Сўҳбати ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, собиқ футболбози машҳури дастаи номдори «Помир» Валерий Турсунов бо хабарнигорони ОИВ «ВС» дар байни дўстдорону мухлисон ва коршиносони футбол ҳангомаеро ба вуҷуд овард. Зарур донистем, ки тарҷумаи ин сўҳбати пурмўҳтаворо пешкаши хонандагон гардонем.
— Валерий Юлдошевич, сол ба охир расид, соли 2012 барои даври минбаъдаи фаъолияти федератсия калидӣ хоҳад буд. Ба чорсолаи гузашта чӣ гуна баҳо медиҳед?
— Ин мавсим дар таърихи футболи тоҷик аз ҳама бадтарин буд. Бохтҳои тими мунтахаб, нокомии чемпионати миллӣ, хулоса, хатогиҳо бисёр буданд.
— Барои ислоҳи ин хатоҳо аз тарафи шумо коре анҷом дода шудааст?
— Мехостам ба рушди футболи кўдакона кўмак кунам, нақшаи таъсиси лигаҳои мактабӣ, донишҷўӣ, кўдаконаву наврасӣ, машғулиятӣ ва касбиро доштам. Чунин барнома ҳаст, мехостам аз рўи он кор кунам. Вақте дар Хуҷанд мусобиқаи байналхалқии кўдакона ташкил кардам, аз ҷониби ФФТ ба нофаҳмӣ дучор шудам. Ин ҳам баъди он, ки мусобиқа аз тарафи FIFA ва роҳбарияти вилояти Суғд, аз ҷониби худи раиси вилоят, дастгирӣ ёфта буд.
Чунин ба назар мерасад, ки котиби генералии федератсияи футбол Шералӣ Давлатов аз футболи касбӣ хабар надорад. Ман бо вай дар мавриди тақсими маблағҳои кўмак 27 аз тарафи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё – КФО) норозӣ будам. Мувофиқи ин барнома ба Тоҷикиситон барои мураббиёни кўдакон, ба 18-20 нафар ба маблагӣ 400-500 доллар дар як моҳ ҷудо карда шудааст.
Ба ман мураббиён муроҷиат карда, хоҳиш намудаанд, ки ин масъаларо бинам. Кўмак 27 соли 2006 аз тарафи КФО барои рушди футболи кўдаконаи мамлакатҳое таъсис ёфтааст, ки ҳамин мабалағҳо ба он ҷо равона шуда буданд. Аз соли 2006 то 2008 кўмак ба мураббиён намерасид ва маблағҳо аз тарафи котиби генералии ФФТ Шералӣ Давлатов, ки муттасаддии ин барнома аст, ба корҳои дигар равона мешуданд. Ҳар сол ба муддати 7-8 моҳ ба маблағи 150-200 доллар дар як моҳ дода мешаваду халос. Мураббиён ба ин хунукназарии роҳбарияти ФФТ нисбати корашон норозӣ буданд.
— Киҳо дар рўйхати гирандагони кўмаки барномаи AFC AID27 ҳастанд?
— Ин маълумот махфӣ аст, аммо кўмак 27 дар ин сол то ба 200 ҳазор доллар зиёд шудааст.
— Шумо медонед, ки дар ФФТ чанд нафар кор мекунанд?
— Тахминан 70 одам. Медонам, ки ҳар кадоми онҳо 100-140 сомонӣ дар як моҳ мегиранд. Ҳадди зиёд 17-20 нафар барои идора намудани футболи мо басанда аст ва боз 10-12 нафар барои лигаи касбии футбол. Бояд кормандони федератсия маоши хуб гиранд ва ҳар кас бояд ба кори касбии худ машғул шавад. Ҳаминро бояд гўям, ки дигар ин хел давом карданаш мумкин нест.
— 70 корманд. Оё ҳамаи онҳо дар гузашта бо футбол алоқае доштанд?
— Дар он ҷо мутахассисоне чун ҳуқуқшиносҳо, менеҷерҳо, кормандони матбуоту техникӣ ва дигарон ҳастанд, ки гузаштаи футболӣ доштанашон муҳим нест. Дигар ин, ки қисми зиёди кормандони ФФТ нозирон ва доваронанд, ки чунин набояд бошад. Ҷойи бисёре аз онҳо ФФТ нест, аммо намехоҳам, ки диққатро маҳз ба ҳамин чиз ҷалб кунем.
