Интихобот ҳам гузашт. Демократӣ буд, якдилона буд, ё не, баргузор шуд. Ба ҳар ҳол агар ба Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсиву омораш, ҳисоботи назоратчиёни байналхалқӣ, изҳороту эътирозу норозигии мағлубшудагон, суру шодии интихобшудагон назар кунем, дарк мекунем, ки интихобот дар Тоҷикистон баргузор шудааст. Агар намешуд, пас ҳамаи ин аз куҷо мешуд? Пайдост, ки ҳар маъракаи сиёсӣ тарафдорону зид, қаноатмандону ноқонеъҳо дорад, вагарна намешавад, ки онро умимихалқиву демократӣ ном бурд. Алалхусус, дар кишваре, ки 8 ҳизби гуногунмаъво дорад, албатта норозиҳо бояд бисёр бошанд. Аммо ҳайрат ин ҷост, ки аз натиҷаҳои интихобот шубҳа кардан, нишонаи набудани демократия аст? Ё демократия ҳаст, ки барои шубҳа кардан шароит мусоид шудааст? Ба назар чунин мерасад, ки Демократияи мо ҳамон «демо» аст, ба мисли барномаҳои «демоверсия». Барномаҳои компютерӣ, ки барои санҷиш ба муддате дода мешавад, агар роҳашро ёфтем, мӯҳлаташро тамдид мекунем ва ҷонамон роҳат мекунад… Қисмати зиёд – 71,69 фоизи овозҳоро соҳиб шудани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бе асос нест, зеро шумораи аъзояш нисбати дигар ҳизбҳо зиёд аст ва аксари раисону аъзоёни комиссияҳои ҳавзавӣ шодихӯрдаи ин ҳизбанд, болои ин тарғиб дар ин ҳизб хуб ба роҳ монда шудааст, чун имконияту шароит барои ин мусоид аст. Хонандае изҳор мекунад, ки ҳеҷ боварам намеояд, ки дар Тоҷикистон ҳамин фоиз коммунистҳо бошанду ба ҳизби тарафдорони ислом, ки сартосари ҷумҳурӣ мусулмонанд, ин миқдор овоз расида бошад. Хонандаи дигаре занг зада мегӯяд, ки чун дар пешорӯи сохтмони Роғун қарор дорем, аз интихобот мунозираи сиёсӣ ташкил набояд кунем, то барои бегонагон ангуштнамо нашавем. Бигузор, роҳбарони ҳизбҳо ҷамъ меомаданду муросо мекарданд ва овозҳоро баробари шумораи аъзоёнашон тақсим мекарданд. Хандаовар, аммо агар чуқур мулоҳиза кунем, варианти ганда нест… Рост, ки ин хонандаҳо аз хориҷи кишваранд ва намедонанд, ки вазъ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст, намедонанд, ки мо ба ҳамаи намуди раъйдиҳиву интихобу овоздиҳӣ омодаем, балки моро омода кардаанд. Аммо аз ҷониби дигар Тоҷикистон аллакай як маротиба парламенти демократӣ дошт ва интихобкунанда то ҳол микрофонбозии онҳоро дар сессияҳо фаромӯш накардааст ва намехоҳад, ки толори парламент барои чунин сиёсатбозиҳо, ки оқибаташ ба ҳама маълум аст, хизмат кунад. Зеро ин толор бо меҳнати интихобкунанда сохта шудааст, рӯшноиву гармиву нармӣ ва зиёда аз ин роҳати намояндагон аз ҳисоби интихобкунанда аст. Чун барояш самимона хизмат намекунанд, пас курсии худро ақалан бояд эҳтиром кунанд. Мо ба кӣ овоз додем, ё овози мо ба кӣ дода шуд, муҳим нест, муҳим ин аст, ки аз сари мо — интихобкунандаи бе ин ҳам серкору сертарадуд як кору тарадуде соқит шуд. Пас, метавонем то чанд соли дигар аз ИНтиХОБот нафаси озод кашем.