Tagged with ман

Ман ошиқи ту

Эй ҳалқаи шодиро нигинам, Аз зумраи беҳи беҳтаринам. Оғози раҳе ба Каҳкашонам, Эй нуқтаи охири Заминам. Эй хандаи баъди гиряҳоям, Ту гиряи ханда дар ҷабинам. Ғам аз ману шодиҳо насибат, Эй дар ғаму шодиҳо қаринам. Ман рози дилам кушоданиям, Эй дилбари нози нозанинам. Ман ошиқи ту, шунав паёмам, Ин ҳарфи аввал ва охиринам!