Мерасад дар назарам қофилаи роҳ ғамангез,
Мекашам оҳ, фақат оҳ, фақат оҳ… ғамангез.
Рӯйҳо дар ватани ман чӣ сафеду чӣ сиёҳанд,
Сурати марду зани зиндагиогоҳ ғамангез.
Ҳама ҷо бекасӣ, бебарқӣ, хамӯшӣ, сухане нест,
Ин сукут чун бағали сарди шабонгоҳ ғамангез.
Чӣ мусулмонӣ, ки дар кишвари ман вақти намоз,
Мебаранд бар лаби худ номи ту Аллоҳ ғамангез?
Эй Худо, сӯги маро нота навис бо қалами ман,
Зери лаб замзама созем ба ҳамроҳ ғамангез.
Пеши чашмам гузарон аст навори ҳама умрам,
Мерасад охири ин филм баногоҳ ғамангез…
© Душанбе, 13.04.2013
Офарин бародар Шухрат ахсант,зихи Модари точик!!!
Саломат бошед! Шодам, ки модари точик мисли шумо фарзандони шеърфахм дорад!