♥☼♥ Месӯзад ♥☼♥

Шамъ дар хонаи ман гирякунон месӯзад,
Марги парвона яқин аст, аз он месӯзад.

Торик аст рӯзи висолу шаби ҳиҷрон нагузашт,
Фонуси дидаи ман дар нигарон месӯзад.

Нест ёре, ки бигиряд ба ғами дам ба дамам,
Дили девонаи ман бар дигарон месӯзад.

Хандаат гар ба диле кора накард, боке нест,
Нола кун, нола, ки аз нола ҷаҳон месӯзад.

Дар замоне, ки дурӯғ одати маъмулӣ шуда,
Ҳар кӣ озода сухан кард, ҳамон месӯзад.

Оташи ҷанг чу дар тӯдаи мардум афтод,
Ин яқин аст, ки ҳар пиру ҷавон месӯзад.

Шӯҳрат, ин ҳарфи мурувват ба касе гӯй, туро
Ҷони худ хонда аз дард ба ҷон месӯзад.
© Душанбе, 14.12.2012

✰*ღ Валс ✰*ღ

Фасли ҷавонӣ меравад, эй ёри нозанин,
Худро бурун зи узлату банди қафас кашем.
Оҳанги валс хондааст моро ба саҳна боз,
Такте дигар дар се қадам бо ҳам нафас кашем.

Даст дар камар ниҳодаву поро ба пои ҳам,
Давре ба мисли давраи чархофалак занем.
Рақсе чунин дар Венаву дар Амрико набуд,
Рашку ҳасад дар маҳфили инсу малак занем.

Месе! Мадам! Сенйорито! Эй хонуми дилам,
Ман пеши ту ба зонуам, дастам бигир ба ноз.
Чашми ҳама бар сўи мо, чашмат нагир зи ман,
Оҳанги валс хондааст моро ба саҳна боз.
© Душанбе, 29.11.2012

Айб аст… гунаҳ накардан

 Дар гардани нози нозанинат,
Овехтаам нигоҳ чун тавқ.
Дар фикру хаёли худ ҳазорон,
Афрўхтаам гуноҳ аз шавқ.

Дар гардани нози нозанинат,
Аз бўса кунам ҳамели гардан,
Рўзе, ки агар дучорам оӣ,
Айб аст, ба Худо, гунаҳ накардан.

Дар гардани нози нозанинат,
Хуни мани бегуноҳ зомин,
Шояд, ки расад дастам охир,
Бар гардани нозанинат, омин!
© Душанбе, 23.11.2012

Дӯстӣ ва шубҳа

Шоҳ Сезар танҳо ба як одам, ба дӯсташ боварӣ дошт. Ин одам табиби вай буд. Шоҳ, ҳар вақте бемор мешуд, доруро маҳз аз дасти ин табиб мехӯрд.
Боре, вақте Сезар худро хуб ҳис намекард, номаи бе номе гирифт, ки дар он навишта шуда буд: «Аз дӯсти беҳтарини худ, аз табиби хеш, ҳарос кун. Вай туро заҳр хӯронданист!»
Баъди чанде табиб ба ҳузури шоҳ омад ва ба Сезар дору дароз кард. Сезар ба дӯсташ номаро дод. Дар он муддате, ки табиб номаро мехонд, вай доруро то қатраи охиринаш хӯрд.
Табиб ба даҳшат омада пурсид:
— Шоҳам, ту чӣ тавр баъди хондани ин нома тавонистӣ, ки доруи овардаи маро хӯрӣ?
Шоҳ ба ӯ ҷавоб дод:
— То ба дӯсти худ шубҳа кардан, мурдан беҳтар аст!

Панди ройгон

Чун ҷавонӣ ба раҳи пирӣ суҷуде дорад,
Хира шуд чашму дилам сўхта дуде дорад.

Ту ба парҳез зи хоби саҳарӣ кўш, писар,
Ки Худованд дами субҳ пайку дуруде дорад

Фалакат гардиши сахт дод, ба зинҳор маранҷ,
Осмон баҳри сафо ранги кабуде дорад.

Тарси дастнорасии қулла зи сар берун кун,
Кўҳ дар пуштаи худ роҳи фуруде дорад.

То қиёмат ба раҳи ишқ ҷунун натвон буд,
Чунки девонагӣ ҳам ҳаду ҳудуде дорад.

Борҳо дар талаби хонаи мақсуд бикўш,
Ҳар дари баста бидон рамзи вуруде дорад.

Дӯстдорӣ

Ғамзаат моро ба сўи ту ҳидоят мекунад,
Чашми ту аз чашми бад моро ҳимоят мекунад.

