Дербӣ не, El clasico
3 набардро дар ҷаҳон чун муқобилияти сатҳи сайёравӣ қабул кардаанд. Сабабҳои ҳамдигарбадбинӣ ва муқобилияти дастаҳои шотландии «Селтик» ва «Глазго Рейнҷерс», ҳамчунин аргентинагии «Бока Хуниорс» ва «Ривер Плейт» дар навбати аввал масъалаҳои динӣ ва ҳудудӣ аст. Маълум, ки баъд сабабҳо бо мурури замон афзоиш меёфтанд. Маълум аст, ки ин дастаҳо барои чӣ мубориза мебаранд, ин дербии (ин истилоҳ дар футбол набарди ду дастаи як шаҳр аст) анъанавӣ шудааст.
Муқобилияти «Барселона» ва «Реал»-ро наметавон дербӣ номид (ин ду даста дербии худро доранд, — «Барселона» — «Эспанйол» ва «Реал» — «Атлетико»), аз ин рў набарди ин ду дастаро дар Испания «El clasico» меноманд. Муқобилияти ин ду даста, чун зиддияти ҳудудии таърихии Кастилия ва Арагона бо мурури замон ба муқобилияти Испания ва Каталония табдил ёфтааст. Каталониҳо худро чун миллати алоҳида, давлати мустақил дар давлати дигар медонанд ва доимо даъво мекунанд, ки Каталония ин Испания нест. Испания музофоти зиёде дорад, аммо дарди сарро фақат Кишвари Баскҳо ва Каталония ба вуҷуд меоранд. Пойтахти Каталония шаҳри Барселона аст, ки бо Мадрид муқобилият дорад. Барселона шаҳри «девона» аст, дар ин ҷо Пабло Пикассо ва Педро Алмадовар эҷод кардаанд, «падари шаҳр» Антонио Гауди дар он меъмории ҳайратовар кардааст, ки маъруфтаринаш Собори Хонаводаи Муқаддас аст. Вай дар зери трамвай монда мурдааст, аз ин баъд ҳаракати трамвай дар Барселона манъ карда шудааст. Маълум аст, ки дар чунин шаҳри пур аз эҷодкорони зўр, дастаи футболаш низ бояд зўр бошад.
Фақат швейсарӣ Жоан Гампер, ки соли 1899 ба Барселона омада буд, ҳанўз дар ин бора намедонист. Вай дар рўзнома эълон дарҷ намуд, ки дастаи футбол ташкил карданист ва 29.11.1899 Клуби футболи Барселона расман ба қайд гирифта шуд. 8-уми декабр дастаи нав бо тими мунтахаби баҳрнавардони англис бозӣ карда, бо ҳисоби 1:0 дастболо шуд. Се сол пас дар Мадрид дастаи «Реал» таъсис дода шуд.
Чемпионати аввалин дар Испания соли 1929 гузаронида шуд, ки дар он «Барса» ғолиб омад. Дар он замон муқобилияти ин ду даста аз ҳама тамошобини зиёдро ҷамъ меовард.
Дар солҳои панҷоҳум, вақте дар футболи клубӣ тағйироти ҷиддӣ рух дод, аллакай «Реал» ва «Барселона» чун зўртарин дастаҳои Испания ном бароварда буданду дар сафҳояшон пурқувваттарин футболбозон бозӣ мекарданд. Агар даврони «Реал» дар солҳои панҷоҳум ба номи дон Сантяго Бернабеу сахт вобастагӣ дошта бошад, пас дар «Барселона» ин солҳо даврони Ладислао Кубала буд. Вай дар ин клуб 11 мавсим бозӣ карда, то ҳол бозигари беҳтарини «Барса» дар ҳама давру замон дониста мешавад. Бурди асосии Сантяго Бернабеу дар он буд, ки Алфредо ди Стефано дошт. Ин бозигарро «Реал» аз «Барса» бо муборизаҳои шадид ба даст оварда буд.
