Posted in Салом

Дар футболи тоҷик таҳаввулот мешавад?

— Имкони номзадии дубораи президенти феълии федератсия ҳаст? — Мо бояд ҷаласаро мувофиқи устави ФФТ гузаронем. Ман муқобили пешниҳоди номзадҳои дигар нестам, аммо фурсати аз нав ташкил намудани футбол дар Тоҷикистон расидааст ва мехоҳам, ки он рў ба беҳбудӣ ниҳад. Ман зидди Сўҳроб Қосимов нестам, аммо ҳоло талабот ба футбол тағйир ёфтааст. Охир футбол фаротар […]

Ҳасби ҳол

Мо сархушем, ки дар дари майхонаем ҳанўз, Бас ошиқем, ки дар дили ҷононаем ҳанўз. Моро ҳамин ёди майю маъшуқа кофӣ аст, Дар мастиву дар ошиқӣ якдонаем ҳанўз. ما سر خوشیم که در در می خانه یم هنوز بس عاشق یم که در دل جانانه یم هنوز مارا همین یاد می و معشوقه کافی است در […]

Дилам аз Россия монд

Муносибати охири Россия бо муҳоҷирони меҳнатии точик вобаста ба қазияи суд шудани лётчики рус диламро аз ин кишвари абарқудрат баякборагӣ сард кард. Рости гап, аз ин пеш ба сиёсати ин кишвар, ба сиёсатмадоронаш, ба мардумаш, ба ҳама чизаш ҳусни таваҷҷўҳ доштам. Ҷойи пинҳон кардан нест, ба дўстонам низ мегуфтам, ки Россия кишвари хубе аст, ки […]

Нафрати ман аз озодихоҳӣ

Агар гўям, ки дилам барои Муаммар Қаззофӣ насўхтааст, дурўғ гуфта бошам. Намедонам чаро, аммо ман аз рафтору кирдору амалу зиндагии охири мардуми Либия нафратам омад. Сахт нафратам омад, ба ҳадде, ки лаънат хондам… ва боз гиребони тавба ба даст гирифтам… Ман ба озодихоҳии ин мардум сарфаҳм нарафтам. Шояд иллат беиттилоии ман бошад? Шояд ман аз […]

Боз як имкони ситораҳои корвонкуш

Ман аз он, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба даври гурўҳии Мусобиқоти ҷаҳон-2014 роҳ ёфт, хурсанд нашудам. На аз он сабаб, ки масъулин аз ФФТ (ҳеч боварам намеояд, ки дар Федератсияи футболи мо чунин одами зирак бошад) бо роҳи шикоят аз ҳариф (ҳарчанд ҳариф ғиром бозӣ кардааст) ба ин ноил шуданд, балки медонам «ситораҳои» футболи […]

То Панҷекат чанд сомонӣ?

Чанде пеш ба зодгоҳам рафта будам ва аз он ҷо хотироте чанд бо худ овардам, ки ба дўстонам гуфтану шуниданашро раво мебинам. Бояд гўям, ки рафтанам ба он ҷо бо чанд баҳонаву сабаб пеш омад, вагарна ҳеч дилам намехост, ки аз Душанбе берун шавам, ҳарчанд ҳаво дар пойтахт хеле гарм буд. Як субҳи моҳи июл […]

Тоҷикистон аъзои UEFA мешавад?

Бо омадани президенти UEFA ба Душанбе футболи тоҷикӣ аврупоӣ хоҳад шуд? Дар назар аст, ки рўзи 8-уми июн президенти Шўрои ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (UEFA) Мишел Платинӣ ба Душанбе меояд. Баъзе аз расонаҳо дар атрофии ин сафари Платинӣ бар он боваранд, ки футболи Тоҷикистон баъд аз баррасӣ ва муҷаҳҳаз гардонидан ба UEFA мегаравад. Чун як дўстдори […]

Рўдакӣ: Боз мегиряд ғурурам

Дирўз дар сайти радиои «Озодӣ» як хабареро хондам, ки бисёр нигаронам кард. Сухан дар бораи пайкараи Рўдакӣ ва ҷой наёфтани он дар Хоруғ мерафт. Ба гуфтаи сармеъмори шаҳр Назарсултон Сиддиқова, онҳо мехостаанд муҷассамаро дар ҷойи намоён ва серодами шаҳр гузоранд, аммо то ба ҳол барои ҳайкал ҷойи мувофиқ пайдо накардаанд. Чӣ баҳонаи пучу бемаъние. Дар […]

La gloria al Real!

Оқибат Роналду худро намоиш дод! «Барселона» шикаста шуд! Ин навбат ягон дасти берунӣ ба мадридиҳо мадад накард, балки сари мўъҷизакори португалӣ титу пораи каталониҳоро баровард. Дигар ҳеч як генерал Франко баҳона шуда наметавонист, дигар даврони Роналду ва Ди Мария расидааст! Viva Real! Viva Ronaldu! Барои хондани идомааш ин ҷоро пахш кунед!

Се рўзи Соли Нав

Имрўз мувофиқи солшуморие, ки ман аз бобоям омўхта будаму аз кўдакиям дар ёдам мондааст, Соли Нав аст. Бобоям мегуфтанд, ки панҷшанбеи сеюми моҳи март сол нав мешавад. Ман дар ҳайрат намемондам, чун медонистам, ки бобоям дар чунин мавзўъ хато намекунанд ва ин гапашон беасос нест. Аммо барои боз ҳам бештар донистану аз чунин сўҳбат зиёд […]