Ҳушамро бурдаӣ, аммо дилам аз ман ҷудо инҷост. Ҷафо овардаӣ, аммо сафо ин ҷо, вафо инҷост. «Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо»*, Танини нолаҳо ин ҷо, Сарахбори Наво инҷост. Ман аз деҳи ғазалҳоям, ту аз шаҳри ғизолонӣ, Бале, ман нек медонам, куҷо он ҷо, куҷо инҷост. Ҷаҳон бар рӯйи ман хандад ба лабхандат намеарзад, […]