Tagged with Шухрат

Cӯхт

Ошиқи бечора аз ғамҳои ҳиҷрон сӯхт, сӯхт. Рӯзадорон, дидагирён, синабирён сӯхт, сӯхт. Дар тавони ман набуд оташ задан бар ҷони кас, Ишқ оташ гашту ҷони нотавонон сӯхт, сӯхт. Бо худам гуфтам, ки фардо офтобӣ мешавам, Абри ҳисам чун ҳавои баъди борон сӯхт, сӯхт. Баргаи бурде ба дастам даррасиду боз ҳам, Норасида навбати ман давру даврон […]

Боғигул

Боғигул дар даст гул, гул дар баногӯш омада, Лаб чу гул, мӯ дастагул, гул дар бари рӯш омада. Ханда гул, хамёза гул, дар нозукӣ чун ғунчагул, Бӯй гул, абрӯй гул, бо гул ҳамоғӯш омада. Боғи гул аст Боғигул, сар то ба пояш мисли гул, Боғбони гул шавам чун сина дар ҷӯш омада. Аз забонаш шабнами […]

Васият

Бар турбати ман як дили садпора гузоред, Аз гул кафанам карда ба наззора гузоред. Рӯзе, ки зи маргам ду маҳу ҳафта сипар шуд, Аз хок бурун карда дигарбора гузоред. Дар зиндагиям ғайри қалам ҳеч надорам, Онро чу асо бар кафи овора гузоред. Як мисраи дар фасли баҳор гуфтаи манро, Андар лаби ҳар ошиқи бечора гузоред… […]

Рўдакӣ: Боз мегиряд ғурурам

Дирўз дар сайти радиои «Озодӣ» як хабареро хондам, ки бисёр нигаронам кард. Сухан дар бораи пайкараи Рўдакӣ ва ҷой наёфтани он дар Хоруғ мерафт. Ба гуфтаи сармеъмори шаҳр Назарсултон Сиддиқова, онҳо мехостаанд муҷассамаро дар ҷойи намоён ва серодами шаҳр гузоранд, аммо то ба ҳол барои ҳайкал ҷойи мувофиқ пайдо накардаанд. Чӣ баҳонаи пучу бемаъние. Дар […]