, вагарна масъулини телевизионашон дар дақиқаи 71-уми ҳар вохўрӣ, ки мустақиман пахш мешавад, реклама ва барномаи ахбори кўҳнаро ҷо намекарданд. Ё ин телевизион моли хусусии ширкатҳои рекламадиҳанда аст, ё масъулин бо ин корашон мехоҳанд, ки аз «боло» гап нашунаванд. Бехабар аз он, ки ба ғазаби «боло»-иҳову нафрати «поёниҳо» гирифтор шуданашон аз имкон дур нест.
Афсус сад афсус ки як нафаре ба як дастаи Хуб мухлиси ашади асту моро бо маводхош хурсанд мекунад аз натичаи дастааш маъюс мегардад
Ташаккур барои хамдариатон! Дастае, ки ман ба он мухлиси мекунам, дар хакикат зебо бози мекунад ва махорати футболбозонаш олист. Ин аст, ки онхо кахрамон шуданд. Барори кор!