Tagged with Салом

Бегонаи ман

Бӯсагоҳат холӣ аз лабҳои ман, Чашмҳоят сӯи ман, аммо намебинӣ маро. Кокулони майдабофат пушти арки шонаҳоят мезанад мавҷ, Мекашад манро ба сӯяш Маст месозад ба бӯяш… Мисли хобе рафтӣ аз шабҳои ман, Дар сарам дорам ҳавоят, дар дили ту ҳасрате ҳаст, Нек медонам забони мову ту бошад забони ошиқӣ, Бо ҳама ҳамсониву ҳамҷониву ҳамқисматӣ, Бо […]

Cӯхт

Ошиқи бечора аз ғамҳои ҳиҷрон сӯхт, сӯхт. Рӯзадорон, дидагирён, синабирён сӯхт, сӯхт. Дар тавони ман набуд оташ задан бар ҷони кас, Ишқ оташ гашту ҷони нотавонон сӯхт, сӯхт. Бо худам гуфтам, ки фардо офтобӣ мешавам, Абри ҳисам чун ҳавои баъди борон сӯхт, сӯхт. Баргаи бурде ба дастам даррасиду боз ҳам, Норасида навбати ман давру даврон […]

Боғигул

Боғигул дар даст гул, гул дар баногӯш омада, Лаб чу гул, мӯ дастагул, гул дар бари рӯш омада. Ханда гул, хамёза гул, дар нозукӣ чун ғунчагул, Бӯй гул, абрӯй гул, бо гул ҳамоғӯш омада. Боғи гул аст Боғигул, сар то ба пояш мисли гул, Боғбони гул шавам чун сина дар ҷӯш омада. Аз забонаш шабнами […]

Васият

Бар турбати ман як дили садпора гузоред, Аз гул кафанам карда ба наззора гузоред. Рӯзе, ки зи маргам ду маҳу ҳафта сипар шуд, Аз хок бурун карда дигарбора гузоред. Дар зиндагиям ғайри қалам ҳеч надорам, Онро чу асо бар кафи овора гузоред. Як мисраи дар фасли баҳор гуфтаи манро, Андар лаби ҳар ошиқи бечора гузоред… […]

Як сел ояд

Мехоҳам як сели азими дигар ояд, селе ояд, ки доно бошаду оқил, то бешарафию беномусии мардуми моро шўяду барад Арафаи Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро аҳолии Тоҷикистон то дер боз фаромўш нахоҳанд кард, балки шояд ин рўзҳо дар таърихи кишвари мо чун рўзҳои мудҳиши пурмотам сабт гарданд. Дигаронро намедонам, аммо ман ин дарду ғами […]