— Барои чӣ шуморо аз ФФТ ҷавоб доданд? Шуморо аз вазифаатон гирифтанд?
— Ҳеҷ кас маро аз корам барканор накардааст. Барои ин фақат нишасти ФФТ ҳақ дорад. Аммо ҳеҷ кас дар ёд надорад, ки ҷаласаи охирини кумитаи иҷроияи федератсия кай буд. Дар чор соли охир ягон маротиба баргузор нашудааст.
— Ба шумо боре савол додаанд, ки чаро дар футболи мо чунин батартибӣ ҳукмрон аст?
— Бале, борҳо додаанд ва ҳоло ҳам, масалан, мепурсанд: «Турсунов, шумо дар футбол ном баровардаед, худи шумо чӣ кор мекунед?» Онҳо рост мегўянд ва дуруст танқид мекунанд. Ҳар чӣ ҳам набошад, ман ноиби президенти ФФТ ҳастам. Фикр мекунам, ки мо ҳоло ба нуқтаи заъфамон расидем. Барои ман муҳим аст, донам, ки ҳоло дар кадом мавқеъ қарор дорем. Тими мунтахаби мо дар нисбати ҳарифонаш аз гурўҳ – Ҷопон, ҶХДК ва Ўзбекистон на танҳо дар футбол, балки дар муносибат бо он ва касбият, дар дуриҳои дур қарор дорад. Масалан, дар Ҷопон як вақт худи сарвазир котиби генералии ассотсиатсияи миллӣ буд. Вақте мебинӣ, ки дигар федератсияҳо роҳи тўлониеро тай кардаанду мо дар як ҷо пой мезанем, шармовар аст. Мо ҳатто дар як ҷо намеистем, балки ба поён ғеҷидаем.
— Барои чӣ тими мунтахаб ин натиҷаҳоро дорад?
— Дар ин сол дастаи мунтахаб бозии бисёр кард. Аз ин 7 бозӣ дар даври интихобии МҶ-2014 аст. Ман бо Олимҷон Рафиқов сўҳбат кардам, барои тайёрӣ вақт кам буд. Дар чемпионат бозиҳо амалан баъди як рўз монда шудаанд, барои барқарор шудани бозигарон ҳафта зарур аст. Бозигарон бояд қувват гиранд, на ин ки онро дар бозиҳои тақвими нодурусти чемпионати Тоҷикистон аз даст диҳанд. Ин мағлубиятҳо ба рўҳияи бозигарон таъсири сахт мерасонад. Аммо, мо минбаъд медонем, ки чӣ кор кунем.
— Шояд баъди мағлубият аз Сурия бо ҳисоби 0:4 мураббии пештараро барканор намекарданду ба вай имкон медоданд, ки марҳиларо ба охир расонад?
— Не, ман чунин намеҳисобам. Рафиқов дар ҳақиқат мураббии хуб аст. Имрўз вай яке аз беҳтарин мураббиён аст. Вай бозии «Истиқлол»-ро ба роҳ монд. Аммо сатҳи футболи мо ҳамин аст. Дар ҳақиқат, ҳар мураббӣ хато мекунад, аммо вай мактаби «Рубин»-ро гузаштааст. Дар «Истиқлол» сатҳи фаъолият дигару дар дастаи мунтахаб масъулият бештар аст, зеро ҳарифон мураббиёни номдор доранд. Вақти кам дошт, чизеро дигар кардан мушкил буд. Фикри ман ин аст – мо ба бозиҳо сарбаландона мағлуб мешавем гуфта баромадем ва дар бораи ҳуҷум кам фикр кардем, ба қувваи худ бовар надоштем, аз ин рў натиҷа ҳам чунин шуд.
— Дастаи мунтахаби мо пешсаф надошт. Ин фикр асос дорад?
