— Салом, салом, шумо чӣ хел? — гуфтанат,
Ва дасти ман ба дасти худ фишурданат.
— Куҷо будед, чӣ кардаед, ки камнамо?
Ба пурсише канори ман нишастанат.
Зи китфи ман такида гарду чангро
Сари азизи худ ба рӯи он ниҳоданат.
Сипас, ба ғусса гуфтанат, ки вой-вой
Ду ҳафта шуд зи мижа таҳ накарданат.
Барои ишқи як ҷавони хуб, мурданат
Тамоми рӯз, тамоми шаб нахуфтанат.
Ва зоҳиран ба гӯшаи хаёли ту,
Намерасад маро ба қисса куштанат.
Сипас, ба ҷиддият ва ҳарф ба ҳарф,
Хабар диҳӣ ту ногаҳон зи рафтанат.
— Нарав! – Намеравӣ? – Намегузориям
Маро ту зинда бар умеди бозгаштанат.
Ба як саду чиҳил мерасад набзи ман,
Ба чашми ман ба вақти дида дӯхтанат.
Намеравад зи хотирам, намеравад
Ба рӯи ман дари нигоҳ бастанат…
Намеравад зи хотирам, намеравад
Ба рӯи ман дари нигоҳ бастанат…
То ту муроди ман диҳӣ кушта маро фироқи ту,
То ту ба доди ман расӣ ман ба Худо расидаам.