Posted in Салом

Гуноҳе пур зи лаззат

Раво бошад маро дар ҳар бало афкандаат созӣ, Чу ҳоҷӣ гирди санги қиблагаҳ гардандаат созӣ. Адои ҳамлаи чашмат, каманди зулфи печонат, Чӣ мешуд, ки ба банди дасту пойи бандаат созӣ. Ба уммеди висолат то қиёмат рўза медорам, Ба лутфи хеш десерти шоми ман як хандаат созӣ. Савоб аст аз лаби нағзат, ки дашноме ба ширинӣ, […]

Хиёнат ва расвоӣ

              Ин даст, ки ҳамойил шуда бар гардани ёре, Аз фитнаи он дасти хиёнатзада боре, Огаҳ шаваду дасте ба ў силӣ занад гар, Расвоӣ падид ояду сад фитнаи дигар…

Ба ҳамоне, ки ранҷидааст

Боз о, ки умрам меравад, ин тирамаҳ чил мешавад, Одам, ки аз гил омадаст, охир, ки бар гил мешавад. Эй, дар зимистони дилам фарвардини зебои ту, Оӣ, баҳору рўзи нав дар кўву манзил мешавад. Хун дар дилам гул мекунад аз нам-нами борони ишқ, Чун мижа бар ҳам мезанам, ашк сурати дил мешавад. Қаҳру итобат раъду […]

Шармсорам, ки напурс

Ҳолатам бе чора дидам, шармсорам, ки напурс, Дардмандам, ханда созам, шармсорам, ки напурс. Даъвии шаҳри Самарқанд, даъвии тахти Бухоро, Аз чунин даъвои кам-кам, шармсорам, ки напурс. Дар ҳамин рўзе, ки бояд дар ғами миллат бигирям, Аз чунин чашмони бенам, шармсорам, ки напурс. Дасти худро бўса созу миннати дасте мабар, Ман чунин дасте надорам, шармсорам, ки […]

Бори ҷафо

Бо ҳар баҳона рўҳи ман фарёд мекашад, Чилсолагиям заҳмати ҳафтод мекашад. Сайди рамида дар чаман бо қаҳру бо итоб, Теғи нигаҳро ҷониби сайёд мекашад. Ширин ба Хусрав ҷилваҳои ноз мекунад, Бори ҷафоро тешаи Фарҳод мекашад. Қавми падарнадидаи модархатои Ғарб, Ҷисми Ҳусайнро бар дари Бағдод мекашад. Шўҳрат ҳамин андешаву кибру ғурури ту, Ишқи зи раҳ расидаро […]

Закон джунглей

Дар кишвари шоҳе, ки раъият хаси роҳ аст, Роҳе ба паси роҳ гузидан натавон ҳеч. Бе ҳиллаву бе кисаву бе ёри мувофиқ, Бар мансабу бар ҷоҳ расидан натавон ҳеч. Қоидаи ҷангал, ки агар ҳукм биронад, Шерона чу рўбоҳ давидан натавон ҳеч. Аз растаи имрўзаи бозори ҷавонон, Нахле чу пари коҳ харидан натавон ҳеч. Бо ин […]

Куҷоӣ?

Рўзе, ки чаманро хати паргор кашидам, Дар ҳасрати гул нолаи бисёр кашидам. Не гул ба чаман ханда занад, не пайи ёре, Даст аз фараҳу айш ба ночор кашидам. Эй мўниси ҷони мани бемор куҷоӣ? То аз дили ман ҳасрати ғамро бизудоӣ. Гул дар чаман аз нолаи булбул, ки хазон аст, Аз бемеҳриву аз сардиву аз […]

Намонд…

Ҳасрат ба ҷуз зи хўрдани оби равон намонд, Нафрат дигар зи пешаи ноодамон намонд. Ҷое, ки рафтаам пушаймонхона аст ҳама, Хилват ба ҷуз хилватгаҳи ороми ҷон намонд. Шаъне надорад ин замон як марди боҳунар, Иззат ба ғайр аз киссаву кори калон намонд. Ҳар кас расад ба мансабе аз роҳи бардагӣ, Қудрат дигар ба давлати ришватситон […]

Ниёиш

Хонаро муаттар кун, Зулҷалоли вал-икром, Шоми мо мунаввар кун, Зулҷалоли вал-икром, Хотири парешонам, ҷамъу ҷўр намегардад, Сафҳа-сафҳа дафтар кун, Зулҷалоли вал-икром. Дуде зи танўри дил, бар дида кашида мил, Шўъларо ту ахтар кун, Зулҷалоли вал-икром. Побанди ҳавас будам, даст аз талабам дур шуд, Дасте ба сари сар кун, Зулҷалоли вал-икром. То дар дили зори ман, […]

Даъват ба …

Дил гуфт, ки ман волаю шайдои шумо шам, Гумгаштаи худ бошаму пайдои шумо шам. Гуфтам ба дилам ақл надорӣ чу мани хом? Гуфто: Назарат ин-ст, ки ҳамтои шумо шам?