— Бале, қисман ҳамин тавр аст. Номдорҳо нестанд. Дар Русия чанд дастпарвари мо ҳастанд, ки пурқувваттар менамоянд. Масалан, Алишер Ҷалилов, Муҳаммад Султонов ва дигарон. Аммо мувофиқи қарори нави Шўрои футболи Русия мо наметавонем онҳоро ба дастаи худ ҷалб намоем. Агар бозигар, ҳатто шаҳрвандии Русияро дошта бошад ҳам, дар дастаи мунтахаби мамлакати дигар бозӣ кунад, аз соли дигар чун легионер ҳисобида мешавад. Акнун мо наметавонем, ки онҳоро даъват кунем. Ин чиз андак ба дастаи мунтахаб зарба зад. Акнун мо академияҳо таъсис дода, бояд ҷавононро дар ҳамин ҷо тарбия намоем. Аз ин рў ҳамаро бояд аз футболи кўдакона оғоз кунем.
— Агар ҳоло ба ҷойи ин мусоҳиба, ҷаласаи ҳисоботӣ-интихобӣ мебуд, шумо ба фаъолияти федератсия дар давраи ҳисобот чӣ баҳо медодед?
— Базўр се. Ҳарчанд соли 2007-ум буд, ки дастаи мунтахаби ҷавонон ба мусобиқоти ҷаҳон баромад.
— Шумо тарафдори онед, ки ҷаласаи ҳисоботӣ-интихобӣ дар рўзҳои наздик баргузор шавад. Мешавад, ки онро ба 31-уми декабри соли 2012 гузоранд?
— Дар ин бора қарорро на як нафар, балки кумитаи иҷроияи ФФТ мебарорад. Агар ғайриқонунӣ интихоботро мавқуф кунанд, президенти ФФТ-ро метавонанд, ки аз вазифааш барканор кунанд. Чунин воқеа дар ин сол дар Тайланд буд, ки метавонистанд роҳбари ассотсиатсияи миллиро аз кор гиранд. Вақти муносиб барои гузаронидани нишаст ин 7-уми январи соли 2012 аст. Қисми зиёди аъзоёни кумитаи иҷроияи ФФТ ҷонибдори ин таъриханд.
— Киҳо аъзои кумитаи иҷроия ҳастанд?
— Дар нишасти пешини ҳисоботӣ-интихобӣ ба кумитаи иҷроия инҳо интихоб шуда буданд: Сўҳроб Қосимов, Валерий Турсунов, Ботур Ахмедов, Исроил Шарипов, Рустам Марофиев, Ватан Абдураҳмонов, Қувваталӣ Сайдалиев, Дамир Камолиддинов, Алиаҳмад Мирзоев, Раҳмоналӣ Рашидов, Шариф Назаров.
— Ба мо маълум шуд, ки ба ҳамаи ассотсиатсияҳои футбол барои мусобиқоти ҷаҳон чиптаҳо ҷудо шудаанд. Онҳо ба кӣ мерасанд?
— Чипатаҳо ба ҳамаи федератсияҳои миллӣ ҷудо карда мешаванд, шумораашонро метавонед аз котиби генералии федератсия пурсед. Ин чиз барои тарғиб ва оммавӣ кардани футбол анҷом дода мешавад. Мусобиқоти ҷаҳонро бо чашми худ дидан орзуи миллионҳо мухлис аст. Ҳаққи гирифтани ин чиптаҳо дар 2 чемпионати охир ба Баччинӣ дода шуда буд.
— Кӣ аст ин Баччинӣ?
— Мишел Ҷаннӣ Баччинӣ – сарвари ширкати 2 WAYS S.P.C., агенти футбол, ки фаъолияти асосиаш баргузор кардани вохўриҳои рафиқона аст. Вай аз ФФТ ҳаққи соҳиб шудан ба чиптаҳои МҶ дар Германия ва Африқои Ҷанубиро гирифта буд. Ба ғайр аз ин ФФТ ба вай ҳаққи маркетингии пахши вохўрии Тоҷикистон бо Ҷопонро дод.
— Шумо худатон дар ҶАҶ будед?
— Ҳа. Дар он ҷо конгресси FIFA пеш аз оғози МҶ шуд. Мо дар бозии якум будем, хеле диданӣ буд.
— Агар Баччинӣ шарики ФФТ аст, барои дастаи мунтахаб чанд бозии рафиқона ташкил кардааст?