Соли 1959 «Барса» дар охири мавсим «Реал»-ро мағлуб намуда, қаҳрамони Испания мешавад. Қуръакашии Ҷоми қаҳрамонҳо ду дастаи испаниро дар нимфинал ба ҳам меорад ва «Барса» тайёр буд, ки ба шўҳрати «Реал» дар Аврупо нуқта гузорад. «Мо пўсти «Реал»-ро канда меорем», — ваъда медиҳад мураббӣ Эррера ба мухлисон. Аммо воқеаи ғайричашмдошт рух медиҳад. Эррера баробари ба Мадрид омадан бо Кубала ва Сибор (бозигарони калидии «Барса») муноқиша мекунад ва онҳоро ба бозӣ намебарорад. «Реал» бо ҳисоби 3:1 ғалаба мекунад.
Вохўрии ҷавобӣ соли 1960 мешавад, ки 130 000 тамошобин ҷамъ омада буд. Эррера боз ҳам Кубала ва Сиборро ба майдон намебарорад. «Реал» боз бо ҳисоби 3:1 ғолиб меояд. Баъди бозӣ ба Эррера либоси коргари майдонро пўшонида, аз чашми мухлисони пинҳонӣ ба хонааш мефиристанд, аммо вай ба он ҷо рафтан наметавонад. Дар кўча ҳазорон мухлис бо сангу чўб ўро интизор буданд.
Баъди як моҳ каталониҳо Ҷоми Ярмака (Ҷоми UEFA)-ро соҳиб мешаванд. Эррера ба ҳама кор тайёр буд, то мухлисон ўро бахшанд. Дар охири мавсим вай боз ғолиби чемпионати Испания шуд, аммо роҳбарияти клуб аз бехатарии ҳаёти вай ҳаросида, шартномаро бо мураббӣ қатъ карданд.
«Реал»-ро мағлуб карда, дар финали Ҷоми қаҳрамонҳо «Барса» бар «Бенфика» мағлуб шуд. Даврони Ладислао Кубала ба охир расид, ситораҳои нав набуданд. Каталониҳо унвони қаҳрамониро фақат баъди 14 сол ба даст оварданд.
Франко ва 11:1 ба фоидаи «Реал»
Вақт бо ҳамин минвол мегузашту клубҳо чун пештара ҳамдигарро чашми дидан надоштанд, мухлисон бо камтарин сабаб байни ҳам хархаша мекарданду президентҳо тариқи матбуот ҳамдигарро неш мезаданд. «Реал» бештар ҷоиза ба даст меовард, аммо каталониҳо барои ифтихор сабаби дигар доштанд. Онҳо даъво мекарданд, ки «Реал» усули бозии худро надорад ва агар бозигаронаш бо пероҳани дигар ба майдон оянд, касе намедонад, ки онҳо мадридиҳоянд. «Барса» бошад, ҳамеша дастаи дорои усули хеш, намоён ва боэффект мемонад.
Саймон Купер дар китоби «Футбол ба муқобили Душман» чунин навиштааст: Боре вай аз каталонидухтаре, ки ба футбол рағбат надошт, пурсидааст, ки чаро барои вай ғалаба кардани «Барса» аз болои «Реал» муҳим аст? Духтар ҷавоб медиҳад: «Франко падарону модарони моро куштааст, вай «Реал»-ро дўст медошт». Ҳар кас сабаби бадбинии худро дорад, аммо муносибати генерал Франко ва Каталония махсус аст. Диктатор барои маҳдуд кардани шўҳрати дастаи каталонӣ «Реал»-ро дастгирӣ мекард. Вай бо баҳонаи мубориза бо сепаратизм клубҳои футболро аз истифодаи номҳои ғайрииспанӣ манъ кард ва аз рамзи дастаҳо симоҳои маҳаллиро дур сохт. Барселона аз парчами каталонӣ дар герби худ маҳрум шуд. Соли 1943 дар вохўрии хонагии нимфинали Ҷоми Генералиссимус (собиқ Ҷоми Испания) «Барселона» бо ҳисоби 3:0 «Реал»-ро мағлуб кард. Дар бозии ҷавобӣ 20 дақиқа пеш аз оғоз сардори хадамоти бехатарии Испания ба хонаи либоспўшӣ даромада, ба бозигарони «Барселона» ҳушдор дод, ки клуб танҳо ба хотири «раҳмдилии режим» ба бозиаш идома медиҳад. Дар натиҷа мадридиҳо дар вохўрии ҷавобӣ бо ҳисоби 11:1 дастболо шуданд.
