Posted in Салом

♥☼♥ Месӯзад ♥☼♥

Шамъ дар хонаи ман гирякунон месӯзад, Марги парвона яқин аст, аз он месӯзад. Торик аст рӯзи висолу шаби ҳиҷрон нагузашт, Фонуси дидаи ман дар нигарон месӯзад. Нест ёре, ки бигиряд ба ғами дам ба дамам, Дили девонаи ман бар дигарон месӯзад. Хандаат гар ба диле кора накард, боке нест, Нола кун, нола, ки аз нола […]

✰*ღ Валс ✰*ღ

Фасли ҷавонӣ меравад, эй ёри нозанин, Худро бурун зи узлату банди қафас кашем. Оҳанги валс хондааст моро ба саҳна боз, Такте дигар дар се қадам бо ҳам нафас кашем. Даст дар камар ниҳодаву поро ба пои ҳам, Давре ба мисли давраи чархофалак занем. Рақсе чунин дар Венаву дар Амрико набуд, Рашку ҳасад дар маҳфили инсу […]

Айб аст… гунаҳ накардан

 Дар гардани нози нозанинат, Овехтаам нигоҳ чун тавқ. Дар фикру хаёли худ ҳазорон, Афрўхтаам гуноҳ аз шавқ. Дар гардани нози нозанинат, Аз бўса кунам ҳамели гардан, Рўзе, ки агар дучорам оӣ, Айб аст, ба Худо, гунаҳ накардан. Дар гардани нози нозанинат, Хуни мани бегуноҳ зомин, Шояд, ки расад дастам охир, Бар гардани нозанинат, омин! © […]

Дӯстӣ ва шубҳа

Шоҳ Сезар танҳо ба як одам, ба дӯсташ боварӣ дошт. Ин одам табиби вай буд. Шоҳ, ҳар вақте бемор мешуд, доруро маҳз аз дасти ин табиб мехӯрд. Боре, вақте Сезар худро хуб ҳис намекард, номаи бе номе гирифт, ки дар он навишта шуда буд: «Аз дӯсти беҳтарини худ, аз табиби хеш, ҳарос кун. Вай туро […]

Панди ройгон

Чун ҷавонӣ ба раҳи пирӣ суҷуде дорад, Хира шуд чашму дилам сўхта дуде дорад. Ту ба парҳез зи хоби саҳарӣ кўш, писар, Ки Худованд дами субҳ пайку дуруде дорад Фалакат гардиши сахт дод, ба зинҳор маранҷ, Осмон баҳри сафо ранги кабуде дорад. Тарси дастнорасии қулла зи сар берун кун, Кўҳ дар пуштаи худ роҳи фуруде […]

Дӯстдорӣ

Ғамзаат моро ба сўи ту ҳидоят мекунад, Чашми ту аз чашми бад моро ҳимоят мекунад. Соқи симини ту аз сар мерабояд ақлу ҳуш, Бегумон ин дил ба ҳар роҳе ҷиноят мекунад. Ҳар куҷо аттор гўяд васфи мушке аз Хутан, Дон, ки аз бўи гулоби ту киноят мекунад. Ғуссаро кам кун, ки дўстам менадорӣ мисли ман, […]

Ману Ту

Шабе дар бистари нарми хаёлам, Канори ҳам нишаста то саҳар шод, Ману Ту дасти ҳам бигрифта гуфтем, Худо моро барои ҳамдигар дод. Саҳар аз кулбаи гарми хаёлам, Ҷудоӣ рафтанат бар ман хабар дод. Ману Ту чашми ҳам бўсида гуфтем, Ки чашми бад баромон бехатар бод. Ба шоме дар ибодатгоҳи ёдам, Намози шукри ишқ аз худ […]

Модар

Барои Модаре, ки имрўз зодрўз дошт Ҳанўз ҳам ба вақти атса карданам, Ту мурда зинда мешавӣ, ки модарӣ. Ҳанўз ҳам ба вақти ашку шодиям, Ту гиря-ханда мешавӣ, ки модарӣ. Ҳанўз ҳам ба ҷомаи арўсиям, Ту шоҳу банда мешавӣ, ки модарӣ. Ҳанўз ҳам барои пуштибониям, Ту ганда ганда мешавӣ, ки модарӣ. Ҳанўз ҳам ба вақти рафтанам, […]

Ҳасби ҳол

Дидаед марде сигорӣ Дасти ғам андар кафи даст, Дар хиёбони дарози бекасӣ Меравад бешўру пуршаст… … Ин ҷавонии ман аст… Дидаед шаҳре, ки холӣ Аз нидои ошиқон аст? Дар хиёбонаш гуле нест, Кишвари дилмурдагон аст… … Зиндагонии ман аст… Дидаед дарёи хушке Шўриши сад баҳр дорад? Мезанад сарро ба соҳил, Мавҷҳояш қаҳр дорад… … Қаҳрамонии […]

Тасбеҳи нигоҳ

Он ёр, ки чашмаш ба раҳ аст, ёри кӣ бошад? Дилбаста ба кӣ бошаду дилдори кӣ бошад? Шаб рафту саҳар шуд сухани ишқ адо нест, Дар фикри чӣ афтодаву абгори кӣ бошад? Гаҳ аз лаби нўшаш шаккару гоҳ ҳақорат, Дар ҳарфи вафо шева ба гуфтори кӣ бошад? Гаҳ даст ба камар кардаву хашмаш бифизояд, Ў […]