Мехоҳам як сели азими дигар ояд, селе ояд, ки доно бошаду оқил, то бешарафию беномусии мардуми моро шўяду барад
Арафаи Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро аҳолии Тоҷикистон то дер боз фаромўш нахоҳанд кард, балки шояд ин рўзҳо дар таърихи кишвари мо чун рўзҳои мудҳиши пурмотам сабт гарданд.
Дигаронро намедонам, аммо ман ин дарду ғами мардуми Кўлобро хуб ҳис карда метавонам, зеро борҳо ба сари ману аҳли зодгоҳам чунин мусибат омадааст. Хонаҳои моро чанд маротиба сел бурд, маротибаи охир батамом рўфту сангзор кард. Ман аз Панҷрўд сухан мегўям, ки то имрўз даҳҳо нафар аз ҳамдеҳагонам ба ман занг задаву хоҳиш карданд, ки ҳамдардиашонро тавассути рўзнома ба мардуми шарифи Кўлоб расонам.
Вақте дар назди чашмонат сели азим хонаву даратро мебараду коре кардан наметавонӣ рўзи сахте аст, аммо аз ин бадтар рўзи сиёҳ ин аст, ки вақте дасти ба сўят дарозкардаи фарзандатро дар даруни лой гирифтан наметавонӣ.
Шаби 7 ба 8-уми май, соати 2, мардуми дар хоби нози Кўлоб ва як қатор ноҳияи атрофи онро сел шояд бедор накарда, ба коми худ кашид. Ин шаби сияҳрўз чандин нафар аз кўдакони ин минтақа, ки то ҳол шумораи аниқашон муайян нашудааст, бо умед сар ба болин ниҳода буданд, то фардо гузаштани паради ҳарбиро тавассути телевизиор бинанд. Онҳо то ҳол хобанд, намедонанд, ки паради ҳарбӣ ҳам гузашту вагонҳои орд ҳам ба Кўлоб омад. Аммо онҳо агар медиданд, ки чӣ тавр омадани вагонҳоро дар марказ хуш қабул мекунанд, шояд ҳеҷ гоҳ намемурданд, то миллаташон чунин нангро ба худ раво намедид. Гап дар сари он, ки Ўзбекистон баъд аз се моҳи боздошти қаторҳои молу колои Тоҷикистон баъзе аз вагонҳои ҳомили ордро ба самти вилояти Хатлон иҷозаи убур додааст. Ин амали ҷониби Ўзбекистон албатта, боиси таҳсин аст, аммо на ба ин дараҷае, ки расонаҳои давлатии мо карданд. Ҳарчанд ин рўзҳои сиёҳ ба ҳеҷ қиссае рост намеоянд, аммо ин вагонбиёӣ ба хотири афсурдаи ман қиссаи «Бузаки ҷингилапо»-ро овард. Ҳамон саҳнаеро, ки гург ба назди усто барои ҳаққи хизматаш каллаву почаи гўсолаи худи усторо дастовез мебарад. Вагонҳои худамонро барои ба манзил расидан иҷозат доданд, яъне мебояст, барои дастрас кардани моли худамон ин миқдор қурбонӣ медодем?
Аз сўи дигар ҳамин гургошноии ҳамсояҳо аз сад ҳамватани беору беномусу бехудои мо беҳтару хубтару писандитар аст. Худо ба Ислом Абдуғаниевич шифои комил диҳед, ҳар дарду ранҷе дорад, ба зудӣ бартараф шавад. Маълум, ки дард мекашад, вагарна дар сад моҳи дигар ҳам Худо медонад як вагон аз ғавчўбаш мегузашт, ё не. Ба Русия барои иштирок дар Иди Ғалаба нарафт, ин аз он нест, ки дар сари роҳи оҳан нишастаасту худаш вагонҳоро ба Хатлон мефиристад, балки шояд нотоб асту беҳол. Ҳар чӣ ҳаст, мардак одамгарӣ кард, метавонист дар консертҳои ташкилкардаи духтараш роҳат кунад, ё футболи Ривалдоро дар «Бунёдкор» каҷпаҳлў зада тамошо кунад. Аммо ин тавр накард. Дар шараёни вай дар муқоиса бо баъзе аз чиновникҳои мо хуни одамӣ ҷорӣ аст. Агар вай фаҳмад, ки ин беномускони мо барои чанд вагони дигар аз баҳри Роғун чӣ, аз баҳри Тоҷикистон мегузаранд, шояд вагонҳои сўзишвориро низ иҷозат диҳад. Интизор бошед, чанд рўз пас ин вагонҳо ҳам меоянд, аммо «куни сўхта мемонад».
Садҳо нафарро сел ба коми худ кашид, аммо то ҳол мақомоти дахлдор ин рақамро пинҳон медоранд. Мувофиқи омори аввалин дар Кўлоб 7 нафар фавтидаанду 40 каси дигар бедараканд. Ба гумони ин сарчашмаҳо шояд сел ин 4 нафарро дар куҷое пинҳон кардааст ва рўзе зиндаву саломат бармегардонад? Ин бедаракон ҳам қурбони саҳлангориву бешарафии масъулин шуданд, онҳоро на офат, балки бепарвоии ҳамонҳое кушт, ки сарвивақт обгузарро поккорӣ накарданд. Ақли солим бар он аст, ки пеши роҳи офатро гирифтан кори ношуданист, бахусус агар он дар торикии шаб, вақти хоб ояд, аммо агар пеш аз боронгариҳо сою обгузару наҳрҳо тоза мешуданду соҳили дарёҳо мустаҳкам мешуд, хатари офат камтар ва ин қадар қурбонӣ дар пай намешуд.
Дар ягон минтақаи дигари Тоҷикистон низ мардум аз хатари ин офат эмин нестанд. Худо накунаду дар дилхоҳ мавзеъ боронгарии шадид шавад, хавфи аз соҳил баромадани обу лой ҳаст, зеро ҳама сойю наҳру дарёҳои Тоҷикистон аҳволеро доранд, ки Тебалайю Ёхсуву Сурхоб доштанд.
Мутаассиф аз онам, ки ҳеҷ кас аз хурд то Калон аз ин ҳодисаҳо панд намегиранд, ҳатто шояд аллакай фаромўш ҳам карда бошанд, ки дар Кўлоб сел омаду ҷони одамонро бурд. Ин одамон пораи гўште набуданд, ки гурба бурда бошаду аз набуданашон ғамгин нашавем. Аммо маро ҳолате фаро гирифтааст, ки наметавонам шарҳ диҳам. Чӣ гуна метавонем ба ин воқеаи мудҳиш бетараф бошем? Ҳатто барои хотири қурбониён рўзи мотам чӣ, соати мотам эълон накарданд, ҳарчанд ин раҳматиҳо ба мотами мо барин ҳамватанони беномус дигар эҳтиёҷ надоранд.
Бобои Валӣ
Ин боварнокарданист, ки барои мурдаи ин кадар мардуми Кулоб лахзаи мотам эълон накарданд