— Даста 2-3 бозӣ гузаронд, ки онҳоро рафиқона гуфтан мушкил аст. Ин бозиҳо омодагӣ буданд. Мо бо онҳо чун ҳариф-шарик будем. Мо бояд барнома барои чанд сол дошта бошем. Дигарон ҳама корашон ба нақша гирифта шудааст ва вақту хоҳиш надоранд, ки бо мо бозии рафиқона кунанд. Мо бояд аз сифр сар карда, обрў ёбем. Дар акси ҳол ҳарифони ҷиддӣ ҳеҷ гоҳ бо мо бозӣ нахоҳанд кард. Дар ёд доред, ки имсол Қатар ва Эрон маблағи зиёд сарф карда, Русияро даъват намуданд, чунки русҳо рейтинги баланд доранд.
— Шумо қайд кардед, ки Баччинӣ ба кори пахши вохўрии Тоҷикистон – Ҷопон шарик аст.
— ФФТ ҳаққи пахшро ба вай дод, ки маблағи калон аст. Чуноне қайд кардам, фаъолияти асосии вай ташкили вохўриҳои рафиқона аст, на пахши бозӣ.
— Ба мансаби роҳбари ФФТ Рустами Эмомалӣ номзад аст. Номзадаҳои дигар нестанд. Ҳамин хел аст?
— Ҳамин хел фикр мекунам, дар мансаби сарвари футболи ҷумҳурӣ номзади беҳтареро намебинам. Муҳим ин аст, ки вай футболро дўст медорад, бозиро мефаҳмад, медонад, ки чӣ тавр дар футбол ба дигаргунӣ даст ёфтан мумкин аст. Бар замми ин, Рустам аъзои Шўрои олимпии Осиё аст. Вайро президенти FIFA Йозеф Блаттер, президенти UEFA Мишел Платинӣ ва дигар пешвоёни футболи мамлакатҳои бузург мешиносанд. Ба вай, бо онҳо муносибат кардану ба футболи тоҷик манфиат овардан, осонтар аст.
— Имкони номзадии дубораи президенти феълии федератсия ҳаст?
— Мо бояд ҷаласаро мувофиқи устави ФФТ гузаронем. Ман муқобили пешниҳоди номзадҳои дигар нестам, аммо фурсати аз нав ташкил намудани футбол дар Тоҷикистон расидааст ва мехоҳам, ки он рў ба беҳбудӣ ниҳад. Ман зидди Сўҳроб Қосимов нестам, аммо ҳоло талабот ба футбол тағйир ёфтааст. Охир футбол фаротар аз бозӣ аст.
— Чаро ин гапро пештар нагуфтед?
— Ҳар гап фурсати худро дорад, акнун имкон пайдо шуд. Мо ба ҷойе расидаем, ки аз Афғонистон мағлуб мешавем, аз ин бадтар намешавад. Бинед, ҳакамон чӣ гуна доварӣ мекунанд. Синни баъзеҳо аз 50 гузаштааст. Раиси кумитаи доварон набояд, ки чун довар фаъолият кунад. Ин хел мумкин нест, бояд ба меъёрҳои байналхалқӣ гузарем. Дар футболи мо даврае буд, ки доварон намерасиданд, аз ин рў сарфи назар карда, иҷозат доданд. Акнун он замона гузашт.
Дар дигар мамлакатҳо ҳам чунин буд, аммо оҳиста-оҳиста аз чунин усул даст кашиданд, дар натиҷа доваронашон дар мусобиқоти ҷаҳон ҳакамӣ мекунанд. Лигаи олии футболро дар ҳайати 10-12 даста ташкил кардан мумкин аст. Иқтисодиёти мо бой нест, ки то чил бозӣ гузаронем. Дар Русия — 16 даста, 30 бозӣ, дар Ўзбекистон — 14 даста, 26 бозӣ. Бозиҳо дар мо баъди як рўз баргузор мешаванд. Ин нодуруст аст. Ин хел чемпионат дар мо то ҳол набуд. Ин масхарабозӣ аст.
— Метавонед гўед, ки ФФТ имсол аз созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла FIFA, чӣ қадар маблағ гирифт?
— Тахминан наздики як миллион доллар. Ҳарчанд барои инкишофи футбол ин, албатта, кам аст.
— Шумо тасаввур карда метавонед, ки баъди нашри ин сўҳбат роҳбарияти ФФТ чӣ вокунише нишон хоҳанд дод?
— Умед дорам, ки роҳбарияти ФФТ нисбат ба футбол дар мамлакати мо беҳис нестанд.