Каталония Испания нест?
Франко забони каталониро маҳдуду пешсафони ин музофотро мекушт, аммо фақат наметавонист, ки «Барселона»-ро нобуд кунад. Дарвоқеъ, каталониҳо танҳо роҳи муқобилият бо Франко ва баёни мухолифати худро дар пайвастан бо клуби Барселона медонистанд, чун ҳам риски камтар дошт ва ҳам комилан қонунӣ буд. Онҳо дар бозиҳо парчами Каталонияро баланд мебардоштанд, ҳатто байни худ бо забони модариашон гап мезаданд. Дар ҳамин вақт дар Камп Ноу (дарвоқеъ ҳама ин майдонро Ноу Камп меноманд, аммо каталониҳо баракси испаниҳо онро Камп Ноу мегўянд) навиштаҷоти «Каталония Испания нест» пайдо шуд. Каталониҳо «Барселона»-ро «фаротар аз клуб» медонанд, чун танҳо бо ҳамин роҳ сарҷамъ шуда метавонанд. Дар Каталония боз як азимдастаи дигар ҳаст – «Эспанйол» (маънояш Испания аст), аммо каталониҳо онро дастгирӣ намекунанд, зеро он маҳз ба хотири тафриқа андохтан миёни мухлисон таъсис дода шуда буд. Ҳайати онро жандармҳо ва кормандони хизматӣ ташкил мекарданд.
Гирифтори лаънати мухлисон
Шўру шавқи мухлисон доимо муносибати ду дастаро тезутунд мекард. Испания, ки мамлакати католикист, ҳарду даста даъвои онро доранд, ки Папаи Рим тарафдори онҳост. Папаи Рим шояд ягона одаме бошад, ки шаҳодатномаи аъзогии ин ду дастаро дорад, аммо ба ҳар ҳол ба Барселона пештар таваҷҷўҳ кардааст.
Агар аз «Барселона» футболбозе ба «Реал» гузашт, якумр ба лаънати мухлисон гирифтор мешуд. Рикардо Замора яке аз беҳтарин дарвозабонҳои олам ба ҳисоб меравад, ки солҳои 20-ум аз «Барселона» ба «Эспанйол», сипас ба «Реал» гузаштааст. Баъди чандин сол Федератсияи футболи Испания мехоҳад, ки як бозии дўстонаи тими мунтахабро дар Барселона гузаронад. Дар ҳамин вақт аз мухлисони маҳаллӣ номае мегирад. Дар он гуфта мешуд, ки агар дарвозаро Замора муҳофизат кунад, аз омаданаш ба Барселона пушаймон хоҳад шуд. Аз тарси мухлисон бозиро дар ҷойи дигар гузаронданд. Аммо ҳоло ин хел нест, бештари бозигарони тими мунтахаби Испанияро бозигарони ин ду даста ташкил мекунанд ва футболбозон барои кишвар муттаҳид мешаванд. Ин аст, ки дар соли 2010 шогирдони Дел Боске қаҳрамони ҷаҳон шуданд.
Мунофиқ ва калаи хук
Соли 1995 собиқ ниммуҳофизатгари «Барселона» Микаэл Лаудруп ба ҳайси бозигари «Реал» ба Ноу Камп меояд. Дар варзишгоҳ навиштаҷоти «Хоин, мунофиқ» ва «Ба майдони мо қадам намон» афрохта шуд. Лаудруп ба фишори равонии мухлисон тоб оварда натавонист ва хоҳиш кард, ки ўро иваз кунанд.