Соқи симини ту аз сар мерабояд ақлу ҳуш,
Бегумон ин дил ба ҳар роҳе ҷиноят мекунад.

Ҳар куҷо аттор гўяд васфи мушке аз Хутан,
Дон, ки аз бўи гулоби ту киноят мекунад.

Ғуссаро кам кун, ки дўстам менадорӣ мисли ман,
Ошиқии ман ба мову ту кифоят мекунад.

Дӯстдориро намезебад, ки бошад доваре,
Нотавон ошиқ, ки аз маъшуқ шикоят мекунад.

Бар садои мо ҷавобе нест дар ин сарзамин,
Шўҳрат охир меравад, тарки вилоят мекунад.

Ману Ту

Шабе дар бистари нарми хаёлам,
Канори ҳам нишаста то саҳар шод,
Ману Ту дасти ҳам бигрифта гуфтем,
Худо моро барои ҳамдигар дод.

Саҳар аз кулбаи гарми хаёлам,
Ҷудоӣ рафтанат бар ман хабар дод.
Ману Ту чашми ҳам бўсида гуфтем,
Ки чашми бад баромон бехатар бод.

Ба шоме дар ибодатгоҳи ёдам,
Намози шукри ишқ аз худ асар дод.
Ману Ту дар дуои хеш гуфтем,
Худоё, рўи ғам дар пушти сар бод.

Дубора дар хиёбони хаёлам,
Гули ёдат вуҷудамро самар дод.
Ману Ту раҳ ба раҳ рафтему гуфтем,
Раҳи мо то ҳамеша ҳамсафар бод.
12.09.2012

Модар

Барои Модаре, ки имрўз зодрўз дошт

Ҳанўз ҳам ба вақти атса карданам,
Ту мурда зинда мешавӣ, ки модарӣ.
Ҳанўз ҳам ба вақти ашку шодиям,
Ту гиря-ханда мешавӣ, ки модарӣ.

Ҳанўз ҳам ба ҷомаи арўсиям,
Ту шоҳу банда мешавӣ, ки модарӣ.
Ҳанўз ҳам барои пуштибониям,
Ту ганда ганда мешавӣ, ки модарӣ.

Ҳанўз ҳам ба вақти рафтанам,
Ту кўча-кўча меравӣ, ки модарӣ.
Ҳанўз ҳам ғами маро зи роҳи умр,
Ту чида-чида меравӣ, ки модарӣ.

Ҳанўз ҳам канори ту шавам агар,
Ту шиштухез мешавӣ, ки модарӣ.
Ҳанўз ҳам ба доманат чу сар ниҳам,
Ту хандарез мешавӣ, ки модарӣ.
22.08.2012

Ҳасби ҳол

Дидаед марде сигорӣ
Дасти ғам андар кафи даст,
Дар хиёбони дарози бекасӣ
Меравад бешўру пуршаст…
… Ин ҷавонии ман аст…

Дидаед шаҳре, ки холӣ
Аз нидои ошиқон аст?
Дар хиёбонаш гуле нест,
Кишвари дилмурдагон аст…
… Зиндагонии ман аст…

Дидаед дарёи хушке
Шўриши сад баҳр дорад?
Мезанад сарро ба соҳил,
Мавҷҳояш қаҳр дорад…
… Қаҳрамонии ман аст…

Дидаед як гурги танҳо
Дар сари санге нишаста?
Рў ба сўи осмонҳо
Нолааш дар лаб гусаста…
… Безабонии ман аст…

Тасбеҳи нигоҳ

Он ёр, ки чашмаш ба раҳ аст, ёри кӣ бошад?
Дилбаста ба кӣ бошаду дилдори кӣ бошад?

Шаб рафту саҳар шуд сухани ишқ адо нест,
Дар фикри чӣ афтодаву абгори кӣ бошад?

Гаҳ аз лаби нўшаш шаккару гоҳ ҳақорат,
Дар ҳарфи вафо шева ба гуфтори кӣ бошад?

Гаҳ даст ба камар кардаву хашмаш бифизояд,
Ў дар талабу нийати куштори кӣ бошад?

Як дам ба замин по занаду ишва намояд,
Андар кафи пош бўсаи бисёри кӣ бошад?

Тасбеҳи нигоҳаш саду як ояти роз аст,
Ашки бари рўш донаи зуннори кӣ бошад?

Аз хандаи чашмаш ба тани мурда дамад ҷон,
Паргори ҳушаш нуқтаи даввори кӣ бошад?

Шўҳрат зи раҳи чат, ки паёме бифиристод,
Он шўхи бало дар сари бозори кӣ бошад?