Posted in Салом

Васият

Бар турбати ман як дили садпора гузоред, Аз гул кафанам карда ба наззора гузоред. Рӯзе, ки зи маргам ду маҳу ҳафта сипар шуд, Аз хок бурун карда дигарбора гузоред. Дар зиндагиям ғайри қалам ҳеч надорам, Онро чу асо бар кафи овора гузоред. Як мисраи дар фасли баҳор гуфтаи манро, Андар лаби ҳар ошиқи бечора гузоред… […]

Умри азиз

Ман дар ватанам манзили шоҳона накардам, Ман меҳани аҷдодӣ ба бегона супардам. Ман дарди сарам, беватанам, марди сағирам, … Барбанд дари вои ятимхона, ки сардам. Дар қисмати ман наъраи озодӣ задан нест, Боре назанам наъраи мастона, чӣ мардам? Афрозам агар ковадирафше, нахурад боз, Ин мардуму андешаи туркона ба дардам. Дар санги сари қабри ман ин […]

Ӯву борон

Духтаре, ки дӯст медорам зиёд, Мерасонад бӯйи боронро ба ёд. Ҳар гаҳе аз кӯчамон ӯ бигзарад, Эй Худо, як осмон борон биёд. Гесувонаш чун парешон мекунад, Атри мӯяш бӯйи борон мекунад. Кокулони зериборонмондааш Баъди борон кӯчарӯбон мекунад. Қатраҳо аз оби борони баҳор, Метаровад аз сари зулфаш қатор. Дастафшон карда мегӯяд: — Худо Боз борон бору […]

Филми «Ғамангез»

Мерасад дар назарам қофилаи роҳ ғамангез, Мекашам оҳ, фақат оҳ, фақат оҳ… ғамангез. Рӯйҳо дар ватани ман чӣ сафеду чӣ сиёҳанд, Сурати марду зани зиндагиогоҳ ғамангез. Ҳама ҷо бекасӣ, бебарқӣ, хамӯшӣ, сухане нест, Ин сукут чун бағали сарди шабонгоҳ ғамангез. Чӣ мусулмонӣ, ки дар кишвари ман вақти намоз, Мебаранд бар лаби худ номи ту Аллоҳ […]

Бояд!

Ватанро одиле сардорӣ бояд, Ба давраш оқилон бисёрӣ бояд. Барои нафъи халқ бо хасм ӯро, Агар лозим шавад, ҳамкорӣ бояд. Ба минбарҳои долони ҳукумат, Такаллум аз тамаллуқ орӣ бояд. Гаронӣ мекунад нархи ҳама чиз, Ба инсоф ҳам муҷаввиз ҷорӣ бояд! Бурида дасти дузд, дасти сахо пур – Шиори мардуми бозорӣ бояд. Ҳама чиз дар мизони […]

♥ Дил ♥

Сангдил, чун бурдӣ дил, девона дил, девона дил, Танг дил, оҳанг дил, по дар ҷунун, афсона дил. Бе ҳарорат, бе муҳаббат, бе табу бе дарди ишқ, Мурда дил, пажмурда дил, озурда дил, вайрона дил. Хаста дил, вобаста дил, то аз танам вораста дил, Баста дил, хӯ карда дил бо соғару паймона дил, Сакта дил, як […]

♥✰*ღ Дӯст медорам ღ*✰♥

Ошиқона, содиқона дӯст медорам, Аз таҳи дил, бе баҳона дӯст медорам. Ишқи ман оғозу анҷоме надорад, лек Мутмаинам, ҷовидона дӯст медорам! Қиссаи ман қиссаи Лайливу Маҷнун не, Дар ҳақиқат бефасона дӯст медорам. Мӯйи мушкини туро бо панҷаҳои хеш, Шона карда, дона-дона дӯст медорам. Чун зи расми Амрикову Аврупо дурам, Тоҷикам ман, тоҷикона дӯст медорам. Ман […]

Ҳоло баҳор аст

Марди нобиное дар сари роҳе нишаста буд. Дар назди ӯ кулоҳ ва навиштаҷоте ба ин мазмун меистод: «Ман нобиноям, лутфан, ба ман кўмак кунед». Роҳгузаре аз он ҷо мегузашт, чашмаш ба ин манзара афтод, ки дар дохили кулоҳ ҳамагӣ чанд танга буд. Вай ба нобино чанд танга дод ва бе иҷозати вай ба навиштаҷот чанд […]

Мо ва худамон

Чист айби мо, ки дар даври мағал афтодаем? Зинда, ранги мурда, бе ҷаҳду ҷадал афтодаем. Марзҳоро дода дасти пасти чанд бефитрате, Мо зи боло гуфта андар кӯҳу тал афтодаем. Зери болин буд китоби Ҳофиз андар ҳифзи мо, Нангамон бодо, ки аз пойи ғазал афтодаем. Дар муҳаббат пайрави Маҷнуни беақлем мо, Инчунин девона аз рӯзи азал […]

♥ ♥ ♥         Ҳар кас, ки дуо гӯяд аз рӯзи ҷазо гӯяд, Шуҳрат, ки Худо гӯяд аз баҳри шумо гӯяд. Гӯянд Худо ҳар шаб аз ишқ кушояд лаб, Бошад, ки туро имшаб дилдодаи мо гӯяд. Аз чашмаки сабзи чат, як духтараки хушқад, Ҳар бор, «салом Шуҳрат, ҳоло ту куҷо?» гӯяд. Дар […]