Аммо Луиш Фигу дар ин қатор махсус номбар мешавад. Вай аввалин хориҷии капитани «Барселона» буд. Каталониҳо ўро на танҳо дўст медоштанд, балки парастиш мекарданд. Вақте соли 2000-ум Перес президенти «Реал» шуд ва ваъда дод, ки Фигуро мехарад, дар Барселона ҳангома шуд. Нишасти махсуси матбуотӣ ташкил карданду аз Фигу пурсиданд: «Наход меравӣ?». Вай дар ҷавоб гуфт: «Чӣ хел ман меравам? Баъди рафтан ман ба чашмони шумо чӣ хел менигарам?». Аммо баъди як рўз вай ба Мадрид меравад ва бо «Реал» шартнома мебандад. Маълум мешавад, ки вай кайҳо бо Перес гуфтушунид карда будааст. Медонистааст, ки меравад, аммо дар назди мухлисони «Барса» қасам хўрдааст. Дар бозиҳо, ки аз тарафи «Реал» ба майдон мебаромад, мухлисон ба сараш танга, гўгирд, шиша, телефонҳои мобилӣ мепартофтанд. Дар як бозӣ ба ҷонибаш сари хукро партофтанд, ин маънои онро дошт, ки рафтори Фигу хукона аст. Ҷимми Ҷампи машҳур дар як бозӣ ба майдон баромада, ба рўи Фигу парчами Каталонияро мепартояд.
Роналду, Мессӣ ва $1млрд.
Баъди чанде вазъ тағйир хўрд. Акнун президентони клубҳо дар як қатор нишаста бозиро тамошо мекунанд, аммо мухлисони дастаҳо ҳеҷ гоҳ дар ягон ҳолат дастаи дигарро пуштибонӣ намекунанд. Агар «Реал» дар Ҷоми қаҳрамонҳо бо дастаи дигаре бозӣ кунад, ягон каталонӣ ин дастаро мухлисӣ намекунад ва ҳамин тавр баракс.
Ҳоло ҳайати ин дастаҳоро ситораҳои олами футбол ташкил мекунанд, ки агар арзиши бозигарони дар майдонбударо ҳисоб кунем, ба 1 миллиард доллар мерасад. Дар «Реал» футболбози машҳур португалӣ Криштиану Роналду ва дар «Барселона» бозигари беҳтарини сайёра аргентинагӣ Лионел Мессӣ, ки ҳарду барандаи «Тўби тиллоӣ» ҳастанд, бозӣ мекунанд. Дар чемпионати имсола Роналду дар 29 бозӣ 29 гол задааст, Мессӣ дар ҳамин қадар вохўрӣ 30 тўб ба ҳадаф расонидааст. Онҳо барои нишонзани беҳтарин будан мубориза мебаранд.
Дар ин мавсим дар вохўрии аввал «Барселона» бо ҳисоби 5:0 «Реал»-ро мағлуб намуд, дар бозии ҷавобӣ «Реал» дар майдони худ бозиро мусовӣ 1:1 кард. Голҳоро аз пеналтӣ маҳз Мессӣ ва Роналду заданд. Дарвоқеъ, ҳисоби 5:0 барои каталониҳо мўд шудааст ва мағлуб намудани «Реал» бо чунин натиҷа маънои шарманда кардани мадридиҳо аст. Дар бисёр ҳолатҳо дар посухи ин натиҷа дар бозии ҷавобӣ клуби шоҳигарӣ ғалаба мекунад, аммо дар ин мавсим ин ба онҳо даст надод.
4 «Еl clasico»
Дар ин чанд рўз мо шоҳиди 4 «Еl clasico» хоҳем шуд, ки аллакай якеаш бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт. Дар ҳамин лаҳзаҳое, ки ман ин сатрҳоро менавиштам «Реал» бо «Барселона» дар финали Ҷоми Испания мубориза мебурданд. Натиҷа ин шуд, ки бо голи Ронулду «Реал» соҳиби ин ҷоиза шуд! 27.04.2011 ҷаҳон шоҳиди муқобилияти навбатии «Реал» ва «Баселона» хоҳад шуд, зеро ин ду даста дар нимфинали Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо бо ҳам мубориза хоҳанд бурд. Аллакай маълум аст, ки яке аз ин дастаҳо дар ин мавсим соҳиби ин мукофот намешавад, аммо шудани дигаре ҳам дар зери суол аст, зеро дар нимфинали дигар «Манчестер Юнайтед» (Англия) ва «Шалке-04» бозӣ хоҳанд карду кӣ медонад, ки финал насиби кадоме мешавад. Ба ҳар ҳол интизори боз ду «EL clasico» хоҳем буд, то аз натиҷаҳояш ба шумо хабар диҳем.
Шўҳрат Давлатшоев,
Бознашр аз «Тоҷикистон»